Шахсияти Имом Алӣ дар Наҳҷулбалоға

Барои шинохти Имом Алӣ алайҳис салом, илова бар мутолиаи таърих ва таҳлили он, ба суханони худи он ҳазрат дар бораи худ ва ё касоне, ки он ҳазратро дарк карда ва дар мактаби он ҳазрат парвариш ёфтаанд ва ҳатто ба суханони душманони он ҳазрат муроҷиат кунем.

Аз он ҷо ки Имом аз мақоми исмат бархўрдор аст шинохти оҳазраташ барои ғайри маъсум мушкил хоҳад буд, бинобар ин шояд беҳтарин роҳ муроҷиат ба суханони маъсумон ва худи он ҳазрат бошад.

Даврони хурдсолии Имом алайҳис салом

Замоне ки Имом алайҳис салом навзод буд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ гаҳвораи ўро дар канори ҷои хоби худ мегузошт ва ҳатто гоҳе бадани ўро мешуст ва гоҳе ҳам шир ба коми ў мерехт ва ўро ба оғуш мекашид. Фурўъи вилоят с 17.

Имом алайҳис салом худ дар ин маврид ингуна мефармояд:

وَ قَدْ عَلِمْتُمْ مَوْضِعى مِنْ رَسُولِ اللّهِ(ص) بِالْقَرابَةِ الْقَريبَةِ، وَالْمَنْزِلَةِ الْخَصيصَةِ وَضَعَنى فى حِجْرِهِ وَ اَنَا وَلَدٌ يَضُمُّنى اِلى صَدْرِهِ، وَ يَكْنُفُنى فى فِراشِهِ وَ يُمِسُّنى جَسَدَهُ وَ يُشمُّنى عَرْفَهُ وَ كانَ يَمْضُغُ الشَّيَ‏ء ثُمَّ يُلقِمُنِيه»

Шумо мавқеияти маро назди Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, дар хешовандии наздик, дар мақому манзалати махсус медонед. Паёмбар маро дар утоқи худ менишонд дар ҳоле, ки кўдак будам, маро дар оғўши худ мегирифт ва дар бистари махсуси худ мехобонд, баданашро ба бадани ман мечаспонд ва бӯи покизаи худро ба ман мебӯёнид ва гоҳе ғазоро луқма-луқма дар даҳонам мегузошт. Наҳҷулбалоға хутбаи 192.

Даврони навҷавонии Имом алайҳис салом

Дар соли хушксолии Макка Абўтолиб, ки бузурги қурайш буд ба хотири зиёдии оилаи худ бо мушкили иқтисодии сахте рў ба рў шуд. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз ин фурсат истифода карда барои кўмак ба Абўтолиб ба ҳамроҳи Аббос кафолати ду нафар аз фарзандонашро бар ўҳда гирифтанд. дар натиҷа Ҷаъфар ба кафолати Аббос ва Имом алайҳис салом, ки кўчактарин писари хонавода буд, ба кафолати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ даромаданд ва ба ин васила ҳазрати Алӣ ки ҳанўз солҳои кўдакии худро мегузаронид, комилан зери тарбияти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ қарор гирифт. Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид 13/198. Таърихи Табарӣ 2/313.

Имом Алӣ алайҳис салом дар ин маврид мефармояд:

لَقَدْ كُنْتُ اتَّبِعُهُ اتّباعَ الْفَصيلِ اَثَرَ اُمِّهِ، يَرْفَعُ لى فى كُلِّ يَوْمٍ مِنْ اَخْلاقِهِ عِلْما وَ يَأمُرنى بِالاِقْتِداءِ بِهِ.»

Ҳамоно ман ҳамеша бо Паёмбар будам ҳамчун фарзанде, ки ҳамеша бо модар аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ҳар рӯз намунаи тозае аз ахлоқи некўро бароям ошкор мекард ва ба ман фармон медод, ки ба ӯ иқтидо кунам. Наҳҷулбалоға хутбаи 187.

Имом Алӣ алайҳис салом ҳангоми беъсати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ

Ҳазрат дар он замон ҳудуди даҳ сол дошт, аммо шахсияти зотии он бузургвор ва таъсироти тарбиятии мактаби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Имом Алиро ба ҷое расонда буд, ки худи он ҳазрат мефармояд:

لَقَدْ كانَ صلي الله عليه وآله يُجاوِرُ فى كُلِّ سَنَةٍ بِحَراءَ فَاَراهُ، وَ لايَراهُ غَيْرى ...اَرى نُور الْوَحْيِ وَ الرِّسالَةِ وَ اَشُمُّ ريحَ النُّبُوَةِ.»

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, чанд моҳ аз солро дар ғори Ҳиро(1) мегузаронд, танҳо ман ӯро мушоҳида мекардам ва касе ҷуз ман, ӯро намедид. Дар он рӯзҳо, дар ҳеҷ хонае Ислом роҳ наёфт, ҷуз хонаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ки Хадиҷа ҳам дар он буд ва ман сеюмини онон будам. Ман нури ваҳй дар рисолатро медидам ва бӯи набувватро мебӯида. Наҳҷулбалоға хутбаи 187.

