3953 Мунофиқон дар Наҳҷулбалоға

Мухолифати аслии мунофиқон, бо ҳокими исломӣ хоҳад буд ва аввалин ҳаракати нифоқ баъд аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ било фосила пас аз реҳлати он ҳазрат ва дар Сақифа шакл гирифт. Сухани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро ба фаромўшӣ супурданд ва 25 сол ҳазрати Алӣ алайҳис саломро хонанишин карданд. Ва баъд аз 25 сол боз ба суроғи ҳазрат омаданд ва бо исрор бо он ҳазрат байъат карданд, вале каме нагузашт, ки сар ба носозгорӣ гузоштанд ва адолати Алӣ алайҳис салом бар онҳо сахт омад ва ба баҳонаҳои воҳӣ ва барои расидани баъзеҳо ба хилофат, дар муддати панҷ сол се ҷангро бар он ҳазрат таҳмил карданд ва аҷиб он ки дар ҳар се ҷанг, мусулмонон бо ҳамдигар рў дар рў шуданд. Бо нигоҳе ба китоби гаронқадри Наҳҷулбалоға, шароити нифоқ ва хуни дил хўрдани мавлои муттақиён Алӣ ибни Абўтолиб алайҳис салом аз мунофиқини бад андеш ва содадилони каҷандеш, равшантар мешавад.

Ҳазрати Алӣ алайҳис салом дар хутбаи маъруфи Шақшақия, ки дар нахустин рўзҳои хилофати ирод фармуданд, мефармоянд:

 أَمَا وَالله لَقَدْ تَقَمَّصَها فُلانٌ (ابن أبي قحافة)، وَإِنَّهُ لَيَعْلَمُ أَنَّ مَحَلِّيَ مِنهَا مَحَلُّ القُطْبِ مِنَ الرَّحَا، يَنْحَدِرُ عَنِّي السَّيْلُ، وَلا يَرْقَى إِلَيَّ الطَّيْرُ، شَتَّانَ مَا يَوْمِي عَلَى كُورِهَا  وَيَوْمُ حَيَّانَ أَخِي جَابِرِ

فَيَا عَجَباً!! بَيْنَا هُوَ يَسْتَقِيلُها  في حَيَاتِهِ إِذْ عَقَدَهَا لاخَرَ بَعْدَ وَفَاتِهِ لَشَدَّ مَا تَشَطَّرَا ضَرْعَيْهَا!

فَصَيَّرَهَا في حَوْزَة خَشْنَاءَ، يَغْلُظُ كَلْمُهَا (كلامها)، وَيَخْشُنُ مَسُّهَا، وَيَكْثُرُ العِثَارُ فِيهَا وَالاْعْتَذَارُ مِنْهَا، فَصَاحِبُهَا كَرَاكِبِ الصَّعْبَةِ، إِنْ أَشْنَقَ  لَهَا خَرَمَ، وَإِنْ أَسْلَسَ  لَهَا تَقَحَّمَ ، فَمُنِيَ النَّاسُ لَعَمْرُ اللهِ بِخَبْط  وَشِمَاس، وَتَلَوُّن وَاعْتِرَاض. فَصَبَرْتُ عَلَى طُولِ الْمُدَّةِ، وَشِدَّةِ الِْمحْنَةِ، حَتَّى إِذا مَضَى لِسَبِيلِهِ. جَعَلَهَا في جَمَاعَة زَعَمَ أَنَّي أَحَدُهُمْ. فَيَاللهِ وَلِلشُّورَى! مَتَى اعْتَرَضَ الرَّيْبُ فِيَّ مَعَ الاَْوَّلِ مِنْهُمْ، حَتَّى صِرْتُ أُقْرَنُ إِلَى هذِهِ النَّظَائِرِ! لكِنِّي أَسفَفْتُ  إِذْ أَسَفُّوا، وَطِرْتُ إِذْ طَارُوا، فَصَغَا رَجُلُ مِنْهُمْ لِضِغْنِه، وَمَالَ الاْخَرُ لِصِهْرهِ، مَعَ هَن وَهَن.

إِلَى أَنْ قَامَ ثَالِثُ القَوْمِ، نَافِجَاً حِضْنَيْهِ  بَيْنَ نَثِيلهِ وَمُعْتَلَفِهِ ، وَقَامَ مَعَهُ بَنُو أَبِيهِ يَخْضَمُونَ مَالَ اللهِ خَضْمَ الاِْبِل نِبْتَةَ  الرَّبِيعِ، إِلَى أَنِ انْتَكَثَ عَلَيْهِ فَتْلُهُ، وَأَجْهَزَ عَلَيْهِ عَمَلُهُ، وَكَبَتْ  بِهِ بِطْنَتُهُ!

