Ҷиҳод дар Наҳҷ-ул-балоға

Имом Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис-салом) дар Наҳҷ-ул-балоға мефармояд:

“Аммо баъд, ҷиҳод дарвозаест аз дарвозаҳои биҳишт. Худованд онро ба рўи дўстони махсуси худ кушодааст. Ҷиҳод либоси тақво, зиреҳи мустаҳкам ва сипари маҳками Худованд аст. Мардуме, ки аз ҷиҳод рўй бармегардонанд, Худованд либоси зиллат ва хорӣ бар тани онҳо мепўшонад ва бало ба онон ҳуҷум меоварад, ҳақир ва залил мешаванд, ақл ва фаҳмашон табоҳ мегардад ва ба хотири канор гузоштани ҷиҳод ҳаққи онҳо поймол мешавад ва нишонаҳои зиллат дар онҳо ошкор мегардад ва аз адолат маҳрум мешаванд...”

Аҳамияти ҷиҳод

Касе, ки бар манобеъ ва сарчашмаҳои шариати исломӣ - китоб ва суннат - огоҳӣ меёбад, дар онҳо таъкиди фаровон ва аҳамияти калонеро нисбат ба мавзўи ҷиҳод пайдо мекунад. Дар Қуръони карим наздик ба 40 оят бо овардани калимаи “ҷиҳод” ва калимаҳои ҳамхонаводаҳои он, дар бораи ҷиҳод сухан ба миён меоваранд. Масалан:

Эй Паёмбар! Бо кофирон ва мунофиқон ҷиҳод ва мубориза кун ва бар онҳо бисёр сахт гир...

Барои ҷанг бо кофирон сабукбор ва муҷаҳҳаз берун шавед ва дар роҳи Худо ба молу ҷон ҷиҳод кунед...

Худо муҷоҳидони фидокор ба молу ҷонро бар бознишастагон бартарӣ бахшидааст...

Дар ин миён беш аз 100 оят вуҷуд дорад, ки дар бораи ҷиҳод ба воситаи калимаи “қитол” (ҷанг кардан) ва ҳамхонаводаҳои он сухан мегўянд. Масалан:

Пас бо он пешвоёни куфр ва гумроҳӣ ба қитол бархезед, ки онҳоро аҳду паймони устуворе нест...

(Эй мўъминон!) Бо кофирон қитол намоед, ки дар замин дигар фитна ва фасоде намонад ва дин ҳама дини Худо гардад...

Албатта напиндоред, ки шаҳидони роҳи Худо мурдаанд, балки зиндаанд ва назди Худо рўзӣ дода мешаванд”.

Илова бар ҳамаи инҳо гурўҳе аз оятҳо ҳам ҳастанд, ки дар бораи ҷиҳод ба воситаи лафзи “ғазв”, “ҳарб”, “шаҳодат” ва ҳамхонаҳои онҳо сухан меронанд.

Дар сурате, ки дар бораи ҳаҷҷ фақат 8 оят, дар бораи хумс танҳо як оят ва дар бораи рўза наздик ба 10 оят дар Қуръони карим пайдо мекунем.

Вақте ҳам ба суннати пок муроҷиат мекунем, мебинем садҳо ҳадис ва ривоят бар мавзўи ҷиҳод таъкид варзида ва ошкоро ба ин матлаб ишора менамоянд, ки ҷиҳод муҳимтар ва бартар аз тамоми амалҳо ва ибодатҳои дигар мебошад.

Аз Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ривоят шудааст, ки мефармояд:

Болои ҳар некўкоре некўкори дигаре (дар фазилат ва бартарӣ) вуҷуд дорад то ин ки дар роҳи Худо кушта шавад. Онгоҳ, ки дар роҳи Худо кушта шуд, дар он сурат болотар аз ў ҳеҷ некўкоре вуҷуд надорад”.

Имом Боқир (алайҳис-салом) мефармояд:

Ҷиҳод амалест, ки Худои мутаол онро бар тамоми амалҳо бартар ва ҷиҳодкунандаро бар тамоми амалкунандагон, дар дараҷот ва мағфират бартарӣ бахшидааст”.

Танҳо дар як манбаъ аз манобеи ҳадисии мо, ки китоби “Васоилуш шиа ило таҳсили масоилиш шиа” мебошад, 1223 ҳадис дар бораи ҷиҳод, фазилат ва аҳкоми он ва дигар масоили марбут ба ҷиҳод пайдо мекунем.

Агар як гаште гузаро дар бўстони Наҳҷ-ул-балоға бизанем, хоҳем дид, ки Имом Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис-салом) барои ҷиҳод чунон ҷойгоҳи вижае қоил аст, ки онро то баландтарин нуқта аз аҳамият ва арзиш боло бурда ва бузургтарин васфҳоро барояш мебахшад. Мефармояд:

Ҷиҳод иззати Ислом аст”.

