Ҳамоно ин Ислом дини Худованде аст, ки онро барои худ интихоб кард ва бо дидаи иноят, парвариш дод ва беҳтарини халқи худро барои расондани он, ихтиёр кард. Пояҳои Исломро бар муҳаббати худ устувор кард ва динҳо ва мазҳабҳои гузаштаро бо иззати он, хор кард. Ва бо сарбаланд кардани он, дигар миллатҳоро беарзиш кард ва бо мӯҳтарам доштани он, душманонро хор кард ва бо ёрӣ кардани он, душманони сарсахтро шикаст дод ва бо нерӯманд сохтани он, решаҳои гумроҳиро кӯбид ва ташнагонро аз чашмаи зулоли он сероб кард ва обгираҳои Исломро пур аз об намуд. Худованд Исломро ба гунае маҳкаму устувор намуд, ки пайвандҳо ва ҳалқаҳояш аз ҳам ҷудо нашаванд ва сутунҳояш вайрон нагардад. Дар пояҳояш нобудӣ роҳ наёбад, дарахти вуҷудаш аз реша канда нашавад, замонаш ба поён нарасад, қонунҳояш кӯҳнагӣ напазирад, шохаҳояш бурида навашад, роҳҳояш тангу вайрон нашавад ва паймудани роҳаш душвор набошад. Торикӣ дар равшаноии он дохил нашавад ва роҳи рости он каҷӣ напазирад, сутунҳояш хам нашавад, гузаргоҳаш бе душворӣ паймуданӣ бошад. Дар чароғи Ислом хомӯшӣ ва дар ширинии он, талхӣ роҳ надорад.
Ислом дорои сутунҳои устуворе аст, ки Худованд паяҳои онро дар дили ҳақ барқарор ва асоси онро собит кард. Ислом чашмасорест, ки оби он дар ҷӯшиш аст. Ислом чароғест, ки шӯълаҳои он фурӯзон ва нишонаи ҳамеша устуворест, ки равандагони роҳи ҳақ, бо он ҳидоят мешаванд. Парчамест, ки барои роҳнамоии роҳравони роҳи ҳақ, насб шуда ва наҳрест, ки воридшавандагони он сероб мешаванд. Худованд ниҳояти хушнудии худро дар Ислом қарор дода ва бузургтарин сутунҳои динаш ва баландтарин қуллаҳои итоати ӯ, дар Ислом ҷой гирифтааст. Ислом дар пешгоҳи Худованд дорои сутунҳои боваринок, бинои баланд, роҳнамои ҳамеша равшан, шӯълае равшанибахш, далеле нерӯманд ва нишонае баландпоя аст, ки даргир шудан бо он, мумкин нест! Пас Исломро бузург бишморед, аз он пайравӣ кунед, ҳаққи онро адо намоед ва дар ҷойгоҳи шоистааш қарор диҳед, (хутбаи 198).