back index  

Ёду зикри Амиралмўъминин ва назар кардан ба он ҳазрат ибодат аст

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: النّظر إلى عليٍّ عبادة.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Нигоҳ кардан ба чеҳраи Алӣ ибодат аст.[1]

Ин ҳадисро ҳазароти Абӯбакр, Ибни Аббос, Маоз, Амр ибни Ос, Абӯсаиди Худрӣ, Уммулмўъминин Оиша, Маозаи Ғиффория, Ибни Масъуд, Восила, Имрон, Ҷобир, Абӯҳурайра, Абӯзар, Умар ибни Хаттоб, Анас, Усмон ва Савбон, ки ҷамъан 17 нафар мешаванд дар китобҳои мазкур ривоят кардаанд, илова бар ин, ин ҳадис аз ҳазрати Абўбакр бо ҳафт санад ва аз Ибни Масъуд бо даҳ санад ва аз дигарон низ бо беш аз як санад ривоят шудааст.

Ҳоким се санади ин ҳадисро ва Ҳайсамӣ ва Суютӣ ва Ибни Ҳаҷар дар Савоиқ низ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд ва Шавконӣ баъд аз ишора ба баъзе санадҳои ин ҳадис онро ҳадиси ҳасан ва хуб донистааст.[2]

Фатании ҳанафӣ бо ишора ба сухани Ибни Ҷавзӣ, ки ин ҳадисро аз 11 саҳоба нақл карда ва ҳамаи санадҳои онро заиф хонда, мегӯяд: “Ҳадиси шахси таркшуда ва мункар вақте санадаш зиёд шавад ба дараҷаи заиф, балки ба дараҷаи ҳасан ва хуб боло меравад, вале ин ҳадис аз 11 саҳоба бо санадҳои гуногун ривоят шуда ва ин теъдод ба назари ман мутавотир аст”.[3]

Каттонӣ мегўяд: Ин ҳадис аз 11 саҳоба бо санадҳои гуногун ривоят шуда ва Суютӣ гуфтааст: Ривояти 11 саҳобӣ аз назари ҷамоате (аз муҳаддисин) мутавотир аст.[4]

Муновӣ низ мегўяд: "Ибни Ҷавзӣ ин ҳадисро аз 11 саҳоба дар "Ал-мавзўот"-аш нақл карда ва тамоми онҳоро заиф дониста, Суютӣ ва ғайраш аз паи сухани Ибни Ҷавзӣ гуфтаанд: Ин ҳадис аз 11 саҳоба бо санадҳои гуногун ривоят шуда ва ривояти 11 саҳоба аз назари гурўҳе мутавотир аст". [5]

Ин ҳадис низ қатъан мутавотир аст чунон, ки эътироф низ кардаанд. Ибни Ҷавзӣ дар як санади ҳадиси Анас, Муҳаммад ибни Қосимро заиф донистааст ва ҳол он ки Ибни Маин ва Ҳоким ўро сиқа донистаанд ва Ҳокиму Заҳабӣ чандин ҳадиси ўро саҳеҳ донистаанд. Ҳамчунин дар як санади Ибни Аббос Яҳёи Ҳуммонӣ ва Язид ибни Абўзиёдро заиф донистааст, ки ҳар дуи онҳо низ сиқаанд, гарчӣ баъзеҳо онҳоро тазъиф карда ҳам бошанд.

Ибни Шоҳин баъд аз ривояти ин ҳадис аз Абдуллоҳ ибни Масъуд бо санади саҳеҳ, мегўяд: Танҳо Алӣ дорои ин фазилат аст ва касе дар он бо ў шарик нашудааст. [6]

Ҷолиб аст бидонем, ки ин ҳадис аз халифаи аввал ҳазрати Абўбакр, ҳазрати Усмон, Маоз ибни Ҷабал ва Имрон ибни Ҳусайн дар китобҳои ёдшуда чунин ривоят шуда, ки ин чаҳор нафар зиёд ва хеле тўлонӣ ба чеҳраи Амиралмўъминин нигоҳ мекарданд, вақте аз сабаби он савол шуд, онҳо ин ҳадисро ривоят карда бозгў намуданд, ки ба сабаби ин ҳадис зиёд ба чеҳраи Алӣ назора мекунанд, (то савоб касб кунанд).

Албонӣ дар бораи ин ҳадис мегўяд: Заҳабӣ шоҳиди ин ҳадисро, (ки Ҳоким барои ҳадиси аввал шоҳид оварда) саҳеҳ донистааст. [7] Аз ин шаҳодати Албонӣ истифода мешавад, ки ваҳҳобиҳо ин тасҳеҳи Заҳабиро аз талхиси Мустадрак ҳазф кардаанд.