Имони Имом Алӣ алайҳис салом

Аввал касе, ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ имон овард, Имом Алӣ алайҳис салом буд, чунон ки худи он ҳазрат мефармояд:

«وَاللّهِ لاَنَا اَوَّلُ مَنْ صَدَّقَهُ.»

“Ба Худо савганд ман аввал касе ҳастам, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро тасдиқ кардам ва имон овардам”. Наҳҷулбалоға хутбаи 1 ва 3.

Боз ҳазрат фармуд:

اِنّى وُلِدْتُ عَلَى الْفِطْرَةِ وَ سَبَقْتُ اِلَى الاِيمانِ.»

Ман бар фитрати тавҳид таваллуд шудаам ва дар имон аз ҳама пешқадамтар будаам. Шарҳи Наҳҷулбалоға хутбаи 57.

Ибни Абўлҳадиди мўътазилӣ аз бузургони аҳли суннат, далелҳои зиёде бар ин ки аввал касе, ки ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ имон оварда, Имом Алӣ аст иқома мекунад ва ишколотеро, ки бар ин мавзўъ ворид кардаанд, посух додааст.

Имони Амиралмўъминин ҳамроҳ бо яқин аст

Ҳазрат мефармояд:

«انّى لَعَلى يَقينٍ مِن رَبّى و غَير شُبْهَةٍ مِن ديني.»

Ман ба Парвардигори худ яқин дорам ва дар дину оини худ шакку тардид надорам”. Шарҳи наҳҷулбалоға 4/116-125 13/224-240..

Имом алайҳис салом боз фармуд:

«ما شَكَكْتُ فى الحَقّ مُذ اريتُهُ.»

“Ман аз замоне, ки ҳақро ёфтаам дар он шак накардам”. Наҳҷулбалоға хутбаи 4.

Амиралмўъминин алайҳис салом меъёри ҳидоят ва роҳи наҷот аст

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар ин маврид фармудаанд:

 «عَلى مَعَ الْحَقِّ وَالحَقُّ مَعَ عَليٍّ.»

“Алӣ ҳамроҳи ҳақ аст ва ҳақ ҳамроҳи ўст”. Муснад"-и Баззор 3./52.р806. ”Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ 23/329-395р758-946. "Муснад"-и Абўяъло 2/318р1052. "Маҷмаъ-уз-завоид 7/335-236 9/134. "Мустадрак"-и Ҳоким 3/134р4629. "Таърих-ул-ислом"-и Заҳабӣ 3/634-642. Ҳайсамӣ бо се санад ин ҳадисро ривоят карда ва ҳар се санад саҳеҳ аст.

 Касе ки Қуръони нотиқ ҳаст, пас чароғи ҳидоят ва роҳи наҷот низ ҳаст.

Амиралмўъминин алайҳис салом дар ин маврид мефармояд:

«إنّما مَثَلى بَيْنَكُمْ كَمَثَلِ السِّراجِ فى الظُّلمَة، يَسْتَضِ‏يءُ بِها مَنْ وَلَجَها.»

Ман дар байни шумо монанди чароғе ҳастам дар торикӣ, ҳар кас ба тарафи он чароғ рўй оварад ва дар канораш биншинад, аз нураш баҳраманд мегардад”.Наҳҷулбалоға хутбаи 187.

Имом Алӣ алайҳис салом чароғи ҳидояте ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ касеро гумроҳ намекунад. Худи он ҳазрат дар ин маврид мефармояд:

لا ضَلَلْتُ وَ لا ضُلَّ بي.»

Ҳаргиз гумроҳ набудам ва ба василаи ман низ касе гумроҳ нашуд”. Наҳҷулбалоға хутбаи 185.

Имом алайҳис салом ҳамеша мутеъи Худои Мутаол аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд. худи он ҳазрат дар ин маврид мефармояд:

إنّى لَمْ اَرُدَّ عَلَى اللّهِ وَ لا عَلى رَسُولِه ساعَة قَطُّ وَ لَقَدْ وآسيتُهُ بَنَفْسي...»

Ман ҳатто як лаҳза ба мухолифат бо дастуроти Худо ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ напардохтаам. Наҳҷулбалоға хутбаи 197.

Оре, он ҳазрат худро дар баробари Расули гиромии Ислом фармонбардори маҳз медонист чунон, ки шахсе ба муносибате ба он ҳазрат гуфт:

«يا اَميرَالمؤمنينَ فَنَبِيُّ اَنْتَ؟ قالَ: وَيلَكَ، اِنَّما اَنَا عبدٌ مِنْ عَبيد مُحمَّدٍ صلي الله عليه وآله.»