Худоро, Худоро! Дар мавриди ҷиҳод дар роҳи Худо бо молҳо ва ҷонҳо ва забонҳоятон...

Дар роҳи Худо то ҳадди тавон талош ва ҷиҳод кун ва ҳаргиз сарзаниши сарзанишгарон туро аз талош дар роҳи Худо бознадорад...

Бартарин василае, ки василаҷўяндагон метавонанд бо он ба сўи Худованди Субҳон тақарруб ҷўянд, имон ба Худо ва паёмбаронаш ва ҳамчунин ҷиҳод дар роҳи Худост, зеро ҷиҳод қуллаи баланди Ислом мебошад...

Мусулмонони садри Ислом чунин буданд, ки ҷиҳод ҷузъе аз зиндагии онҳо шуда буд. Онон дар ҷиҳод наздиктарин роҳ ба сўи биҳиштро медиданд. Ҳар яке аз онон мунтазири фурсати арзишманди худ дар ҷиҳод буд ва ба сўи он аз якдигар пешдастӣ менамуданд.

Ҳанзала ибни Абўомир касе буд, ки ҷавонии худро дар кор ва амал барои зиндагӣ харҷ карда ва миқдоре аз мол барои худ гирд оварда буд то бо он зан бигирад. Дар нахустин шаб аз заношўии худ, ки оғоз ба чидани самараи заҳматҳои чанд солааш намуда ва дар баҳори умед ва орзуҳо зиндагӣ ба сар мебурд, бомдодгоҳ шунид, ки нидодиҳандае нидои даъват ба сўи ҷиҳод медиҳад. Аз панҷараи хонааш сар берун овард, дид мусулмонон бо лаббайк ба даъвати нидодиҳанда давон-давон омодаи роҳӣ шудан мешаванд. Даранге накард ва пеш аз он, ки ғусли ҷанобат кунад, барои берун омадан шитофт. Ҳамсари ҷавонаш бо ҳар василае талош мекард пеши роҳи ўро гирад, вале Ҳанзала розӣ барои боқӣ мондан нашуд ва барои берун рафтан пофишорӣ мекард. Ў дар субҳи ҳамон рўз, яъне субҳи арўсиаш ҷоми шаҳодат нўшид.

Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)ба ёрони худ фармуд: “Дўсти шуморо - яъне Ҳанзаларо - фариштагон ғусли ҷанобат менамоянд”. Ёрон аз аҳли хонаводаи Ҳанзала пурсиданд: Моҷаро чист? Онгоҳ аз ҳамсари Ҳанзала моҷаро пурсида шуд ва ў чунин посух дод: Дар ҳоле, ки ҷанобат дошт, нидоро шунид ва бедаранг берун рафт”.

Яке дигар аз саҳобагон Амр ибни Ҷамуҳ, ки солҳо аз умраш гузашта буд, дар яке аз набардҳо аз ноҳияи по маҷрўҳ гардида ва ланг шуда буд. Аммо бо вуҷуди он вақте нидои ҷиҳод ба гўшаш хўрд ва дид ҳар чаҳор фарзандаш барои берун омадан омода мешаванд, виҷдонаш ўро нагузошт, ки аз қофила ақиб афтад ва бо ин ки ҳамсар ва фарзандонаш пеши роҳи ў гирифта ва аз ў хоҳиш мекарданд, ки дар манзил боқӣ бимонад, ў шитобон берун омад ва мегуфт: Мехоҳам бо пои лангам замини биҳиштро пахш кунам.

Онгоҳ ҳамсар ва фарзандонаш хостанд ўро дар манзил зиндонӣ кунанд ва ба ў гуфтанд: Худои мутаол туро маъзур кардааст (яъне ту дар пешгоҳи Худо узр дорӣ, ки роҳии ҷиҳод нашавӣ). Аммо суханони онҳо ўро қонеъ насохт, онгоҳ ба назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)омад ва арз кард: Фарзандонам мехоҳанд маро зиндонӣ карда ва аз рафтан ба ҷиҳод ва қарор гирифтан дар канорат баргардонанд. Ба Худо савганд, ман мехоҳам бо ҳамин пои лангам замини биҳиштро пахш кунам.