Аммо чанд сухан дар бораи таноқузот ва дурўғгўиҳои Албонӣ дар бораи ин ҳадис: Ҳоким аз тариқӣ Яҳё ибни Исо ин ҳадисро ривоят карда, ки Албонӣ санади онро ба хотири Солеҳ ибни Мақотил заиф хонда ва сипас мегўяд: Табаронӣ онро аз тариқи Аҳмад ибни Бадил аз Яҳё ибни Исо ривоят карда ва сипас мегўяд: Ин санад ба вуҷуди Яҳё ибни Исо заиф аст. Барои баёни хиёнати Албонӣ ҳамин миқдор кофӣ аст бидонем, ки Албонӣ дар китоби "Аҳодиси саҳеҳа" ва ҳамчунин дар ҳошияи Сунани Тирмизӣ ва Сунани Ибни Моҷа, чандин ҳадиси Яҳё ибни Исоро саҳеҳ донистааст.

Дар як санади дигар се иллатро сабаби заъфи он дониста:

1.Ихтилоти Абдураҳмон ибни Абдуллоҳи Масъудӣ;

2. Вуҷуди Осим ибни Алӣ;

3. Маҷҳул будани Мусайяб ибни Зуҳайр.

Ҳол он ки аввалан: Мусайяб ибни Зуҳайр маҷҳул нест, чун Ҳоким ва Заҳабӣ аҳодиси зиёди ўро саҳеҳ хондаанд. Сониян: Аммо Масъудӣ худи Албонии каззоб аҳодиси фаровони ўро дар китобҳои мухталифаш аз ҷумла ҳошияи китобҳои Сунани Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Абўдовуд ва Насоӣ саҳеҳ дониста ва ҳеҷ ишора ба ихтилоти вай накардааст. Солисан: Осим ибни Алӣ. Худӣ Албонӣ эътироф карда, ки ў аз риҷоли Саҳеҳи Бухорӣ аст ва гузашта аз ин бе ишора ба заъфи ў дар ҳошияи Сунани Ибни Моҷа се ҳадиси ўро саҳеҳ донистааст.

Албатта ин гуна хиёнатҳо аз Албонӣ ва амсолаш фаровон аст, ки мо барои равшан шудани ҷойгоҳи муддаиёни дурўғини пайравӣ аз аҳодиси Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба баъзе аз ин гуна маворид ишора мекунем.

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: ذكر عليٍّ عبادة.

Уммулмўъминин Оиша мегўяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Зикру ёди Алӣ ибодат аст". [8]

Сўютӣ барои ин ҳадис се санад зикр кардааст, Албонӣ ва Ибни Ҷавзӣ тибқи одаташон онро заиф хондаанд ва ҳол он ки маънои ин ҳадисро низ аҳодиси фаровони дигар аз ҷумла ҳадиси мутавотири пешин таъйид ва тақвият мекунад.

name="_Toc270850986">

Баргаштани хуршед барои Амиралмўъминин

كان رسول الله يوحى إليه و رأسه في حجر عليٍّ و لم يصلّ العصرَ حتّى غربت الشّمس فقال رسول الله صلى الله عليه و آله: صلّيتَ يا عليُّ؟ قال لا. فقال رسول الله صلى الله عليه وآله: اللهمّ إنّه كان في طاعتك و طاعت رسولك فاردد عليه الشّمسَ. قالتْ أسماء: فرأيتها غربتْ ثمّ رأيتها طلعتْ بعد ما غربتْ.

"Ба Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ваҳй мешуд, дар ҳоле ки сари мубораки он ҳазрат дар домани Алӣ буд, Алӣ намози асрро нахонда буд, то ин ки хуршед ғуруб кард. Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) пурсиданд, ки эй Алӣ оё намоз хондӣ? Ҷавоб дод, ки на. Паёмбари Акрам фармуданд: Худоё Алӣ дар тоати ту ва паёмбарат буд, пас хуршедро аз барои ў баргардон. Асмоъ мегўяд: Ман дидам, ки хуршед ғуруб карда буд, сипас дидам, ки хуршед тулўъ кард ва баргашт баъд аз он ки ғуруб карда буд". [9]

 Ин ҳадис аз Амиралмўъминин Алӣ, Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн, Асмоъ, Умми Салама, Ҷобир, Абўрофеъ, Абўҳурайра ва Абўсаиди Худрӣ ривоят шудааст. Табаронӣ, Таҳовӣ ду санадро, Ҳайсамӣ, Абўзуръа ва Суютӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.