Огоҳ бошед! Ба Худо савганд фалонӣ (Абўбакр) ҷомаи хилофатро бар тан кард, дар ҳоле, ки медонист ҷойгоҳи ман нисбат ба ҳукумати исломӣ ба монанди меҳвари осиёб аст ба осиёб, ки дар даври он ҳаракат мекунад. Ў медонист, ки сели илмҳо аз домани кўҳсори ман ҷорӣ аст ва мурғҳои дур парвози андешаҳо ба баландои арзиши ман натавонанд парвоз кард. Пас ман ҷомаи хилофатро раҳо карда ва доман ҷамъ намуда аз он канорагирӣ кардам ва дар ин андеша будам, ки оё бо дасти танҳо барои гирифтани ҳаққӣ худ ба по хезам? Ё дар ин муҳити хафақонзо ва торикие, ки ба вуҷуд оварданд, сабр пеша созам? Ки ин муҳит пиронро фарсуда, ҷавононро пир ва мардони бо имонро то қиёмату мулоқоти Парвардигор андўҳгин нигаҳ медорад!. Пас аз арзёбии дуруст, сабру бурдбориро оқилонатар дидам. Пас, сабр кардам дар ҳоле, ки гўё хор дар чашму устухон дар гулўи ман монда буд. Ва бо дидагони худ менигаристам, ки мероси маро ба ғорат мебаранд!.

2-Бозии Абўбакр бо хилофат

То ин ки халифаи аввал, ба роҳи худ рафт ва хилофатро ба писари Хаттоб супурд. Сипас имом масалеро бо шеъре аз Аъшо унвон кард: Маро бо бародари Ҷобир, “Ҳаён” чӣ шабоҳате аст? (Ман ҳамаи рўзро дар гармои сўзон кор кардам ва ў роҳат ва осуда дар хона буд.!) Шигифто! Абўбакр, ки дар ҳаёти худ аз мардум мехост узрашро бипазиранд, чӣ гуна дар ҳангоми марг, хилофатро ба ақди дигарӣ даровард? Ҳар ду аз шутури хилофат сахт ҷўшиданд ва аз ҳосили он баҳраманд гардиданд.

3-Шиква аз Умар ва моҷарои хилофат: Саранҷом аввалӣ ҳукуматро ба роҳе дароварад ва ба дасти касе (Умар) супурд, ки маҷмўае аз хушунат, сахтгирӣ, иштибоҳ ва бахшишталабӣ буд. Ў (Умар) зимомдоре буд монанди касе, ки бар шутури саркаш савор аст, агар лиҷомро маҳкам кашад, пардаҳои бинии ҳайвон пора мешавад ва агар озодаш гузорад, дар партгоҳ суқут мекунад. Савганд ба Худо! Мардум дар ҳукумати дуввумӣ ба нороҳатӣ ва ранҷи муҳимме гирифтор шуда буданд ва дучори дурўиҳо ва эътирозҳо шуданд ва ман дар ин муддати тўлонии меҳнатзо ва азобовар чорае ҷуз шакебоӣ надоштам, то он ки рўзгори Умар ҳам сипарӣ шуд.

4-Шиква аз шўрои Умар:

Сипас Умар хилофатро дар гурўҳе қарор дод, ки пиндошт ман монанди онон мебошам! Паноҳ бар Худо аз ин шўро! Кай дар баробари шахси  аввалашон (Абўбакр) дар хилофат мавриди тардид будам, то имрўз бо аъзои шўро баробар шавам? Ки ҳамакнун маро монанди онҳо пиндоранд? Ва дар радифи онҳо қарорам диҳанд? Ночор боз ҳам кўтоҳ омадам ва бо онон ҳамоҳанг гардидам. Яке (Манзури Имом Саъд ибни Абиваққос аст.) аз онҳо бо кинае, ки ба ман дошт, рўй бартофт ва дигарӣ (Абдураҳмон ибни Авф шавҳар хоҳари Усмон аст) домодашро бар ҳақиқат бартарӣ дод ва он ду нафари дигар, ки овардани номашон зишт аст. (Талҳа ва Зубайр, ки мардумро барои ҷанг бо Имом Алайҳис-салом ба Басра кашонданд).

5-Шиква аз хилофоти Усмон: То он ки севвумӣ ба хилофат расид. Ду паҳлўяш аз пурхўрӣ бод карда ва ҳамвора байни ошпазхона ва ҳоҷатхона саргардон буд ва хешовандони падарии ў аз Бани Умайя ба по хестанд ва ҳамроҳи ў байтулмолро хўрданд ва бар бод доданд, монанди шутури гуруснае, ки ба ҷони гиёҳ бияфтад, Усмон он қадр исроф кард, ки ресмони бофтаи ў боз шуд ва аъмоли ў мардумро барангехт ва шикампарастӣ, ўро нобудаш сохт. Наҳҷулбалоға хутбаи 3.