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)фармуд: Аммо туро Худо маъзур қарор додааст ва ҷиҳод бароят воҷиб нест. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)хитоб ба фарзандон ва аҳли хонаводааш низ фармуд: Бар шумоён низ воҷиб нест ўро манъ кунед, шояд Худо шаҳодатро рўзияш кунад. Раҳояш кунед. Онгоҳ берун омад ва мегуфт: Худоё! Шаҳодат рўзиям кун ва маро ба сўи аҳли хонавода дигар барнагардон! Ҷойгоҳи ин муҷоҳиди ланг аз саҳнаҳои набарди бузурги Уҳуд, худ достонҳои ҳайратоварест. Ў бар душманон ҳамлавар шуда мегуфт: Ба Худо савганд, ман муштоқи дидори биҳиштам. Фарзандаш ҳам ба дунболи падар буд то ин ки ҳар ду дар ин набард ҷоми шаҳодат нўшиданд.

Қосим ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абўтолиб, ки бештар аз чаҳордаҳ сол умр надошт, шаби Ошуро ба ҳузури амуи худ ҳазрати Имом Ҳусайн (алайҳис-салом) мерасад. Баъд аз он, ки Имом Ҳусайн (алайҳис-салом) ёрони худро аз сарнавиште, ки субҳи Ошуро ҳамаи онҳоро дар интизор аст - ва он шаҳодат дар роҳи Худост - огоҳ сохта ва фармуд: Эй мардум! Ман фардо кушта мешавам ва ҳамаи шумо низ дар канори ман кушта хоҳед шуд ва касе аз шумо зинда боқӣ нахоҳанд монд. Онгоҳ ёрон чунин посух доданд: Сипос Худоеро, ки моро чунин гиромӣ дошт, ки туро ёрӣ кунем ва чунин шараф насибамон қарор дод, ки дар канорат кушта шавем... Дар ин ҷо буд, ки Қосим ба амуи худ Ҳусайн (алайҳис-салом) наздик омад ва гуфт: Оё ман ҳам дар ҷумлаи касоне, ки кушта мешаванд, ҳастам? Имом (алайҳис-салом) пеш аз он, ки посухи ўро диҳад, аз ў пурсид: Эй писарҷон! Маргро чӣ гуна мебинӣ? Қосим бедаранг посух дод: Эй амуҷон! Марг (дар канори ту) аз асал бароям ширинтар аст”.

Падидаи бегона

Аммо бо вуҷуди ин ҳама таваҷҷўҳ ва таъкиди Ислом бар ҷиҳод ва бо ин ки мо таърихе моломол аз мубориза ва фидокорӣ дорем, вале чунин мушоҳида мешавад, ки ҷиҳод дар зиндагии диндорони имрўз дар зуболадонҳо қарор дода шудааст, ҳатто сухан дар бораи ҷиҳод назди диндорон, сухане хаёлӣ гардидааст, ки гўё акнун вақти он набошад.

Падидаи бегона бароямон, ин мушоҳидаи ҷудоист миёни диндорӣ ва ҷиҳод. Дар масъалаҳои сарнавиштсозе ба монанди масъалаи Фаластин, мебинем барои диндорон, на дар матни маърака вуҷуде мушоҳида мешавад ва на дар ҷабҳаҳои набард, дар ҳоле, ки ғайри диндоронро мебинем, ки парчами муқовимат ва муборизаро боло мебардоранд.

Коммунистҳо масалан дорои дастгоҳҳои фаъол дар майдон ҳастанд, миллигароён нақшу нишоте дар ин масъала аз худ нишон медиҳанд ва хулоса касоне, ки пойбанд ба дин нестанд, фидокорӣ аз худ нишон дода ва ҷони худро дар роҳи озодӣ нисор мекунанд, вале диндорон куҷоянд?

Оё масъалаи Фаластин ва амсоли он, як масъалаи исломӣ ба шумор намеравад, ки барои дин ва уммат аҳамият дошта бошад? Чаро диндорон майдонро барои бединҳо ва бероҳагон холӣ кардаанд? Албатта ҳамаи муборизони ғайри диндор, бероҳа нестанд, балки бисёрии онҳо чунин ҳастанд, хусусан раҳбаронашон.

Оё фаризаи ҷиҳод мансух шуда ва дигар фарз нест ва диндорон дар баробари он мавриди бозхост қарор намегиранд? Оё уммат аз ҷиҳод бениёз гардидааст?

Вагарна, чаро диндорон дар робита бо ҷиҳод, аз худ сустӣ нишон медиҳанд? Чаро сухан дар бораи ҷиҳод канор гузошта шуда ва сухане ғайри амалӣ ва ғайри воқеӣ гардидааст?

Дар поён ба ин пурсишҳо якояк посух хоҳем дод.