Албатта Ҳайсамӣ Фотима бинти Алиро намешиносам гуфтааст, вале вай Фотима бинти Имом Ҳусайн ва сиқа аст. Ибни Ҳаҷар дар "Фатҳ-ул-борӣ" мегўяд: Ибни Ҷавзӣ бо ворид карданаш ин ҳадисро дар китоби "Мазўот" ва ҳамчунин Ибни Таймия дар сохта донистанаш ин ҳадисро хато кардаанд ва ин ҳадис дар мўъҷиза будан расотар аст. [10]

Ин ҳадис бо эътирофи муҳаддисин гарчӣ аз нишонаҳои набувват аст, вале чун дар бораи Амиралмўъминин Алӣ иттифоқ афтода душманони фазоили Аҳли Байт монанди Ибни Таймия ва шогирдаш Албонӣ бо вуҷуди фаровонии ровиёну санадҳои ин ҳадис боз онро дурўғ ва сохташуда муаррифӣ кардаанд.

1. Ибни Касир дар санади аввали худ адолати Авн ибни Муҳаммад ва модарашро шинохтанашуда донистааст ва ба ин сабаб ин санадро тазъиф кардааст. Ҷавоб: Аммо Авн ибни Муҳаммад: Касе ўро тазъиф накарда, Ибни Ҳаббон ўро сиқа дониста, Бухорӣ ва Абўҳотам ўро зикр карда ва тазъиф накардаанд. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳар ровие, ки Бухорӣ ва Абўҳотам ўро ҷарҳ накарда бошанд, ҳукми тавсиқро дорад. Аммо модари Авн, ҳамсари Муҳаммади Ҳанафия аст ва Ибни Ҳаҷар дар "Тақриб" ўро мақбул донистааст.

2. Дар санади дуввум Ҳусайни Ашқарро заиф дониста аст. Ҷавоб: Аввалан худи Ибни Касир эътироф мекунад, ки ғайри Ҳусайни Ашқар низ ин ҳадисро аз Фузайл ривоят кардааст. Сониян: Ҳусайни Ашқарро Ибни Ҳаҷар дар "Тақриб" садуқ дониста ва ҳадиси шахси садуқ қатъан дар шавоҳид ҳасан ва хуб ва ҳатто саҳеҳ хонда мешавад.

3. Дар санади севвум Убайдуллоҳ ибни Мўсоро ў шиа гуфтааст ва бо ин сухан аз сари ин санад гуштааст. Ҷавоб: Убайдуллоҳ ибни Мўсо ҳам аз ровиёни сиҳоҳи шашгона аст ва ҳам шайху устоди Бухорӣ аст ва ҳам сиқа.

4. Дар санади чаҳорум касеро пайдо накарда ва ба худи Фузайл ибни Марзуқ таваққуф карда ва гуфтааст: Ў ҳам шиа аст ва ҳам дар ин санад ин ҳадисро бо "ан" ривоят кардааст ва... Ҷавоб: Фузайл аз ровиёни Саҳеҳи Муслим ва чаҳор сунан аст ва Бухорӣ низ аз ў дар "Рафъи ядайн" ҳадис ривоят кардааст. Ў сиқа аст ва муҳаддисине монанди Тирмизӣ, Ҳоким, Заҳабӣ ва ҳатто Албонӣ ва Шуайб Арнаут, ки ваҳҳобӣ ҳастанд бо иттифоқ аҳодиси ўро саҳеҳ донистаанд. Ҳамчунин касе ҳам ўро мудаллис нахонда, ки бо "ан" ривоят карданаш айб гирифта шавад. Сипас дар ҳамин санад Иброҳим ибни Ҳасан наваи Ҳасани Муҷтаборо маҷҳул донистааст. Ҷавоб: Аввалан тибқи қоидаи баъзе аз муҳаддисин Фузайл, ки сиқа аст ровии баъд аз ў агар маҷҳул бошад ҳадисаш мақбул аст. Сониян: Иброҳим ибни Ҳасанро Ибни Ҳаббон ва Ҳайсамӣ сиқа донистаанд. Хатиб дар шарҳи ҳоли Иброҳим мегўяд: Гуфта шуда, ки ў шабеҳтарини мардум ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд ва Мансур ўро дар зиндон кушт ва ў фарзанди Имом Ҳасан буд, ки дар зиндон аз дунё рафт. [11] Бо ин вуҷуд чӣ гуна ў маҷҳул (шинохтанашуда) аст!?