Дар ин хутба ҳазрати Алӣ алайҳис салом бо ишора ба достони ғасби хилофат, ба ҳаққи худ ишора мефармоянд ва дар идома таъкид мекунанд, ки:

Савганд ба Худое, ки донаро шикофт ва ҷонро офарид, агар ҳузури фаровони байъаткунандагон набуд ва ёрон ҳуҷҷатро бар ман тамом намекарданд ва агар Худованд аз олимон аҳду паймон нагирифта буд, ки дар баробари шикампарастии ситамгарон ва гуруснагии мазлумон сукут накунанд, маҳори шутури хилофатро бар кўҳони он андохта раҳояш мекардам ва охири хилофатро ба косаи аввали он сероб мекардам он гоҳ медидед, ки дунёи шумо назди ман аз оби бинии бузғолае беарзиштар аст. Наҳҷулбалоға хутбаи 3.

Ва ба ин тартиб ҳадафи худ аз пазириши хилофатро баён менамоянд.

Имом Алӣ алайҳис салом дар хутбаи 210 ба вуҷуди ҳаракатҳои нифоқ ишора карда ва мефармоянд:

“Мунофиқон баъд аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ боқӣ монданд ва бо дурўғу тўҳмат ба пешвоёни гумроҳӣ ва даъваткунандагон ба оташи ҷаҳаннам наздикӣ ҷустанд”. Наҳҷулбалоға хутбаи 210.

Имом Алӣ алайҳис салом дар хутбаи 26 шароити пеш аз хилофати худро ингуна ба тасвир кашидаанд:

فَنَظَرْتُ فَإِذَا لَيْسَ لِي مُعِينٌ إِلاَّ أَهْلُ بَيْتِي، فَضَنِنْتُ بِهمْ عَنِ المَوْتِ، وَأَغْضَيْتُ عَلَى القَذَى، وَشَرِبْتُ عَلَى الشَّجَا، وَصَبَرْتُ عَلَى أَخْذِ الكَظَمِ، وَعَلىْ أَمَرَّ مِنْ طَعْمِ (حزن) العَلْقَمِ.

Пас аз вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва бевафоии ёрон ба атрофи худ нигоҳ карда, ёваре ҷуз Аҳли Байти худ надидам, ки агар маро ёри кунанд, кушта хоҳад шуд. Пас ба марги онон ризоят надодам. Чашми пур аз хор ва хошокро ночор бастам  ва бо гулуе, ки устухони шикаста дар он дармонда буд, шароби талхи ҳаводисро нўшидам ва хашми худро фурў  бурдам ва бар нўшидани ҷоми талхтар аз гиёҳи Ҳанзал, шакебоӣ намудам. Наҳҷулбалоға хутбаи 26.

Он ҳазрат ҳатто байъати мардумро ингуна васф мекунанд:

“Байъати шумо мардум бо ман бемутолиа ва ногаҳонӣ набуд ва кори ману шумо яксон нест, ман шуморо барои Худо мехоҳам ва шумо маро барои худ мехоҳед. Эй мардум барои ислоҳи худатон маро ёрӣ кунед. Ба Худо савганд, ки доди ситамдидаро аз золими ситамгар бистонам ва маҳори ситамгарро бигирам ва ба обишхўри ҳақ ворид созам, гарчӣ тамоюл надошта бошад”!Наҳҷулбалоға хутбаи 136.

Ҳамин мардум буданд, ки баъд аз муддате ҳазрат онҳоро сарзаниш карда мефармоянд:

“Ба дурустӣ, ки миллатҳои ҷаҳон субҳ мекунанд, дар ҳоле, ки аз ситами раҳбаронашон дар тарсу ваҳшатанд, вале ман субҳ мекунам дар ҳоле, ки аз ситамгарии пайравони худ ваҳшат дорам. Шуморо барои ҷиҳод бо душман хостам, вале кўч накардед, ҳақро ба гўши шумо хондам, вале нашнидед ва дар ошкору пинҳон шуморо даъват кардам, қабул накардед, панду андарзатон додам, қабул нанамудед”. Наҳҷулбалоға хутбаи 98.

Ин мардуми дурў корро ба ҷое мерасонанд, ки Имом алайҳис салом дар бораашон мефармоянд:

“Ба Худо савганд дўст доштам, ки Худо миёни ману шумо ҷудоӣ андозад ва маро ба касе, ки нисбат ба ман сазовортар аст, мулҳақ фармояд.”. Наҳҷулбалоға хутбаи 116.