Мубориза бо нафс ва андешаҳои ақибафтода,
ё худ ҷиҳоди акбар

Дидгоҳҳои инсон ва андешаҳое, ки дар зеҳнаш ҷойгир ҳастанд, ба фаъолият ва ҳаракатҳои инсон ҷиҳат мебахшанд. Масалан мебинем сарватманде замине мехарад холӣ ва дур аз манотиқи маскунӣ, ки агар ҳамин замин барои инсони оддие бо қимати арзон ҳам пешкаш шавад, ҳозир ба харидани он нест. Чаро? Вақте дунболи сабабе, ки он сарватмандро водошта, ки чунин заминеро бихарад ва низ сабабе, ки инсони оддиро чунин қарор дода, ки рўй аз харидани он баргардонад, биравем, хоҳем дид, ки сабаб, дидгоҳи оянданигаре аст, ки дар назди шахси аввал вуҷуд дорад, - ки барои солҳои баъд меандешад, онгоҳ, ки ободонӣ то ин замини холӣ расида ва ҳамин замини холӣ дар он замон арзиш пайдо хоҳад намуд, ки ҳамин дидгоҳ ўро водошта заминро харидорӣ намояд, дар ҳоле, ки шахси дуввум ин дидгоҳро надошт ва ба ҳамин хотир рўй аз харидорӣ бартофт.

Ба ҳамин сурат дидгоҳ ва андешаҳо дар ҷиҳатбахшӣ ва таъйини фаъолиятҳои инсон таъсир мегузоранд.

Ҷиҳод, ки муҳимтарин иқдом ва фаъолият дар зиндагии инсон ба шумор меравад, ниёз ба як дидгоҳи муайяне дорад, ки инсонро вомедорад ба сўи ин амал қадам бардорад. Уммати исломии мо дар гузашта дорои чунин дидгоҳ ва андешаи матлуб буд ва ба ҳамон хотир дар роҳи ҷиҳод бо завқу иштииёқ ҳаракат мекард. Аммо диндорони кунунии мо, дар бештари вақтҳо на фақат он дидгоҳи ҷиҳодиро надоранд, балки зеҳнҳо ва нафсҳояшон дарбардорандаи дидгоҳҳои манфии ақибафтодае шудааст, ки боис гардидааст миёни онҳо ва ҷиҳод як фосилаи калоне воқеъ шавад.

Аз ҳамин ҷост, ки Ислом таваҷҷўҳашро аввалан бар ҳамин ҷониб равона месозад ва чунин назар дорад, ки мубориза бо нафс ва андешаҳои ақибафтода аз дохили инсон ва коштани андешаҳо ва дидгоҳҳои ҷиҳодӣ дар руҳи фард, худ ҷиҳоди акбар (бузургтар) буда ва инсонро бар омодабоши комил барои ҷиҳод ва фидокорӣ ва ҷоннисорӣ дар ҳар лаҳза ва ҳар гоҳ, ки ниёз ба он пайдо мешавад, қарор медиҳад.

Имом Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд:

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)дастаеро барои набард фиристод. Вақте онҳо аз майдони набард бозгаштанд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)фармуд: Марҳабо ба мардуме, ки ҷиҳоди кучактарро пушти сар гузаронда ва ҷиҳоди бузургтаре бар онҳо боқист! Пурсиданд: Эй Паёмбари Худо! Ҷиҳоди бузургтар кадом аст? Фармуд: Ҷиҳоди бузургтар, мубориза ва пайкор бо нафс аст.

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)фармуд: “Ҳамоно бартарин ҷиҳод аз они касест, ки бо ҳамин нафсе, ки дар наздаш қарор дорад, мубориза ва пайкор кунад”.

Дидгоҳҳои ақибафтода

Акнун бояд дид он нуқтаҳои манфӣ, ки дар нафси инсон лона гузошта ва ўро аз ҷиҳод бознишаста қарор додаанд ва низ он дидгоҳҳои ақибафтода, ки дар андешаи инсон ворид шуда ва ўро аз ҳаракат боздошта ва аз шарафи мубориза ва ҷоннисорӣ маҳрум намудаанд, кадомҳоянд? Ҳамчунин бояд дид дини Ислом чӣ гуна ин мушкилро муолиҷа карда ва чунин нуқоти манфиро аз байн мебарад? Он андеша ва дидгоҳҳои бадале, ки Ислом онҳоро ба ҷои дидгоҳҳои манфӣ дар нафси фард ҷойгузин мекунад, кадоҳоянд?