Эй Амиралмўъминин, пас ту паёмбар ҳастӣ? Фармуд: вой бар ту! Ман ғуломе аз ғуломони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳастам”. Мизонул ҳикма 1/268.

Ҷойгоҳи илмии Амиралмўъминин алайҳис салом

Ҳазрат аз маҳзари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ камоли истифодаро бурдааст. Эшон ки аз хурдсолӣ то охирин лаҳзаҳои умри Расули Худо мулозими он ҳазрат буд, бештарин баҳраи илмиро аз мактаби олии набувват бурд. Имом алайҳис салом мефармоянд:

«لَيْسَ كُلُّ اَصْحابِ رَسُولِ اللّه صلي الله عليه وآله مَنْ كانَ يَسْألُهُ وَ يَسْتَفْهِمُهُ حَتّى اِنْ كانُوا لَيُحِبُّونَ اَنْ يَجِ‏يءَ الاَعْرابيُّ الطّاريُّ فَيَسْأَلَهُ عليه السلام حَتّى يَسْمَعُوا وَ كانَ لا عُربى مِنْ ذلِكَ شَي‏يءٌ وَ اِلاّ سَألْتُهُ عَنْهُ وَ حَفِظْتُهُ.»

Ҳамаи ёрони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, чунин набуданд, ки аз ӯ чизе бипурсанд ва маънои воқеии суханашро дархост кунанд. То ҷое, ки гурӯҳе дӯст доштанд, ки араби биёбонӣ ё саволкунандае биёяд ва аз он ҳазрат чизе бипурсад ва онҳо ҷавоби ӯро бишнаванд. Аммо ман ҳар чӣ ба хотирам меомад, мепурсидам ва ҳифз мекардам. Пас, ин аст сабаби ихтилофи ривоёте, ки дар миёни мардум вуҷуд дорад. Наҳҷулбалоға хутбаи 210

Ибни Абўлҳадид дар шарҳи ин фароз аз баёноти Имом алайҳис салом менависад:

“Бидон ки Амиралмўъминин нисбат ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, вижагиҳое дошт, ки дигар саҳоба онро надоштанд: Ў бо Паёмбар унсу хилвате дошт, ки ҳеҷ касе намедонист, ки дар он ҳангом байни он ду чӣ мегузашт. Аз маъноҳои Қуръон ва сухани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ зиёд аз ҳазраташ савол мекард ва агар ў савол намекард, Паёмбар худ ўро таълим менамуд ва огоҳ месохт дар ҳоле, ки ҳеҷ як аз саҳобагон чунин набуданд. Саҳобагон чанд гурўҳ буданд:

1-Марди мунофиқе, ки тазоҳур ба имон карда, зоҳирсозӣ мекунад ва фоҷир аст ва ҳеҷ парфое ҳам аз ҳадиссозӣ надорад. Агар мардум бидонанд, ки ў мунофиқ ва каззоб аст, сухани ўро қабул намекунанд ва ўро тасдиқ низ нахоҳанд кард. Вале мардум мегўяд: Ҳамоно ў бо Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳам сўҳбат шуда ва он ҳазратро дида ва аз он ҳазрат шунида, бинобар ин сухани ўро мепазиранд дар ҳоле, ки бо ҳақиқати ў ошно нестанд. Ҳамоно Худованд аз мунофиқон хабар дод ва онҳоро васф намуда фармуд: “Ҳар гоҳ онҳоро бубинӣ, ҷисму зоҳири онҳо туро ба ҳайрат водор мекунад ва агар сухан бигўянд (он қадар хушгуфторанд, ки) ба суханонашон гўш фаро медиҳӣ”.(2) Сипас ин мунофиқин баъд аз ҳаёти он ҳазрат боқӣ монданд ва ба сўи раҳбарони гумроҳ ва даъваткунандагони ба сўи оташ, бо зулм ва дурўғу бўҳтон наздикӣ ҷустанд ва дар корҳояшон онҳоро пуштубонӣ карданд ва онҳоро ба болои сари мардум шинонданд ва ба василаи онҳо дунёи худро обод карданд. Ҳатман мардум ҳамроҳи подшоҳон ва дунё ҳастанд, магар он касе, ки Худованд ўро нигаҳ дорад ва ин яке аз он чаҳор даста аст.

2-Марде, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ чизеро шунида, вале наметавонад дар ҷойгоҳи худаш ба кор бубарад ва хаёл мекунад, ки чизи шунидааш ҳамин аст, вале амдан дурўғ намегўяд. Он ҳадис дар дасташ аст ва ба мардум гуфта мешавад ва ҳам ба он амал мешавад ва ў мегўяд: Ман ин ҳадисро аз Паёмбар шунидам ва агар мардум бидонанд, ки ў аз рўи хаёл ва гумон ба хато он ҳадисро ба он ҳазрат нисбат медиҳад, суханашро қабул нахоҳанд кард ва агар худи ў низ мутаваҷҷеҳ шавад, ки хаёл ва гумон буда ва иштибоҳ карда, онро тарк мекунад.