Дар ҷои дигар он ҳазрат дар сарзаниши ин мардум мефармоянд:

“Шумо василае нестед, ки бишавад ба он эътимод кард ва на ёварони азизе, ки битавон ба домани онҳо чанг зад! Шумо бад нерўҳое дар афрухтани оташи ҷанг ҳастед, нафрин бар шумо. Чӣ қадар аз дасти шумо нороҳатӣ кашидам. Як рўз ошкоро бо овози баланд шуморо ба ҷанг мехонам ва рўзи дигар оҳиста бар гўши шумо замзама мекунам, ба ҳангоми фарохондан на озодмардони ростгў ва на бародарони мутмаинне барои роздорӣ ҳастед”. Наҳҷулбалоға хутбаи 125.

Боз ҳазрат мефармоянд:

“Гирифтори касоне шудаам, ки вақте амр мекунам, фармон намебаранд ва вақте онҳоро фаро мехонам иҷобатам намекунанд. Эй мардуми беаслу реша! Дар ёрии Парвардигоратон барои чӣ дар интизоред? Оё дине надоред, ки шуморо гирд оварад? Ва ё ғайрате, ки шуморо ба хашм водорад Дар миёни шумо ба по хеста фарёд мекашам ва оҷизона аз шумо ёрӣ мехоҳам, аммо ба суханони ман гўш намедиҳед ва фармони маро итоат намекунед, то он ки паёмадҳои ногувор ошкор шуд, на бо шумо метавон интиқоми хунеро гирифт ва на бо кўмаки шумо метавон ба ҳадаф расид”? Наҳҷулбалоға хутбаи 39.

Дар хутбаи ҷиҳод, низ ҳазрати Алӣ алайҳис салом шадидтарин суханонро ба мардуме, ки хусусиятҳои мунофиқин дар бораи онҳо содиқ аст ин гуна фармудаанд:

“Шигифто! Шигифто! Ба Худо савганд, ин воқеият қалби инсонро мемиронад  ва дучори ғаму андўҳ мекунад, ки шомиён дар ботили худ ваҳдат доранд ва шумо дар ҳаққи худ парокандаед. Зишт бод рўи шумо ва аз ғам роҳоӣ наёбед, ки омоҷи тири бало шудед!. Ба шумо ҳамла мекунанд ва шумо ҳамла намекунед?! Бо шумо меҷанганд, шумо намеҷангед?! Ин гуна Худо нофармонӣ ва маъсият мешавад ва шумо ризоят медиҳед?

Вақте дар тобистон фармони ҳаракат ба сўи душман медиҳам, мегўед: Ҳаво гарм аст, мўҳлат деҳ то сўзи гармӣ бигзарад ва он гоҳ, ки дар замистон фармони ҷанг медиҳам, мегўед: Ҳаво хеле хунук аст, бигзор хунукӣ биравад. Ҳамаи ин баҳонаҳо барои гурез аз гармиву хунукӣ буд? Вақте шумо аз гармӣ ва хунукӣ мегурезед ба Худо савганд, ки аз шамшер бештар гурезонед!. Эй марднамоёни номард! Эй кўдаксифатони бехабар, ки ақлҳои шумо ба арўсони парданишин монандӣ дорад! Чӣ қадар дўст доштам, ки шуморо ҳаргиз намедидам ва ҳаргиз намешинохтам! Шиносоии шумо ба Худо қасам, ки ғайр аз пушаймонӣ ҳосиле надошт ва андўҳи ғамбор саранҷоми он шуд. Худо шуморо бикушад, ки дили ман аз дасти шумо пур аз хун ва синаам пур аз хашм аз шумост! Косаҳои ғаму андўҳро қатра-қатра ба ман нўшондед ва бо нофармонӣ ва зиллатпазирӣ раъю тадбири маро табоҳ кардед, то он ҷо ки қурайш дар ҳаққи ман гуфт: Бешак писари Абўтолиб марди шуҷоъ аст, вале дониши низомӣ надорад”. Наҳҷулбалоға хутбаи 27.

Имом Алӣ алайҳис салом дар номае ба Абдуллоҳ ибни Аббос баъд аз кушта шудани Муҳаммад ибни Абўбакр чунин мефармоянд:

“Пас аз ёди Худо ва дуруд! Ҳамоно Миср суқут кард ва фармондораш Муҳаммад ибни Абўбакр, -ки Худо ӯро раҳмат кунад- шаҳид гардид. Дар пешгоҳи Худованд ӯро фарзанди хайрхоҳ  ва ҳокими кўшо ва шамшери бурранда ва сутуни боздоранда мешуморем. Ҳамеша мардумро барои пайвастан ба ӯ, баренгехтам ва фармон додам, то қабл аз он ҳаводиси ногувор, ба ёриаш биштобанд. Мардумро ниҳону ошкор, аз оғоз то анҷом фаро хондам. Иддае бо нохушнудӣ омаданд ва баъзе бо дурӯғ баҳона оварданд ва баъзе хору залил бар ҷой монданд. Аз Худо мехоҳам ба зудӣ маро аз ин мардум наҷот диҳад! Ба Худо савганд, агар дар набард бо душман, орзуи ман шаҳодат набуд ва худро барои марг омода накарда будам, дӯст медоштам ҳатто як рӯз бо ин мардум набошам ва ҳаргиз ононро дидор накунам”. Наҳҷулбалоға номаи 35.