Посухи ин пурсишҳо бо мулоҳизаи нукоти зерин ошкор мегардад:

1. Дилбастагӣ ба зиндагии дунё ва роҳатталабӣ: Ҳар инсоне табиатан ба зиндагӣ алоқа ва дилбастагӣ дорад ва дунболи роҳатталабист. Ҷиҳод роҳатии инсонро аз дасташ гирифта ва ўро дар маърази нобудсозии зиндагиаш қарор медиҳад. Дар ин ҷост, ки маърака оғоз мешавад ва мубориза миёни нафси роҳатталаби инсон ва миёни руҳи пойбандӣ ба фаризаи ҷиҳод, ки ўро ба сўи фидокорӣ ва ҷоннисорӣ мехонад, оташ мегирад. Агар инсон аз имони қавӣ ва дидгоҳи дурусти исломӣ бархурдор бошад, бар нуқоти манфии нафсаш пирўз омада ва ба сўи фидокорӣ ва ҷиҳод мешитобад, вагарна аз ақибафтодагон ва бознишастагон хоҳад буд.

Бо як роҳи воқеӣ ва мантиқи ошкор, дини Ислом ин мушкиларо муолиҷа менамояд. Хитоб ба инсон мегўяд: Эй инсоне, ки ба хотири тарс аз марг ва талаби роҳат, аз ҷиҳод бознишастаӣ! Оё ту зомини нафси хеш шуда метавонӣ, ки ин роҳате, ки дорӣ, бароят истимрор ва ин зиндагӣ бароят давом дошта бошад? Оё интизор надорӣ, ки беморие ояд ва роҳат аз дастат баргирад, ё ҳодисае ба вуқўъ пайвандад ва зиндагиатро аз байн барад? Оё ту аз ин ки фариштаи марг ҳар лаҳза ба дидорат оят, дар амонӣ? Агар посух манфӣ бошад, ки бояд ҳам чунин бошад, пас чаро фурсатро аз даст медиҳӣ ва розӣ ба марге арзон ва бидуни ҳеҷ қимат ё баробаре мешавӣ, дар ҳоле, ки метавонистӣ аз ин марги худ баҳра бибарӣ ва иззат, каромат ва подоши фаровоне ба даст орӣ?

Аз ҷониби дигар, оё ту ба рўзи охират ва ин ки дар он ҷо биҳишт ва дўзахе ҳаст, имон надорӣ? Пас чаро нафси худро бо бознишастан аз ҷиҳод, дар маърази оташи дўзах қарор дода ва ба хотири чанд рўз ё чанд соли беарзиш зиндагонӣ кардан дар ин дунёи зудгузар, худро аз биҳишти азим ва ҷовидона маҳрум месозӣ?

Худои мутаол мефармояд:

Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро вақте ба шумо амр мешавад, ки барои ҷиҳод дар роҳи дин бедаранг хориҷ шавед, (чун бори гарон) ба хоки замин сахт дилбастаед? Оё розӣ ба зиндагонии (ду рўзаи) дунё ивази ҳаёти абадии охират шудед? (Дар сурате, ки) матои дунё дар пеши олами охират бисёр андак ва ночиз аст. Бидонед, ки агар дар роҳи дини Худо барои ҷиҳод берун нашавед, Худо шуморо ба азобе дарднок азоб хоҳад дод ва мардуме дигар барои ҷиҳод ба ҷои шумо хоҳад баргумошт...

Имом Алӣ (алайҳис-салом) дар Наҳҷ-ул-балоға мефармояд:

Ҳамоно марг ба суръат дар талаби шумост, на онҳо, ки истоданд ва на онҳо, ки фирор мекунанд, ҳеҷ кадом аз чанголаш раҳоӣ намеёбанд. Ҳамоно беҳтарин маргҳо кушта шудан (дар роҳи Худо) аст. Савганд ба зоте, ки ҷони фарзанди Абўтолиб дар ихтиёри ўст, ҳазор зарбати шамшер бар ман осонтар аст то марг дар бистар, дар ғайри тоати Парвардигор”.

Дар хутбаи дигаре мефармояд:

Ба Худо савганд, агар аз шамшери дунё фирор кунед, аз шамшери охират солим намемонед... Дар фирор ғазаб ва хашми Худост ва хории ҳамешагӣ ва нанги ҷовидон. Фироркунанда ба умри хеш намеафзояд ва байни худ ва рўзи маргаш деворе эҷод намекунад. Кист, ки бо суръат ва нишот бо ҷиҳоди хеш ба сўи Худо биравад, ҳамчун ташналабе, ки ба сўи об мешитобад? Биҳишт дар зери сояи найзаҳост...

Имом Ҳусайн ибни Алӣ (алайҳис-салом) дар шеъре мефармояд (ки тарҷумаи маънои он чунин аст):

Агар дунё боарзиш шумурда шавад;

Подошгоҳи Худо болотар ва арҷмандтар аз он аст.

Агар баданҳо барои марг ба вуҷуд оварда шудаанд;

Кушта шудани мард бо шамшер дар роҳи Худо беҳтар аст.