3-Дастаи севвум аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ чизеро шунида, ки он ҳазрат ба он амр кардаанд ва сипас манъ кардаанд, вале ў аз манъ хабардор нашуда ва ё бар акс шунида, ки он ҳазрат аз чизе манъ кардаанд ва сипас амр кардаанд, вале ў аз амр хабардор нашуда яъне мансухро фаҳмида вале носихашро намедонад, агар бидонад, ки он насх шуда, онро тарк мекунад ва агар мусулмонон низ бидонанд, ки он мансух шуда, аз он ҷудо мешаванд.

4-Дастаи чаҳорум ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нисбати дурўғ намедиҳанд ва ба хотири тарси аз Худо ва таъзими Паёмбар дурўғ гуфтанро душман доранд. Чизеро, ки шунидаанд фаромўш накарда, балки онро ҳифзу нигаҳдорӣ карда ва онро ҳамон гунае, ки шунида ба мардум бозгў мекунад, на дар он изофа мекунад ва на кам. Носиху мансухро медонад ва ба носих амал мекунад ва мансухро тарк мекунад. Ҳатман аҳодису дастуроти ПАёмбар саллаллоҳу алайҳи вао лиҳ низ ба монанди Қуръон носиху мансух ва хоссу ом ва маҳкаму муташобеҳ дорад. Гоҳе шуда, ки Паёмбар суханеро мефармуд, ки ду эҳтимол дошт, ом ва хос ба монанди Қуръон ва Худованди Мутаол дар Қуръон фармуд: “Ҳар чӣ Паёмбар ба шумо дод, бигиред ва аз он чӣ манъ кард, ҳазар кунед” пас барои он касе, ки манзури Худо ва Паёмбарро намефаҳмид ва дарк намекард, муштабаҳ мешуд. Ин гуна набуд, ки ҳар асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ чизеро, ки аз он ҳазрат суол мекард, мефаҳмид. Байни онҳо касоне буданд, ки аз он ҳазрат суол мекарданд, вале тавзеҳ ва баён намехостанд, то ин ҳад буданд, ки дўст доштанд як бодиянишине биёяд ва аз Паёмбар чизе бипурсад то онҳо бифаҳманд. Ҳамоно ман ҳар рўз як бор ва ҳар шаб як бор ба маҳзари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дохил мешудам ва дар он мавқеъ он ҳазрат худро барои ман холӣ мегузошт ва ҳар ҷо он ҳазрат мерафт ман низ мерафтам, ҳамоно асҳоби Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дониста буданд, ки он ҳазрат ин корро бо ҳеҷ касе ғайр аз ман анҷом намедод ва чӣ бисёр мешуд, ки он ҳазрат дар хонаи ман буданд ва аксари мулоқотҳои мо дар хонаи ман буд. ва ин гуна буд, ки ҳар гоҳ ба баъзе аз хонаҳои он ҳазрат дохил мешудам, хонаро барои ман холӣ ва ҳамсаронашро берун мекард ва ғайр аз ман касе назди он ҳазрат боқӣ намемонд. Ва ҳар вақт он ҳазрат барои хилват бо ман ба хонаи ман меомаданд ҳеҷ як аз Фотима ва Ҳасану Ҳусайн хонаро холӣ намекарданд. Ҳар вақт суоле мекардам ҷавобамро медод ва ҳар вақт сукут мекардам худи он ҳазрат шурўъ ба сўҳбат мекард ва ҳеҷ ояе аз Қуръон нозил нашуда, магар ин ки онро барои ман мехонд ва имло кард ва ман бо хатти худ онро навиштам. Ва бар ман тавъил ва тафсир ва носиху мансух, маҳкаму муташобеҳ ва хоссу омми Қуръонро ёд дод ва аз Худо хост, ки бар ман фаҳму ҳифз бидиҳад ва аз он вақте, ки барои ман дуо кард, ман ҳеҷ ояеро ва ҳеҷ амалеро, ки он ҳазрат бар ман имло карда буд ва ман навишта будам, фаромўш накардам ва ҳеҷ чизе, ки Худованд ба он ҳазрат аз ҳалолу ҳаром ва амру наҳйе, ки шуда ё хоҳад шуд ва на китоби нозил шуда пеш аз худ, ки тоат ва маъсият дар он гуфта шуда бошад, боқӣ нагузошт магар ин ки онро бар ман ёд дод ва ман ҳифзу нигаҳдорӣ кардам ва ҳатто як ҳарф аз онро низ фаромўш накардам, сипас дасти муборакашро ба синаи ман гузошт ва барои ман дуо кард, ки Худованд қалбамро пур аз илм ва фаҳм ва ҳикмат ва нур қарор диҳад, пас ман гуфтам: Эй Расули Худо падару модарам ба фидои шумо, аз он вақте, ки барои ман дуо кардӣ ҳеҷ чизеро фаромўш накардам ва ҳеҷ чизе ҳам боқӣ намонд, ки онро нанавишта бошам, оё боз ҳам бар ман аз фаромўшӣ метарсӣ? Ҳазрат фармуданд: Не, барои ту аз фаромўшӣ ва ҷаҳл наметарсам.(3)