Он ҳазрат хутбае мехонданд, Ашъас ибни Қайс ба сухане аз он ҳазрат ишкол гирифт ва гуфт: ин сухан ба зарари туст. Имом алайҳис салом фармуданд:

“Чӣ касе туро огаҳонид, ки чӣ чизе ба фоидаи ман ва чӣ чизе ба зиёни ман аст? Лаънати Худо ва лаънати лаънаткунандагон бар ту бод эй мутакаббири мутакаббирзода, (Сабаби бархўди тунди Имом алайҳис-салом ин буд, ки ҳар фитнае, ки дар ҳукумати Имом алайҳис-салом падид меомад, решаҳои он ба Ашъас бар мегашт. Ў кофире буд, ки баъд аз асорат ва таслими зоҳирӣ бо хоҳари Абўбакр “Умми Фарва” издивоҷ кард) мунофиқ писари кофир! Савганд ба Худо ту як бор дар замони куфр ва бори дигар дар ҳукумати Ислом, асир шудӣ ва молу хешовандони ту дар ҳар ду мартаба натавонист ба фарёдат бирасад”. Наҳҷулбалоға хутбаи 19.

Талҳа ва Зубайр аз ин ки он ҳазрат бо онҳо машварат намекард нороҳат шуданд, он ҳазрат фармуданд:

“Ба Худо савганд, ман ба хилофат рағбате надошта ва ба раҳбарӣ бар шумо алоқае нишон намедодам, балки ин шумо будед, ки маро ба он даъват кардед ва онро бар ман бор кардед. Рӯзе, ки хилофат бар ман расид, ба Қуръон нигоҳ кардам, ҳар дастуре, ки дода ва ҳар фармоне, ки фармуда, пайравӣ кардам ва ба роҳу расми Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ иқтидо кардам. Пас ҳеҷ ниёзе ба ҳукму раъйи шумо ва дигарон надорам. Ҳанӯз чизе пеш наомада, ки ҳукми онро надонам ва ниёз ба машварати шумо ва дигар бародарони мусулмон дошта бошам. Агар ниёз доштам, аз шумо ва дигарон рӯй намегардондам”. Наҳҷулбалоға хутбаи 205.

Имом Алӣ алайҳис салом дар бораи ҷанги Сиффин фармуданд:

“Баъд аз байъати умумии мардум, масъалаи ҷанги бо Муовияро баррасӣ кардам ва ҳамаи тарафи онро санҷидам, то он ки монеи хоби ман шуд ва дидам, ки чорае ғайр аз ин ду роҳро надорам: Ё бо онҳо мубориза кунам ва ё он чиро, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ оварда инкор кунам. Пас ба ин натиҷа расидам, ки тан ба ҷанг додан осонтар аз тан ба азоби Парвардигор додан аст ва аз даст додани дунё осонтар аз раҳо кардани охират аст”. Наҳҷулбалоға хутбаи 54.

Имом алайҳис салом дар оғози ҷанг ба ёрони худ фармуданд:

“Ба Худое, ки донаро шикофт ва махлуқотро офарид, онҳо Исломро напазируфтанд, балки ба зоҳир таслим шуданд ва куфри худро пинҳон доштанд ва вақте, ки ёвароне ёфтанд, онро ошкор карданд”. Наҳҷулбалоға номаи 16.

Он ҳазрат дар бораи асҳоби Ҷамал (Талҳа ва Зубайр) фармуданд:

“Ба Худо савганд, агар фақат ба як нафар мусулмон даст меёфтанд ва ӯро қасдан бегуноҳ мекуштанд, куштани ҳамаи онҳо барои ман ҳалол буд, чун ҳамагон ҳузур доштанд ва инкор накарданд ва аз мазлум бо дасту забон дифоъ накарданд, чӣ расад ба ин ки Нокисин ба миқдори лашкариёни худ, аз мардуми бедифои Басраро куштанд”. Наҳҷулбалоға хутбаи 172.