2. Фаҳми нодуруст аз зиндагӣ ва дин: Бештари мардум зиндагиро чунин мефаҳманд, ки зиндагӣ фақат хўрдану нўшидану лаззат бурдану хобидан аст ва бояд инсон онҳоро барои нафси хеш фароҳам созад. Аммо иззат, каромат ва шараф чизҳои зарурие нестанд, ки бояд фароҳам бошанд. Барои зиндагӣ хўрдану лаззат бурдану роҳат намудан кофист.

Ҳатто яке аз чунин шоироне мегўяд (ва тарҷумаи шеър чунин аст):

Дунё нест ҷуз шаробу таому маном;

Ки агар онҳо аз дастат рафт, пас Худо ҳофиз, эй дунё!

Аммо аз назари як нафар инсони мўъмин ва огоҳ, зиндагӣ чунин нест, балки зиндагӣ аз дидгоҳи мўъмин, иззат, каромат ва шараф аст, ки агар фароҳам набуданд, зиндагӣ дар хорӣ, зиллат ва пастӣ арзише надорад. Имом Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд:

Марг дар зиндагии шумост агар шикаст хўред ва зиндагӣ дар марги шумост агар пирўз шавед...

Имом Ҳусайн (алайҳис-салом) мефармояд:

Ҳамоно ман маргро ҷуз саодат ва зиндагӣ бо ситамгаронро ҷуз марг намебинам”.

Дар ин миён гурўҳи дигаре аз мардум ҳам ҳастанд, ки нисбат ба мавзўи ҷиҳод дар роҳи Худо фаҳми дурусте надоранд. Мегўянд: Шароити ҷиҳод фароҳам нест, зеро Имоми маъсуме нест, ки рухсати онро диҳад... Ин чунин фаҳме, муғолитае[1] беш нест ва барои он касе, ки аз фиқҳи ҷиҳод дар Ислом камтарин огоҳие дорад, муғолита буданаш ошкор мешавад. Зеро фақеҳон ҷиҳодро бар ду қисм тақсим мекунанд:

а) Ҷиҳод дар роҳи Худо барои нашри Ислом дар ҷомеаҳои дигар ва баланд қарор додани сухани Худо дар рўи замин. Ин навъ ҷиҳод аст, ки дар он раҳбарии имоми маъсум ё рухсати ў шарт шудааст ва воҷиб буданаш ҳам ба сурати кифоист, яъне агар гурўҳе аз уммат камар ба он банданд, аз дўши дигарон соқит мешавад. Имом Алӣ (алайҳис-салом) дар ин замина мефармояд: “Мусулмон барои ҷиҳод ҳамроҳ бо касе, ки имон ба ҳукм - яъне раҳбарии ғайри шаръӣ - надорад ва дар ғанимат фармони Худои мутаол ҷорӣ намекунад, берун намеояд”.

б) Ҷиҳод ба хотири дифоъ аз дин, ё ватан, ё ҳуқуқи мардум, ё аз ҷон, мол ва номус ва ё аз маҳрумон ва мазлумон. Ин навъ мубориза шаръист ва ҳатто фарз аст бар ҳар фарде ва ниёзе ҳам ба рухсати имоми маъсум ё марҷаи динӣ надорад. Агар касе барои чунин ҷиҳоде бархоста ва дар он роҳ кушта шавад, шаҳиди роҳи Худо шумурда мешавад.

Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)мефармояд:

Ҳар касе, ки дар роҳи дифоъ аз хонаводааш кушта шавад, шаҳид аст ва ҳар он кас, ки дар роҳи бозпасгирии ҳуқуқаш кушта шавад, шаҳид аст ва ҳар касе, ки дар роҳи дифоъ аз молаш кушта шавад, шаҳид аст”.

Донишманди бузург Ҳурри Омулӣ дар фарҳангномаи ҳадисии хеш “Васоил-уш-шиа”, боби ҷудогонаеро зери унвони “Боби ҷоиз будани набард бо ҷангҷў, дузд, ситамгар ва дифоъ аз ҷон, номус ва мол, ҳарчанд андак буда ва тарси кушта шуданаш ҳам бошад” дар китоби ҷиҳод, барои ин матлаб ихтисос додааст.

Ў дар ин боб 17 ҳадис меоварад, ки охирини онҳо ин ривоят аст, ки мегўяд: “Алӣ ибни Абўтолиб (алайҳис-салом) мефармояд: Ҳар он кас, ки дузде вориди манзили ў шуд, ба зарбат задан бар он дузд биштобад...