Дуои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар ҳаққи Имом нисбат ба илму огоҳӣ

Имом алайҳис салом дар ин маврид мефармояд:

«... عِلمٌ عَلَّمَهُ اللّهُ نَبِيَّهُ فَعَلَّمَنيهِ، وَ دَعالى بِاَنْ يَعِيَهُ صَدرى وَ تَضْطَمَّ عَلَيْهِ جَوانِحى».

Ҷуз инҳо улуме аст, ки Худованд ба Паёмбараш таълим дода (илми ғайбӣ иктисобӣ) ва ў ба ман омўхтааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам барои ман дуо кард, ки Худо ин даста аз улуму ахборро дар синаам ҷой диҳад ва аъзо ва ҷавориҳи бадани ман аз он пур гардад. Наҳҷулбалоға хутбаи 128.

Густараи илми Амиралмўъминин

Аз он ҷое ки Имом алайҳис салом аз ду манбаи лоязоли Қуръон ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ баҳра гирифта ва машмули дуои хосси он ҳазрат низ қарор гирифта буд, аз густардагии илмии фавқулъодае бархурдор буд. чунон ки худи он ҳазрат мефармояд:

اَيُّهَا النّاسُ، سَلُونى قَبْلَ اَنْ تَفْقِدُونى، فَلانا بِطُرُقِ السَّماءِ اَعْلَمُ مِنّى بِطُرُقِ الاَرْضِ».

Эй мардум, пеш аз он ки маро наёбед ҳар чиро, ки мехоҳед аз ман бипурсед, ки ман роҳҳои осмонро беҳтар аз роҳҳои замин мешиносам. Бипурсед, қабл аз он ки фитнаҳо монанди шутури бесоҳиб ҳаракат кунанд ва маҳор ( афсор)-и худро поймол кунанд ва мардумро бикўбанд ва биозорад ва ақлҳоро саргардон кунанд. Наҳҷулбалоға хутбаи 289.

قال عليٌّ: سلوني والله لا تسْألوني عن شيءٍ يكون إلى يومِ القيامة إلاّ أخبرتُكم وسلوني عن كتاب الله فوالله ما من آيةٍ إلاّ و أنا اعلم أبليل نزلتْ أم بنهار في سهل أم في جبل.

Имом Алӣ фармуданд:  "Ҳар чӣ мехоҳед аз ман бипурсед. Ба Худо савганд аз ҳар чизе, ки то рўзи қиёмат мешавад аз ман бипурсед ман барои шумо хабари онро медиҳам, аз китоби Худо аз ман бипурсед. Ба Худо савганд ҳеҷ ояте нест магар ин ки ман медонам, ки дар шаб нозил шуда ё дар рўз, дар замини ҳамвор нозил шуда, ё дар кўҳ". "Мусаннаф”-и Ибни Абўшайба 7/528р37734. ”Тафсир"-и Абдураззоқ 3/241. Мустадраки Ҳоким 2/506р3736. Фатҳ-ул-борӣ 8/459-599 11/249-291. "Ансоб-ул-ашроф"-и Билозарӣ р.28. Табақоти Ибни Саъд 2/338.

قال سعيد إبن مسيّب: لم يكن أحدٌ من الصّحابة يقول: سلوني إلاّ علي إبن أبيطالب.

 Саид ибни Мусаййиб мегўяд: "Ҳеҷ як аз саҳоба набуд, ки "ҳар чӣ мехоҳед аз ман бипурсед" гуфта бошад ба ғайр аз Алӣ". Фазоилус саҳобаи Аҳмад 2/646р1098. Табақотул куброи Ибни Саъд 2/339. Таърихи Ибни Асокир 42/339, бо се санад. "Таърихул Ислом”-и Заҳабӣ 3/638.

Ибни Абўлҳадид низ мегўяд: Ҳамаи мардум иттифоқ доранд, ки ҳеҷ як аз саҳобаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳамчунин аз донишмандон иддиои “аз ман бипурсед қабл аз он ки маро аз даст диҳед” накарда ба ғайр аз Алӣ ибни Абўтолиб. Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид 7/46 13/106.

Имом алайҳис салом дар ҷои дигар мефармояд:

فَاسْأَلُوني قَبْلَ أَنْ تَفْقِدُونِي، فَوَ الَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لا تسْألونى عَنْ شي‏يء فيما بيْنَكُم و بيْنَ السّاعةِ، و لا عَنْ فئةٍ تهدى مئةً و تضِلُّ مئةً إلاّ انبأتُكُمْ بِناعِقها وَ قائِدها و سائِقِها و مُناخِ رِكابها و مَحَطِّ رِحالِها...»