Вақте ҷанги Наҳравон бо Хавориҷ тамом шуд Имом алайҳис салом фармуданд:

“Эй мардум! Ман будам, ки чашми фитнаро кандам (ва камар ба нобудии ба зоҳир муқаддас бастам) ва ҳол он ки ҷуз ман ҳеҷ кас ҷуръати чунин кореро надошт онгоҳ, ки амвоҷи дарёи торикӣ  ва шубҳаноки он боло гирифт (ва инсонҳоеро фиреб дод) ва ба охирин дараҷаи шиддати худ расид. Пас, аз ман бипурсед пеш аз он ки маро наёбед. (Ҳамаи муаррихон ва соҳиб назарон эътироф карданд, ки дар тўли таърихи Ислом касе ҷуз Имом Алӣ алайҳис-салом ба ҳар пурсише посўх надод ва ҳар кас иддао кард ва гуфт аз ман бипурсед, то посух диҳам расво шуд ва натавонист ба ҳар саволе ҷавоби лозим гўяд.) Савганд ба Худое, ки ҷонам дар дасти ўст, намепурсед аз чизе, ки миёни шумо то рўзи қиёмат мегузарад ва на аз гурўҳе, ки сад нафарро (Ибни Абилҳадид мегўяд: чун камтар аз адади "сад" чизе ба ҳисоб намеомад Имом ин ададро матраҳ фармуд) ҳидоят ё гумроҳ месозад, ҷуз он ки шуморо огоҳ месозам ва посух медиҳам. Ва аз он касе, ки мардумро ба он мехонад ва касе, ки раҳбарияшон мекунад ва он касе, ки ононро меронад ва аз он ҷое ки фуруд меоянд ва он ҷое ки боргушоянд ва аз он касоне, ки аз онҳо кушта шавад ва он ки бимирад, хабар медиҳам. Наҳҷулбалоға хутбаи 93.

Лашкариёни Муовия бар шаҳрҳо ҳуҷум мекарданд ва яке аз онҳо Буср ибни Артот буд, ки ба Яман ҳалма намуд. Имом Алӣ алайҳис салом мардумро сарзаниш карда фармуданд:

“Ба ман хабар расида, ки Буср ибни Артот (Буср аз фармондеҳони хунрези Муовия буд, ки ба касе раҳм намекард. Ба корвони ҳоҷиёни хонаи Худо ҳамла кард ва ҳар ҷо шиаёни Имом Алӣ алайҳис саломро меёфт мекушт. Ба шаҳри Яман ҳамла кард ва кўдакони Ибни Аббосро сар бурид ва саранҷом девона шуду мурд) ба Яман тасаллут ёфтааст. Савганд ба Худо медонистам, ки мардуми Шом ба зудӣ бар шумо ғалаба хоҳанд кард. Чун онҳо дар ёрӣ кардани ботили худ ваҳдат доранд ва шумо дар дифоъ аз ҳақ парокандаед! Шумо имоми худро дар ҳақ нофармонӣ карда ва онҳо имоми худро дар ботил фармонбадоранд!. Онҳо нисбат ба раҳбари худ амонатдор ва шумо хиёнаткоред. Онҳо дар шаҳрҳои худ ба ободонӣ машғуланд ва шумо ба фасоду харобӣ. Агар ман косаи чўбини обро ба яке аз шумоҳо амонат диҳам, метарсам, ки банди онро бидўздед Худоё ман ин мардумро бо панду ёдовариҳои бодавом монда кардам ва онҳо низ маро дармонда карданд.  Онҳо аз ман ба дод омаданд ва ман аз онон ба дод омадаму дил шикастаам. Ба ҷои онон афроди беҳтар ба ман марҳамат фармо ва ба ҷои ман бадтар аз маро бар онҳо мусаллат кун.”. Наҳҷулбалоға хутбаи 25.

Мардуми Кўфа корро ба ҷое расонданд, ки ҳазрати Алӣ алайҳис салом ингуна аз дасти онҳо дармонда шуданд. Имом алайҳис салом дар номае, ки ба Муовия навиштанд ба куфри онҳо ишора намуда фармуданд:

“Чунон, ки ёдовар шудӣ, мо ва шумо дӯст будем ва ҳам хешованд, аммо дирӯз миёни мову шумо ба ин хотир ҷудоӣ афтод, ки мо имон овардем ва шумо кофир шудед ва имрӯз, мо дар Ислом устувор мондем ва шумо имтиҳон шудед. Исломовардагони шумо бо нохушнудӣ, он ҳам вақте ба Ислом даромаданд, ки бузургони араб таслими Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шуданд ва дар гурӯҳи ӯ қарор гирифтанд. Боз навиштаӣ, ки Талҳа ва Зубайрро кушта ва Оишаро рондам ва дар Кӯфа ва Басра сукунат ихтиёр кардам. Ин корҳо рабте бо ту надорад ва лозим нест аз ту узрхоҳӣ шавад. Навиштӣ, ки бо гурӯҳе аз муҳоҷиру ансор ба ҷанг меоӣ. Ҳиҷрат аз рӯзе, ки бародарат Язид дар фатҳи Макка асир шуд, поён ёфт, пас агар дар мулоқот бо ман шитоб дорӣ, сабр кун, чун агар ман ба дидори ту биёям сазовортар аст, ки Худо маро ба сӯи ту фиристода, то аз ту интиқом гирам ва агар ту бо ман дидор кунӣ ба ин монад, ки шоири Асадӣ гуфт:

"Тундбоди тобистонӣ сахт мевазад ва онҳоро бо сангрезаҳо ва дар миёни ғубор ва тахтасангҳо дарҳам мекўбад". Наҳҷулбалоға номаи 64.

