Нусуси имомат дар Наҳҷ-ул-балоға
Аҳмияти ташриӣ-ақидатии имомат, танҳо сабаб ва ангезаи баёни ин ҳама ривоёт дар суханон ва хутбаҳои Имом Алӣ алайҳис-салом нест, балки воқеияти таърихие, ки аз ду сў яъне мафҳуми ақидатӣ ва мисдоқи воқеии имомат ин мавзўъро дар бар гирифта ва нақши бисёре дар талош барои кашфи ин амр ва равган кардани аҳҳамият ва мушаххас кардани мисдоқҳои имомат дошта аст. Ба гунае ки тамомии абзору равишҳои устувор кардани матлаб ва диққати назар ва таъкид ва тамаркуз ба кор гирифта шуда ва бо шарҳу баёни муфассал аз оқибати ғафлат ва паймудани роҳи дигар, биму ҳушдори бисёр дода шуда аст.
Аввал он ки Амирал-мўъминин алайҳис-салом дар рўзгори хилофаташ дар муқобили гурўҳе аз уммат меистод (ва масъалаҳоро ба гунаи равшан баён мекард). Уммате, ки дар бисёре аз корҳои муҳим дучори саргардонӣ шуда ва мафоҳим барои онҳо пўшида ва махлут гашта буд. То он андоза, ки дучори ваҳшат ва саргардонӣ шуда буданд. Бо вуҷуди он ки замони чандоне аз ҳаёти Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нагузашта буд ва бисёре аз мардум он ҳазратро дида ва суханони зиёде аз он ҳазрат шунида буданд, ки ононро аз саргаштагӣ ва саргардонӣ мераҳонд.
Имом Алӣ алайҳис-салом дар баробари инон, ки зери парчами ў меҷангиданд, меистод ва ночор бар баёни матолиб буд, чун бисёре аз ниёзҳо ва шароити будани дар зери парчами Имом, ки шоиста буд бидонанд, аз фаҳмашон пўшида монда буд он чунон, ки гоҳе баъзеҳо дар ин амр дучори шакку тардид мешуданд.
Имом алайҳис-салом бо таассуф ба афсуси фаровон дар муқобили онҳо меистод ва барояшон хутба мехонд ва аз худ ва аҳли байташ сухан мегуфт, то он чиро, ки аз хотирашон фаромўш шуда буд ба ёдашон биоварад. Он ҷо ки мефармояд:
"Пас куҷо меравед ва кай боз мегардед?! Ва ҳол он ки аломатҳо бар по ва далелҳо ҳувайдо ва нишонаҳо по бпр ҷост. Гумроҳӣ то куҷост?! Саргаштагӣ то кай ва чаро?! Дар ҳоле, ки хонадони Паёмбаратон дар миёни шумо ҳастанд, ки раҳбарони ҳақққу яқин ва пешвоёни дин ҳастанд ва бо гуфтори рост (Қуръон) қаринанд. Пас ба монанди Қуръон, ҳурмати онҳоро ба хубӣ дар дил нигаҳ доред ва ба монанди шутурони ташна, ки барои хўрдани об меравад, рўй ба онҳо оваред!.
Инҳо вожаҳои шугуфт овар ва суханони расо ҳастанд, ки маъноҳои он беайбу нақс буда ва аз ғафлати тамоми мардум аз мабодии асил рисолати Ислом, парда бар медорад.