Пас, аз ман бипурсед пеш аз он ки маро наёбед.(4) Савганд ба Худое, ки ҷонам дар дасти ўст, намепурсед аз чизе, ки миёни шумо то рўзи қиёмат мегузарад ва на аз гурўҳе, ки сад нафарро(5) ҳидоят ё гумроҳ месозад, ҷуз он ки шуморо огоҳ месозам ва посух медиҳам. Ва аз он касе, ки мардумро ба он мехонад ва касе, ки раҳбарияшон мекунад ва он касе, ки ононро меронад ва аз он ҷое ки фуруд меоянд ва он ҷое ки боргушоянд ва аз он касоне, ки аз онҳо кушта шавад ва он ки бимирад, хабар медиҳам. Наҳҷулбалоға хутбаи 93.

Амиралмўъминин алайҳис салом ҳамчунин мефармояд:

«ايّها النّاسُ انّى واللهِ ما احُثُّكُمْ على طاعة الاّ و اسبقكم اليها و لا اَنهاكُم عَن معصيةٍ الاّ واتناهى قَبْلَكُمْ عَنها.»

Эй мардум! Савганд ба Худо, ман шуморо ба ҳеҷ тоате водор намекунам, магар он, ки пеш аз он, худам ба он амал кардаам ва аз маъсияте шуморо боз намедорам ҷуз он, ки худ онро пеш аз он, тарк гуфтаам. Наҳҷулбалоға хутбаи 175.

Камбуди зарфиятҳо барои истифода аз илми густарда ва бениҳояти Имом, он ҳазрат ба хотири номусоид будани шароити он рўзгор фурсати таълими ин улумро ба ҷомеа наёфтанд. Чизҳое монеъи касби файз аз ҳузури Имом алайҳис салом шуда аз ҷумла:

1-Набуди афроди шоиста. Имом дар ин маврид ба Кумайл ибни Зиёд фармуд:

ها انّ هاهُنا لعلما جمّا (وَ اشارَ بيدهِ الى صَدره) لَوْ اصَبْتُ لَهُ حمَلَة! بَلى اصبتُ لقنا غَيْرَ مأمونٍ عليه.»

“Дар инҷо илми фаровоне ҳаст (бо дасташ ба синаи муборак ишора кард), агар афроди лоиқе меёфтам ба онҳо таълим медодам, оре танҳо касеро меёбам, ки зуд дарк мекунад вале қобил итминон нест”. Наҳҷулбалоға ҳикмати 147.

Боз Амиралмўъминин алайҳис салом мефармояд:

واللّه لو شئتُ ان أخبر كلّ رجُلٍ مِنكُم بمخرجه وَمَوْلجه وَ جَميعَ شأنِهِ لفعَلْتُ ولكِنْ اَخافُ اَن تَكفروا فيّ برسول اللّه صلي الله عليه وآله الا وانّى مُقْضيهِ إلى الخاصّةِ ممّنْ يؤمَنُ ذلِكَ مِنْهُ.»

Савганд ба Худо, агар бихоҳам метавонам ҳар кадоми шуморо аз оғоз ва поёни кораш ва аз тамоми ҳолатҳои зиндагӣ огоҳ созам, аммо аз он метарсам, ки бо ин гуна хабарҳо нисбат ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ кофир шавед. Огоҳ бошед, ки ман ин асрори гаронбаҳоро ба ёрони роздор ва ба афроди бовариноки худ месупорам. Наҳҷулбалоға хутбаи 175.

Имом алайҳис салом шарики ғам ва ҳароҳи сахтиҳои мардум

Имом дар номае, ки хитоб ба Усмон ибни Ҳунайф  фармондори Басра навиштаанд фармудаанд:

أَ اَقْنَعُ مِنْ نَفْسى بِاَنْ يُقالَ هذا اَميرُالْمؤمنينَ؟ وَ لا اُشارِكْهُمْ فى مَكارِهِ الدَّهْرِ اَوْ اَكُونَ اُسْوَةً لَهُمْ فى جُشُوبَةِ الْعَيْشِ.»

Оё ба ҳамин қаноат кунам, ки гуфта шавад: ман Амиралмўъмининам! Аммо бо онҳо дар сахтиҳояшон ширкат накунам? Ва пешво ва муқтадои онҳо дар талхиҳои зиндагиашон набошам?25

Амиралмўъминин алайҳис салом ва соддазистӣ

Усмон ибни Ҳунайф дар Басра ба меҳмонии яке аз сармоядорони он шаҳр рафта ва бар сари дастархони ў нишаста буд. Имом баъд аз шунидани ин хабар дар номае зимни сарзаниши ў равиши худро низ баён кард ва фармуд:

«اَلا وَانَّ اِمامَكُمْ قَدِ اكتَفى مِنْ دُنياهُ بِطِمْريْهِ وَمِنْ طُعْمِهِ بِقُرْصَيْهِ... فَوَ اللّه ما كَنَزْتُ مِنْ دُنياكم تِبْرا ولا ادَّخَرْتُ مِنْ غَنائمِها وَفْرا وَ لا اعْدَدْتُ لِبالِى ثَوبى طِمْرا ولا حُزْتُ مِنْ ارضِها شِبرا، ولا اخذْتُ مِنهُ إلاّ كَقُوتِ آتانٍ دَبَرةٍ.» 

