Нақш ва аҳамияти Қуръон дар зиндагии башар

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Қуръони карим дарбаргирандаи ҳидоят ва саодати инсон дар дунё ва охират мебошад ва дар тамоми мароҳили зиндагӣ раҳбар ва роҳнамои инсон ба сӯи камол аст. ((Ин Қуръон ба роҳе ҳидоят мекунад, ки мустақимтарин ва ростарин роҳҳост...))(1) Касоне, ки бо Қуръон маънусанд ба кумаки Қуръон ҳақро аз ботил ташхис медиҳанд.(2)

Қуръони карим, инсонро ба зиндагӣ кардан бо меъёрҳо ва арзишҳои инсонӣ ва ислом даъват мекунад, ҳазратиАлӣ(рз) мефармоянд: ( Ҳаркас Қуръонро пеши рӯй худ қарор дод, раҳбар ва пешвоӣ ӯ хоҳад буд ва ҳаркас онро ба пуши сар афканд равона кунанда  ӯ ба сӯй ҷаҳаннам хаҳад буд).(3)
Қуръони маҷид омили суъуд ба сӯй биҳишт,(4) Сабаби хуррамии дилҳо(5) дарёи бекарони маърифат(6) ва ягона омили тавонгарӣ аст.(7) ки омили аслии ҳидоятгар ва тарбият кунандаи афрод ва ҷавомеи башарӣ ба сӯй камол ва расидан ба арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ аст.
Дар бораи иртибот ва унс бо Қуръон лозим аст чанд нукта мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад:
1. Чӣ гуна метавон бо Қуръони маҷид унс пақдо кард?

Барои баҳраманди ва  унси бо Қуръон бояд мароҳилеро тай кард аз ҷумла:
1. Ёдгирии Қуръон; Памбари акарм (с) мефармояед: (Баҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро биомӯзад ва онро ба дигарон низ ёд диҳад.)(8)

2. Қироати Қуръон; ҳазрати имом Содиқ(рз) мефармоянд: ( Қусе, ки Қуръон бихонад, дар ҳоле, ки муъмин аст, Қуръон бо гушт ва хуни ӯ махлут(якҷоя) шуда ва фариштагони бузурвор ва  некусифат ҳамнишин мешавад.)(9)

Паёмбари акрам (с) мефармоянд: ( Хонаҳои худро бо тиловати Қуръон нуронӣ кунед.)(10)
Тиловати Қуръон низ худ дорои одобе аст аз ҷумла:

1 мисвок задан,  Памёмбари акрам (с) мефармоняд: (Роҳи Қуръонро покиза нигоҳ доред. Пурсиданд Ё рамулаллоҳ ! Роҳ чист? Фармуданд: Даҳонҳоятон. Пурсиданд: чигуна? Фармуданд: би василаи мисвок кардан.) (11)

2  Вузу ва таҳорат доштан ҳангоми тиловати Қуръон;(Ҷуз покизагон бар он даст назананд.)(12)
3  Паноҳ бурдан ба Худованди мутаъол пеш аз қироати Қуръон; (Вақте, ки Қуръон мехонед аз хар ва бадиҳои шайтони ронда шуда ба Худо паноҳш бибаред.) сураи наҳл, ояти 98)

4  Дар қироати Қуръон бо овази хуш ва  дилнишин; Паёмбари акрам (с) фармуданд: ( Аз барои ҳар чиҳезебоиӣ  аст ва зебоиӣ Қуръон овози зебост.)(13)

5  Қироати Қуръон ҳамроҳ бо фурутанӣ; (( Оё вақти он нарасида аст, ки дилҳои муъминон дар баробари зикн ва ёди Худо ва ончи аз ҳақ нозил шуда хошеъ ва  фурутан гардад...)(14)

6  Қироати Қуръон ҳамроҳ бо ҳузну андуҳ; Паёмбари акрам (с) мефармоянд: Баростӣ Қуръон ҳамроҳ бо ҳузн  нозил шуда аст, бинобар ин, ҳангоме, ки Қуръон мехонед гиря кунед ва агар гиря накардед ҳолати гиряро ба худ бигиред.)(15)

7  Тиловати Қуръон бо тартил ва шумурда; (( Қуръонро бо диққат ва тааннӣ бихонед.)(16)

3. Тадаббур дар Қуръон; қории Қуръон бояд бо таваҷҷуҳ ба маънои Қуръон, онро тиловат кунад ва дар оёт тафаккур ва андеша намояд ва аз онҳо панд гирад, чунон, ки ҳазрати Алӣ(рз)мефармоянд: ( Парҳезкорон) ( Дар шаб ба по хеста ва Қуръонро шумурда ва бо тадаббур тиловат мекунанд, ҷони худро бо он маҳзун месозанд ва давои дарди худро аз он мегиранд ҳаргоҳ ба ояте бирасанд, ки дар он ташвиқ бошад, бо алоқа ва умед ба он рӯй меоваранд ва рӯҳу  ҷонашон бо шавқи бисёр дар он захира мешавад ва онро ҳамрои улгуи худ месозанд ва ҳаргоҳ ба ояте бирасанд, ки дар он тарс бошад, гушҳои дили худро барои шунидани он боз мекуннанд ва овозҳои нола ва бар хурди забонҳо оташ дар гушашон танин андоз аст.)(17)

4. Амал ба Қуръон; Паёмбари акрам(с) фармуданд: ( Чибасо касоне, ки Қуръонро тиоловат мекунанд, дар ҳоле, ки Қуръон бар онҳо лаън ва нифрин мефиристад.)(18)

5. Ҳифзи Қуръон; Паёмбари акрам(с) мефармоянд: ( ХУдованд дилеро, ки зарфи Қуръон бошад, азоб намекунад.)(19)

Бинобарин, барои маънус шудан бо Қуръон, доштани барномаи муназзам ва рӯзона барои қироат ва амал ба маворид ва авомили зикр шуда лозим аст.