Ҳамоно ман туро дар ҷанг менигарам, ки ҳамчун шутурон зери бори вазнин монда, фарёду нола сар медиҳӣ. Ва мебинам, ки лашкариёнат бо бесабрӣ аз зарбатҳои паёпаи шамшерҳо, балоҳои сахт ва бар хок афтодан мадовим (мудом) танҳо маро ба китоби Худо мехонанд дар ҳоле, ки лашкариёни ту кофир ва байъаткунандагони паймоншикананд! Наҳҷулбалоға номаи 10.

Имом алайҳис салом бар ҷанг бо лашкари Басра яъне лашкари Талҳа ва Зубайр ва ҷанги Ҷамал таъкид дошта ва фармуданд:

“Ба Худо савганд, ман аз пештозони лашкари Ислом будам, то он ҷо ки сафҳои куфру ширк торумор шуд. Ҳаргиз нотавон нашудам ва натарсидам, ҳамакнун низ ҳамон роҳро меравам ва пардаи ботилро мешикофам, то ҳақро аз паҳлўи он берун оварам. Маро бо қурайш чӣ кор. Ба Худо савганд он рўз, ки кофир буданд, бо онҳо ҷангидам ва ҳамакнун, ки фиреб хўрдаанд бо онҳо мубориза мекунам. Дирўз бо онҳо зиндагӣ мекардам ва имрўз низ гирифтори онҳо мебошам. Ба Худо савганд! Қурайш аз мо интиқом намегиранд, ҷуз ба он хотир, ки Худованд моро аз миёни онон баргузид ва гиромӣ дошт. Мо ҳам ононро дар зиндагии худ пазируфтем, пас чунон будам, ки шоир гуфтааст:

"Ба ҷони худам савганд ҳар субҳ аз шири соф нўшидӣ. Ва саршир ва хурмои беҳаста хўрдӣ. Мо ин мақом ва азаматро ба ту бахшидем, дар ҳоле, ки баланд мартаба набудӣ. Ва дар атрофи ту бо саворони худ то субҳ нигаҳбонӣ намудем ва туро ҳифз кардем" Наҳҷулбалоға хутбаи 33.

Ҳазрати Алӣ алайҳис салом дар номаи 29 хитоб ба мардуми Басра мефармоянд:

“Агар ҳам, акнун корҳои нораво ва андешаҳои бехирадона шуморо ба мухолифат ва душманӣ бо ман, бикашонад, сипоҳи ман омода ва по дар рикобанд. Ва агар маро ба ҳаракати дубора маҷбур кунед, ҳамлае ба шумо хоҳам овард, ки ҷанги Ҷамал, дар баробари он бисёр хурду ночиз бошад. Бо ин ки ба арзишҳои фармонбардоронатон огоҳам ва ҳаққи насиҳаткунандагони шуморо мешиносам ва ҳаргиз, ба ҷои шахси муттаҳаме, инсони некӯкореро нахоҳам гирифт ва ҳаргиз паймони вафодоронро нахоҳам шикаст”. Наҳҷулбалоға номаи 29.

Он ҳазрат барои даъвати мардум ба ҷанги бо шомиён ва лашкари Муовия ингуна хутбае хонданд:

“Нафрин бар шумо кўфиён! Ки аз фаровонии сарзаниши шумо монда шудам. Оё ба ҷои зиндагии ҷовидонаи қиёмат ба зиндагии зудгузари дунё ризоят додед? Ва ба ҷои иззату сарбаландӣ, бадбахтиву зиллатро интихоб кардед? Ҳар гоҳ шуморо ба ҷиҳод бо душманон даъват мекунам, ҷашмонатон аз тарс коса мегардад, гўё тарс аз марг, ақли шуморо рабуда ва монанди инсонҳои маст аз худ бегона шуда, ҳайрону саргардонед. Гўё ақлҳои худро аз даст дода ва дарк намекунед. Ман дигар ҳеҷ гоҳ ба шумо итминон надорам ва шуморо пуштибони худ намепиндорам. Шумо ёрони шарофатманд нестед, ки касе ба сўи шумо даст дароз кунад. Ба шутурони бесоҳиб мемонед, ки ҳар гоҳ аз як тараф ҷамъоварӣ гардед аз сўи дигар пароканда мешавед. Наҳҷулбалоға хутбаи 34.