Огоҳ бош! Ҳар пайраверо имомест, ки аз ӯ пайравӣ мекунад ва аз нури донишаш равшанӣ мегирад. Огоҳ бош! Имоми шумо аз дунёи худ ба ду ҷомаи фарсуда ва ду қурс нон, ризоят додааст. Бидонед, ки шумо тавоноии чунин кореро надоред, аммо бо парҳезкорӣ ва талоши фаровон ва покдоманию ростӣ маро ёрӣ диҳед. Пас савганд ба Худо! Ман аз дунёи шумо тиллою нуқрае ҷамъ накарда ва аз ғаниматҳои он, чизе захира накардаам. Бар ду либоси кӯҳнаам либоси дигаре наафзудам ва аз замини дунё, ҳатто як ваҷаб дар ихтиёр нагирифтам ва дунёи шумо дар чашми ман аз донаи талхи дарахти балут ночизтар аст! Оре аз он чӣ осмон бар он соя афканда, Фадак(6) дар дасти мо буд, ки мардуме бар он бахилӣ варзида ва мардуми дигар, саховатмандона аз он чашм пӯшиданд ва беҳтарин довар Худост. Маро бо Фадак ва ғайри Фадак чӣ кор? Дар ҳоле, ки ҷойгоҳи фардои одамӣ гўр аст, ки дар торикии он осори инсон нобуд ва ахбораш пинҳон мешавад. Чоҳе, ки ҳар чӣ бар васегии он биафзоянд ва дастҳои гўркан васеяш кунад, сангу кулўх онро пур карда ва хоки зиёд, рахнаҳояшро мебандад. Ман нафси худамро бо парҳезкорӣ мепарваронам, то дар рӯзи қиёмат, ки ваҳшатноктарини рӯзҳост, дар амон ва дар лағзишгоҳҳои он собитқадам бошам. Наҳҷулбалоға номаи 45.

Сиёсати Амиралмўъминин алайҳис салом

Имом алайҳис салом дар ҳеҷ шароите ҳозир ба гузашт аз мабонии Қуръони Карим ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нашуданд. Ҳатто замоне ки ба хилофат расиданд бо вуҷуди ин ки баъзе аз дўстони ҳазрат тавсияҳои ба зоҳир нияти хуб -ва дар назар гирифтани маслиҳатҳои Имом ва ҳукумат ҳамро буд- ба он ҳазрат мекарданд, аммо он бузургвор аз ҳар гуна маслиҳатандешӣ ва зоҳирнигарӣ, парҳез мекарданд ва дар ҷавоби ин гуна пешниҳодҳо мефармуданд:

أتأمرونى ان اطلب النصر بالجور فيمن ولّيتُ عليه، واللّه لا اطور به ما سَمَر سميرُ. و ما امّ نجْمٌ فى السّماء نجما.»

Оё ба ман дастур медиҳед барои пирўзии худ аз ҷавру ситам дар бораи уммати исломӣ, ки  бар онҳо вилоят дорам, истифода кунам? Ба Худо савганд, то умр дорам ва шабу рўз барқарор аст ва ситорагон аз паи ҳам тулўъ ва ғуруб мекунанд, ҳаргиз чунин коре нахоҳам кард! Наҳҷулбалоға номаи 45.

Ибни Абўлҳадид мегўяд: сиёсати Имом дар ҳақиқат ҳамон сиёсати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будааст. Сипас чанд далел ва  намунаҳоеро зикр мекунад ва дар идома низ байни сиёсати Имом ва сиёсати халифаи дуввум муқоиса мекунад ва сиёсати Имомро аз ҳар ҷиҳат муқаддам бар сиёсати Умар медонад. Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид 10/212-222.

Худи Имом алайҳис салом низ дар бораи сиёсати Муовия мефармояд:

واللّه ما مُعاوية بادهى منّى، ولكنّه يغدرُ و يفجر و لولا كراهيّة الغدر لكنتُ مِن ادهَى النّاس ولكنْ كُلُّ غُدْرَةٍ فُجَرَةٍ و كُلُّ فُجَرَةٍ كُفَرَةٌ...»