5. Дар санади панҷум аз тариқи Абдураззоқ аз Саврӣ ва... нақл кардааст ва мегўяд: Чӣ гуна ин ҳадиси ба ин бузургӣ ва муҳимро аз Абдураззоқ ғайр аз Халф ибни Солим ривоят накардааст. Ҷавоб: Таваҷҷўҳ кунед, ки бадбинӣ нисбат ба фазоили Аҳли Байт инсонро ба куҷо мекашонад. Агар ин сухани Ибни Касир мавриди қабул қарор гирад, бояд фотиҳаи суннат ва осор хонда шавад. Аммо Халф ибни Солим бе ихтилоф сиқа аст ва Ибни Ҳаҷар низ дар "Тақриб" ўро сиқа хондааст.

6. Дар санади шашум боз ба Ҳусайни Ашқар ва Алӣ ибни Ҳошим ишкол карда ва санадро ба хотири ин ду заиф хондааст. Ҷавоб: Ҳусайни Ашқар ҳамон гуна ки ишора шуд садуқ аст. Аммо Алӣ, ў аз ровиёни Саҳеҳи Муслим ва чаҳор сунан аст ва бо иттифоқ ўро сиқа ва садуқ хондаанд ба ғайр аз Доруқутнӣ, ки ўро заиф хондааст. [12]

7. Дар санади ҳафтум Абдуллоҳ ибни Саид ибни Хозими нахаиро сабаби заъфи санад донистааст. Ҷавоб: Аввалан Бухорӣ аз ў дар Адабул-муфрад, ҷ.1, саҳ.415, р 1211, ҳадис ривоят карда ва Албонӣ санади онро саҳеҳ дониста ва Ибни Ҳаҷар дар Тақриб ўро мақбул хондааст.

Сипас Ибни Касир дар бораи ин санад мегўяд: Дар гузашта ишора кардем, ки Ибни Ҷавзӣ Ибни Уқдаро муттаҳам карда, ки ў ин ҳадисро сохтааст. Ҷавоб: Оре, мутаассифона туҳмат задан ба бандагони Худо ин қадар роҳат ва осон аст! Аввалан Ибни Уқда ҳофизи бузург ва сиқа аст, ҳоло фарзан инсон аз рўи лаҷоҷат ва душманӣ Ибни Уқдаро дар ин санад муттаҳам кард, вале бечора фикр намекунад, ки бо ин ҳама санадҳои фаровон чӣ хоҳад кард ва чӣ гуна аз рўи кина будани ин ҳукмҳои худро пинҳон хоҳад гузошт! Албатта муҳаддисин аз ҷумла худи Ибни Касир ва ҳатто Албонӣ ба суханони Ибни Уқда фаровон тамассук ҷустаанд ва Ибни Касир дар ҳамин китобаш барои ў шарҳи ҳол навишта ва нақл кардааст, ки аз замони Ибни Масъуд то ба ҳол касе ҳофизтар аз Ибни Уқда набудааст. Бо ин ҳол чӣ гуна ўро дар бораи ҳадисе, ки санадҳои фаровон дорад муттаҳам мешавад кард!?

8. Дар санади даҳум аз Абўҳурайра ин ҳадисро нақл карда ва мегўяд: Дар санади он Яҳё ибни Язид ва падараш ва Довуд ибни Фароҳиҷ тазъиф шудаанд ва Ибни Ҷавзӣ онро ба вуҷуди Довуд ибни Фароҳиҷ заиф хондааст. Ҷавоб: Довуд сиқа аст, Яҳёи Қаттон, Абўҳотам, Ибни Маин, Иҷлӣ, Ибни Шоҳин, Ибни Ҳаббон ва Ибни Адӣ ўро сиқа донистаанд. [13] Шуайб Арнаут низ аҳодиси ўро дар ҳошияи Муснади Аҳмад ҳасан ва хуб донистааст. Яҳё ибни Язидро низ Абўзаръа, Аҳмад ва Ибни Маин мавриди эътимод донистаанд ва Абўҳотам мункарулҳадис хондааст. [14] Аммо падараш Язид ибни Абдулмалик, Яҳё ибни Маин ўро мавриди эътимод дониста ва бақия заиф ва мункарулҳадис хондаанд. Чун ин ҳадис аз мунфаридоти ў нест, пас ин санад низ дар шавоҳид қобили қабул хоҳад буд. Бояд диққат дошта бошем, ки Ибни Касир мегўяд: Ин ҳадисро баъзе ровиён сохта ва ё ба яке аз онҳо ворид карда шуда ва ў мутаваҷҷеҳ нашудааст. Ин иттиҳоми бузурги Ибни Касир дар ҳоле аст, ки ҳеҷ як аз ровиёни ин санад муттаҳам ба кизб нестанд.