Дар Наҳҷ-ул-балоға мехонем Имом Алӣ (алайҳис-салом) қавмеро ба хотири ин ки ба мубориза алайҳи гурўҳе аз сипоҳи Муовия, - ки бар ин қавм таҷовуз карда буданд - барнахостанд, мавриди сарзаниш қарор медиҳад. Мефармояд:

Сипас  онҳо (гурўҳе аз сипоҳи Муовия баъд аз таҷовуз ба ҳарими қавм) бо ғанимат баргаштанд бидуни ин ки ҳатто як нафар аз онҳо захмӣ гардад ва ё қатрае хун аз онҳо рехта шавад...” Онгоҳ Имом мефармояд: “Рўи шумо зишт бод ва ҳамеша ғаму ғусса ҳамроҳатон бод, ки шумо ҳадафи ҳуҷуми душман қарор гирифтед, пай дар пай ба шумо ҳамла мекунанд, вале шумо дар муқобил ба ҳамла барнамехезед, бо шумо меҷанганд, вале шумо намеҷангед!...

Устоди фуқаҳо Шайх Муҳаммадҳасан Наҷафӣ, соҳиби китоби “Ҷавоҳир”, баъд аз он ки баҳси муфассале дар заминаи ҷиҳод ба амал меоварад, мефармояд:

“Аз он чи гузашт чунин хулосабардорӣ мешавад, ки ҷиҳод бар чанд қисм аст:

а) Ин ки ҷиҳод, аз ҷониби худи мусулмонон оғоз карда шавад барои даъват ба сўи дини Ислом. Ин навъ ҷиҳод ба шарти фароҳам будани шартҳое, ки гуфтем, - ки аз ҷумлаи он вуҷуди имоми маъсум аст - анҷомпазир аст ва ҳамон аст, ки воҷиб буданаш кифоист;

б) Ин ки ҳамла кунад бар мусулмонон душмани кофир, ки ҳастаи Ислом аз ҷониби ў мавриди таҳдид аст ва ё тарси ин вуҷуд дошта бошад, ки бар кишварҳои исломӣ сайтара пайдо кунад ва ононро ба асирӣ кашад ва молҳояшонро ғорат намояд. Ин навъ аз ҷиҳод бар ҳар мусулмоне чӣ озод бошад ё барда, чӣ мард бошад ё зан, чӣ тандуруст бошад ё бемор, чӣ кўр бошад ё ланг ва ё ғайра, агар ниёз ба онҳо пайдо шавад, фарз аст. Чунин ҳам нест, ки бастагӣ дошта бошад ба ҳузур доштани имоми маъсум (алайҳис-салом) ва ё рухсати ў. Фарз буданаш ҳам фақат махсуси касоне аз мусулмонон, ки онро қасд кардаанд, нест, балки бар ҳар касе, ки аз ҳолат огоҳӣ ёбад, фарз аст, ки бархезад агар қудрати қасдкардашудагон бар муборизаро надонад ва бар наздикон воҷиб буданаш ботаъкидтар аст”.

3. Узрҳои бемаврид: Дар ин миён гурўҳе аз мардум ҳам ҳастанд, ки имон ба зарурат доштани талош ва ҷиҳод доранд, вале барои бознишастагӣ ва беҳаракатии худ узрҳои бемаврид меоваранд. Гоҳе чунин узр меоваранд, ки бояд таҳсилоташонро ба итмом расонанд ва ё масъулияти тиҷоратие бар дўш доранд ва гоҳе ҳам вуҷуди аҳли хонавода ва фарзандонро узр қарор медиҳанд ва гоҳе дигар шароити дарднокро сарзаниш мекунанд... Дар ин ҷо агар ба Қуръони карим муроҷиат намоем, мебинем Қуръон тамоми ин узрҳоро мавриди инкор қарор дода ва узроварандагонро ба сарнавиште бад таҳдид мекунад. Худои мутаол мефармояд:

(Эй паёмбари мо!) Бигў умматро, ки эй мардум! Агар шумо падарон ва писарон ва бародарон ва занон ва хешовандони худ ва молҳое, ки гирд овардаед ва тиҷорате, ки аз касодии он бимнокед ва манзилҳоеро, ки ба он дил бастаед, беш аз Худо ва паёмбар ва ҷиҳод дар роҳи ў дўст медоред, мунтазир бошед то қазои ҳатмии Худо ҷорӣ гардад ва Худо фосиқон ва бадкоронро (ба роҳи биҳишт ва саодат) ҳидоят нахоҳад кард”.