Савганд ба Худо, Муовия аз ман сиёсатмадортар нест, аммо Муовия ҳилагар ва ҷинояткор аст. Агар найранг нописанд набуд, ман зирактарин шахс будам, вале ҳар найранге гуноҳ ва ҳар гуноҳе навъе куфру инкор аст; рӯзи қиёмат дар дасти ҳар ҳилагаре парчаме аст, ки бо он шинохта мешавад. Ба Худо савганд, ман бо фиребкорӣ ғофилгир намешавам ва бо сахтгирӣ нотавон нахоҳам шуд. Наҳҷулбалоға хутбаи 200.

Ибни Абўлҳадид мегўяд:

Имом алайҳис салом дар ҷангҳо аз чизҳое, ки бо Қуръон ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мувофиқ набуд, истифода намекард, вале Муовия илова бар ин ки аз корҳои мухолифи Қуръон ва суннат баҳра мегирифт, тамому макру ҳилаҳоро чи ҳалол бошад ва чи ҳаром ба кор мегирифт. Шарҳи Наҳҷулбалоғаи Ибни Абилҳадид 10/228-232.

Шуҷоати Имом алайҳис салом

Имом алайҳис салом дар тамоми умри шарифи худ аз шуҷоати фавқулодае бархурдор буданд. Он ҳазрат дар бораи ҷавонмардии худ мефармоянд:

اَنا وَضعتُ فى الصّغر بكلاكل العَرب و كسرتُ نواجم قرونِ ربيعةَ و مُضَرَ.»

“Ман дар даврони навҷавонӣ, бузургону навҷавонони арабро ба хок афкандам ва шохаҳои баланди дарахти қабилаи Рабиа ва Музирро дарҳам шикастам. Наҳҷулбалоға хутбаи 192.

Имом алайҳис салом дар ҷои дигар мефармояд: Он вижагие ки дар ҷавонӣ доштам, дар синни пирӣ ба ҳамон сурат боқӣ аст.

Ҳазрат мефармояд:  “ба Худо савганд ман дар паи ин лашкар будам ва онҳоро ба пешравӣ вомедоштам то ин ки ботил ба куллӣ ақабнишинӣ кард ва ҳақ ошкор гашт. Дар ин роҳ ҳаргиз нотавон нашудам ва тарс ҳам маро иҳота накард, ҳам акнун низ аз паи ҳамон роҳ меравам ва пардаи ботилро мешикофам то ҳақ аз даруни онҳо бирун ояд.”. Наҳҷулбалоға хутбаи 34.

Имом алайҳис салом дар номае ба Абўсуфён менависанд:

أنا ابوحسنٍ قاتلُ جدّك و اخيكَ و خالكَ شدخا يومَ بدْرٍ و ذلك السّيفُ معى و بذلك القلب القى عدوّي.»

Ман Абулҳасан, кушандаи падарбузург, тағо ва бародари ту дар рӯзи набарди Бадр мебошам, ки сари ононро шикофтам. Имрӯз ҳамон шамшер бо ман аст ва бо ҳамон қалб, бо душманонам мулоқот мекунам. Наҳҷулбалоға номаи шумораи 10.


[1]-Ҳиро: Кӯҳе аст дар шимоли Макка бо фосилаи 6 километр. Бар доманаи ҷануби ин кӯҳ ва дар баландии 160 метр, ғоре вуҷуд дорад, ки паёмбарони гузашта ва ҳазрати Иброҳим алайҳис-салом дар он ибодат мекарданд ва хилватгоҳ ва маҳалли ибодати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ низ буд, ки оёти нахустини Қуръон, дар  он ҷо ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, нозил шуд.

[2]-Сураи Мунофиқин ояи 3.

[3]-Китоби Сулайм ибни Қайс с 181. Усули Кофӣ 1/62. Ал-Хисоли Садуқ с 255. Ал-Эътиқодоти Муфид с 118. Тафсири Айёшӣ 1/14. Туҳафул уқул с 193 ва дигарон.

[4]-Ҳамаи муаррихон ва соҳиб назарон эътироф карданд, ки дар тўли таърихи Ислом касе ҷуз Имом Алӣ алайҳис-салом ба ҳар пурсише посўх надод ва ҳар кас иддао кард ва гуфт аз ман бипурсед, то посух диҳам расво шуд ва натавонист ба ҳар саволе ҷавоби лозим гўяд.

[5]-Ибни Абилҳадид мегўяд: чун камтар аз адади "сад" чизе ба ҳисоб намеомад Имом ин ададро матараҳ фармуд.

[6]-Пас аз фатҳи Хайбар, яҳудиёни он сарзамин бо Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сулҳ каданд ва боғоти "Фадак"-ро ба он ҳазрат бахшиданд ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) онро ба Фотима (алайҳас-салом) ҳадя кард ва санаде барои он танзим кард ва 5 сол дар ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар дасти Фотима (алайҳо-салом) қарор дошт. Аммо дар ҳукумати Абўбакр, онро ғазаб карданд. (Ба китоби фарҳанги суханони Фотима (алайҳо-салом) ҳарфи "Ф" муроҷиа кунед).