Онгоҳ ки ёрони Имом алайҳис салом ба он ҳазрат гуфтанд, ки барои ҷанги бо Муовия омода бош, Имом алайҳис салом фармуданд:

“Ман борҳо ҷанг бо Муовияро баррасӣ кардам ва пушту рўи онро санҷидам, дидам роҳе ғайр аз ҷанг ё кофир шудан нисбат ба он чӣ Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ оварда боқӣ намонда аст, чун дар гузашта касе бар ман ҳукумат мекард, ки амалҳои ў (Усмон) ҳодисаҳое офарид ва сабаби гуфтугў ва сару садоҳои фаровоне шуд, мардум он гоҳ эътироз карданд ва тағйираш доданд”. Наҳҷулбалоға хутбаи 43.

Имом алайҳис салом бо мазаммату сарзаниши ҷанг накардан бо лашкари Муовия, фармуданд:

“Худо бар пешонии шумо доғи зиллат бигузорад ва баҳраи шуморо андак шуморад. Шумо ҳамон гуна, ки ботилро мешиносед аз ҳақ огоҳӣ надоред ва дар нобуд кардани ботил талош намекунед, он гуна ки дар нобудии ҳақ кўшиш доред”. Наҳҷулбалоға хутбаи 69.

Имом алайҳис салом дар ҷанги бо Муовия шакке надошт ва кўшиш мекард то шакки дигаронро аз байн бубарад. Он ҳазрат дар яке аз рўзҳои ҷанги Сиффин фармуданд:

“Аз шаҳодат хурсанд бошед ва бо осонӣ аз он истиқбол кунед. Ба он гурўҳи фаровони атрофи хаймаи пурзарқу барқ ва таноб дар ҳам афканда (лашкари Муовия) ба сахтӣ ҳамла кунед ва ба қалби онҳо ҳуҷум баред, ки шайтон дар канори он пинҳон шуда, дасте барои ҳамла бар пеш ва пое барои гурехтан омода дорад. Муқовимат кунед, то сутуни ҳақ бар шумо ошкор шавад”. Наҳҷулбалоға хутбаи 66.

Онгоҳ ки фитнаи Хавориҷ ба вуҷуд омад, Имом алайҳис салом ба мардум фармуданд:

“Санги ҳодисаҳо ва бало бар шумо биборад ва асаре аз шумо боқӣ нагзорад!. Оё баъд аз имонам ба Худо ва ҷиҳодам дар рикоби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба куфри худ гувоҳӣ диҳам? Агар чунин кунам, гумроҳ шуда ва аз ҳидоят шудагон нахоҳам буд. Пас ба бадтарин ҷойгоҳ раҳсипор шавед ва ба роҳи гузаштагон баргардед. Огоҳ бошед! Ба зудӣ баъд аз ман ба хорӣ ва зиллат гирифтор мешавед ва шамшери буррандае бар шумо мусаллат мешавад ва ба гирифторие дучор хоҳед шуд, ки барои дигар ситамгарон роҳу расми ҳукумат қарор хоҳад гирифт”. Наҳҷулбалоға хутбаи 58.

Вақте Хавориҷ кушта шуданд, баъзеҳо гуфтанд: эй Амиралмўъминин ҳамаи онҳо кушта шуданд, вале он ҳазрат фармуданд:

“На, савганд ба Худо ҳаргиз! Онҳо нутфаҳое дар пушти падарон ва раҳими модарон вуҷуд хоҳанд дошт. Ҳар гоҳ шохе аз онҳо сар бароварад, бурида мешавад, то ин ки охиринашон ба дуздӣ тан медиҳад”. Наҳҷулбалоға хутбаи 60.

Ва дар саҳаргоҳи рўзе, ки Имом алайҳис салом зарбат хўрданд, фармуданд:

“Ҳамон гуна, ки нишаста будам, хоб чашмонамро гирифт, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро дидам, пас гуфтам: Эй Расули Худо аз уммати ту чӣ талхиҳо дидам ва аз душмании онҳо чӣ кашидам! Паёмбар фармуданд: Нафринашон кун. Гуфтам: Худо беҳтар аз онҳоро ба ман бидиҳад ва ба ҷои ман шахси бадеро ба онҳо мусаллат гардонад. (Ин хутба дар китобҳои мўътабари аҳли суннат, низ омадааст: "Табақот”-и Ибни Саъд 3/36. ”Ал-Истиоб”-и Ибни Абдулбар 3/1127.”Таърих-ул-Ислом”-и Заҳабӣ 3/649-650).

Ва инҳо буданд мардуми Кўфа ва мунофиқини замони ҳазрати Алӣ алайҳис салом ва бояд гуфт: “Мо аҳли Кўфа нестем Алӣ танҳо бимонад”.