Онгоҳ, ки Имом Алӣ (алайҳис-салом) гирифтори ёрони бознишаста ва танбале шуд, ки бознишастагии хеш аз ҷиҳодро ба тағйири шароити обу ҳаво тавҷеҳ мекарданд, дар миёни онон хутбае дурушт ронд, ки дар он омадааст:

Ҳар гоҳ дар айёми тобистон фармони ҳаракат ба сўи душман додам, гуфтед: Андаке моро мўҳлат деҳ то сўзи гармо фурў нишинад. Агар дар сармои зимистон ин дастурро ба шумо додам, гуфтед: Акнун ҳаво фавқулода сард аст, бигзор сўзи сармо ором гирад. Ҳамаи ин баҳонаҳо барои фирор аз сармо ва гармо буд. Шумо, ки аз сармо ва гармо ваҳшат доред ва фирор мекунед, ба Худо савганд, аз шамшери душман бештар фирор хоҳед кард. Эй касоне, ки ба мардон мемонед, вале мард нестед! Эй кўдаксифатони бехирад! Эй арўсони чодарнишин, (ки ҷуз айшу нўш ба чизе намеандешед), чӣ қадар дўст доштам, ки ҳаргиз шуморо намедидам ва намешинохтам...

4. Қиём ба забон: Баъзе аз мардум, аз ҷиҳод фақат ба ин миқдор иктифо мекунанд, ки суханрониҳои шўрангез хитоба намоянд ва ё китобҳои инқилобӣ нигоранд. Аммо вақте аз эшон хоста шавад, ки амалан ҷоннисорӣ намоянд ва ба муборизаи тан ба тан дар майдони ҷиҳод ворид шаванд, мебинем шикаста шуда ва рў ба фирор мениҳанд.

Дар ин замина Имом Алӣ (алайҳис-салом) дар Наҳҷ-ул-балоға хитоб ба бархе аз чунин мардум мефармояд:

Эй мардуме, ки баданҳоятон ҷамъ, вале афкор ва хостаҳои шумо пароканда аст! Суханони доғи шумо сангҳои сахтро дарҳам мешиканад, вале аъмоли сусти шумо душманонатонро ба тамаъ вомедорад. Дар маҷлисҳо фарёд мекашед: Кош дар майдони набард будем, кош пайкор мекардем! Аммо ҳангоми ҷанг фарёд мекашед: Эй ҷанг! Аз мо дур шав!...

Ҷиҳод, ба василаи чӣ ва чаро?

Ислом дар бархўрд бо истеъмор, ситам ва инҳирофу бероҳагӣ ниёз ба васоил, нерўҳо ва дастгоҳҳои гуногун дорад. Садо ва симо василаест, қалам василае дигар аст, талошу кўшиш нерўест, ҳаракати иҷтимоӣ силоҳест... Мубориза тамоми ин нерўҳо ва васоилро металабад. Ба ҳамин ҷиҳат Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)сарвати Хадиҷа ҳамроҳ бо шамшери Алиро ду сабаби асосии пирўзии Ислом муаррифӣ мекунад. Қуръони карим ҳамеша ба ҷиҳод ба василаи мол ва ҷон тарғиб мекунад. Имом Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд:

Худоро! Худоро! Дар мавриди ҷиҳод дар роҳи Худо бо молҳо, ҷонҳо ва забонҳоятон...

Аммо ҳадафҳои ҷиҳод дар роҳи Исломро метавон дар мавориди зерин хулосабандӣ кард:

1. Ҷиҳати нашри Ислом дар ҷаҳон ва наҷот додани башарият аз ҳукуматҳои гумроҳ ва кофир. Қуръони карим мефармояд:

(Эй мўъминон!) Бо кофирон қитол намоед, ки дар замин дигар фитна ва фасоде намонад ва дин ҳама дини Худо гардад...

2.  Ҷиҳати дифоъ аз дин, ватан, ҷон ва ҳуқуқ: “Ҳар он кас, ки дар роҳи бозпасгирии ҳуқуқи хеш кушта шавад, шаҳид аст”.

3.   Ҷиҳати ислоҳ дар дохили уммат. Имом Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд: “Албатта бо онҳо ба хотири таъвили Қуръон (маънои Қуръон) хоҳам ҷангид ҳамон гуна, ки ба хотири танзили Қуръон (нозил шудани Қуръон) бо онҳо ҷангида будам”.

4. Ҷиҳати дифоъ аз мазлумон ва маҳрумон. Худои мутаол мефармояд: “Чаро дар роҳи Худо ҷиҳод намекунед, дар сурате, ки гурўҳи нотавоне аз марду зану кўдакони шумо доим мегўянд: Бор Худоё! Моро аз ин шаҳре, ки мардумаш ситамкоранд, берун овар...

Имом Алӣ (алайҳис-салом) мефармояд:

Ба Худо савганд, агар ҷуз ба як нафар даст намеёфтанд ва ўро қасдан ва бидуни гуноҳ мекуштанд, қатли ҳамаи онҳо барои ман ҳалол буд...



[1] Муғолита – инсонро ба фикри ғалат андохтан.