2 Чаро Қуръони карим дар байни мо маҳҷур аст?

Маҳҷурияти Қуръон ва фосила гирифтани мардум ба хусус мусалмонон аз мафоҳим ва маърифи Қуръон иллатҳои мутааддиде дорад аз ҷумла:

1. Талош ва тавтиаи шаётини ҷиннӣ ва инсӣ боис шуда, ки мардум аз мафоҳим ва маъорифи буланди Қуръони маҷид фосила гирифта ва дар доми шайтонҳои васвасагар гирифтор оянд ва омӯзишҳои Қуръони карим бегона шаванд ва Қуръон дар миёни онҳо ба хусус мусалмонон маҳҷур бюимонад, Қуръони карим мефармояд: (( Парвардигоро! Қавми ман ин Қуръонро раҳо карданд( ва аз он дурб ҷустанд).)(20)

2. Фаромуш кардани мафоҳим ва маорифи Қуръон ва ғафтал аҳ онҳо, боис шуда, ки мардум ба дастурҳо ва паёмҳои роҳгушо ва ҳидоятгари ин китоби муқаддас таваҷҷуҳ накунанд ва фарҳангшги Қуръон дар миёни мардум ба дасти фаромушӣ супорида шавад бисёре аз мардум ба ҷой амал ба Қуръон, танҳо онро ба унвони як китоби муқаддас ё ба қасди савоб онро тиловат мекунанд ва ё дар маросими хатми мурдагон онро қироат намуда ва ё дар канори суфраи ақд аз он нигаҳодорӣ мекунанд! Дар ҳоле, ки Қуръони карим барои ҳидояти ва тарбияти инсонҳо нозил шуда ва мардум бояд бо ама ба дастурот ва фармонҳои он, барои расидан ба камол ва наздик шудан ба Худовандро бипаймоянд ва дар оёти он тадаббур ва тафаккур кунанд  ва дар зиндагии онҳо бакор гиранд ва пиёда кунанд; ((...Ва мо ин зикрро(Қуръон)  бар ту нозил кардем то ончи ба сӯй мардум нозил шуда аст барои онҳо табйин кунӣ, шояд андеша кунанд.)(21)
3. Ҳазрати Адӣ(рз) дар бораи маҳҷӯрияти Қуръони карим мефармоянд: ( ...Ҳомилони Қуръон онро вогузошта ва ҳофизони Қуръон онро фаромуш мекунанд, пас дар он рӯз Қуръон ва пайравонаш аз миёни мардум ронда ва маҳҷӯр мегардад ва ҳар ду ғарибона дар як роҳ ношинохта саргардонанд ва паноҳгоҳе миёни мардум надоранд, пас Қуръон  ва пайравонаш дар миёни мардуманд, вале гуё ҳузур надоранд, бо мардуманд вале аз онҳо буридаанд; зеро гумроҳӣ ва ҳидоят ҳаргиз ҳамоҳанг нашаванд, гачи якдигар қарор гиранд, мардум дар он рӯз, дар ҷудоиӣ ва тафриқаи ҳам ҳам достон, ва дар иттиҳод ва ягонагӣ парокандаанд, гуё онон пешвои Қуръон буда ва Қуръон  пешвои онон нест, пас Қуръон ҷуз номе наздашон боқӣ намонад ва онон ҷуз хаттеро аз Қуръон нашиносанд...)).(22)

Манобеъ:
1. Сураи Нисоъ, ояти 9.

2. Сураи фурқон, ояти 1.

3. Кофӣ, ҷ 4, с 598.

4. Сураи шуро, ояти 7.

5. Биҳор-ул-анвор, ҷ 2, с 36.

6. Ибни Абилҳадид, ҷ 10, с 194.

7. Мустадрак-ул-васоил, ҷ 4 , с 236.

8. Биҳор-ул-анвор, ҷ 89, с 186.

9. Кофӣ, ҷ 2, с 603.

10. Ҳамон манбаъ, с 610.

11. Биҳор-ул –анвор, ҷ 89, с 213.

12.  Сураи воқеъа, ояти 79.

13. Сураи наҳл, ояти 98.

14. Кофӣ, ҷ 2 , с 615. Сураи ҳадид , ояти 16.

15. Ҷомеу-ул-ахбор, ч 49.

16. Сураи музаммил, ояти 4.

17. Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 12. Муъҷам-ул-муфаҳрест, с 12.

18. Мизон-ул-ҳикмат,ҷ8, с 90.

19. Биҳор-ул-анвор, ҷ 89, с 178.

20. Сураи фурқон, ояти 30.

21. Сураи наҳл, ояти 44.

22. Муҳаммади Рейшаҳрӣ, тарҷумаи Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 147, с 271.