9. Дар бораи санади Абўсаиди Худрӣ мегўяд: Ин санад торик ва матнаш мункар ва мухолиф бо нақлҳои пешин аст. Агар ин ҳадис аз Абўсаиди Худрӣ асл медошт асҳоби бузурги ў онро аз ў мегирифтанд чунон, ки дар саҳеҳайн ахбори хавориҷ ва ғайри он аз фазоили Алиро аз ў нақл кардаанд. Ҷавоб: Аввалан: Матни ҳадис ҳеҷ ихтилофе бо матни пешин надорад ва сухани ў дар ин бора беасос аст. Сониян: Агар ин санад ровиёни шинохтанашуда дошт онҳоро ном мебурд, чун дар санадҳои пешин дидем, ки ҳатто ровиёни саҳеҳи Бухорӣ ва Муслимро низ ном бурд ва сабаби заъфи ҳадис донист. Бинобар ин наметавон ин ҳукми куллии ўро қабул кард.

10. Ин ҳадисро аз Амиралмўъминин Алӣ нақл карда ва сипас мегўяд: Ин санад торик ва аксари ровиёнаш шинохта нашудаанд. Сипас шурўъ карда ба бадгўӣ ба шиа, ки ин ҳадисро онҳо сохтаанд ва агар Алӣ чунин манқабати бузургро ривоят карда буд оё танҳо бо ин санади торик ривоят мешуд! Ҷавоб: Оё мешавад бо чунин суханон ҳадисе ба ин бузургиро рад намуд. Гўё Ибни Касир мехоҳад бигўяд, ки агар ин ҳадисро асҳоби бузурги Амиралмўъминин ва Абўсаиди Худрӣ ривоят карда буданд, ў онро мепазируфт, вале мутаассифона Ибни Касир дар инкори фазоили Аҳли Байт аз устодаш Ибни Таймия таъсир гирифтааст ва далоил собит мекунад, ки ин суханони Ибни Касир баҳонае беш нест, чун Ибни Касир аҳодиси мусаллам ва мутавотири фаровонеро дар фазоили Аҳли Байт на ин ки тазъиф балки аз реша инкор кардааст, ки аз ҷумлаи он ҳадиси зер аст, ки дар ҳамин китоби таърихаш ба роҳатӣ мегўяд:

وقد ورد في أنه أول من أسلم أحاديث كثيرة، لا يصح منها شئ.

"Дар бораи ин ки ў (Амиралмўъминин Алӣ) аввал касе буда, ки Ислом оварда аҳодиси фаровон ривоят шудааст, ки ҳеҷ як аз онҳо саҳеҳ нест". [15] Касе, ки дар бораи ин гуна мавзўи мусаллами исломӣ ва хабари мутавотир чунин сухани беасоси бузургро мегўяд ва ба ин роҳатӣ бо аҳодиси мутавотири Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бозӣ мекунад, оё метавон чунин баҳонаҳои ўро қабул намуд!?

Албатта суханони беасоси Ибни Касир зиёд аст, ки мо дар ин ҷо қасди баёни онҳоро надорем, вале дар ҳамин ҷо баъд аз ин ҳадис боз мегўяд: Куҷо буданд асҳоби бузурги Алӣ монанди Убайдаи Салмонӣ, Шурайҳи Қозӣ, Шаъбӣ ва монанди инҳо, ки ин ҳадисро ривоят накардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар шарҳи ҳоли Шаъбӣ гуфтаанд, ки ў ҳатто аз Амиралмўъминин ҳадис нашунида ва танҳо он ҳазратро дида ва хурдсол буда ва ҳатто гуфтаанд, ки аз Уммулмўъминин Оиша ҳадис нашунидааст, чӣ расад ба Амиралмўъминин Алӣ ва аз асҳоби бузурги он ҳазрат будани вай. [16]

Сипас боз ба суханони аҷиби худ идома медиҳад ва мегўяд: Ин ки имомон монанди Молик ва соҳибони сиҳоҳи шашгона ва соҳибони муснадҳо ва сунанҳо ва саҳеҳу ҳасанҳо ин ҳадисро тарк карда ва дар китобҳояшон ворид накардаанд, ин бузургтарин далел бар ин аст, ки ин ҳадис назди онҳо беасос буда ва баъд аз онҳо сохта шудааст. Ҷавоб: Барои равшан шудани ин ки Ибни Касир ин сухани беасосро бо огоҳӣ ба беасосии он гуфтааст ду шоҳид зикр мекунем:

1. Ибни Касир худ эътироф мекунад, ки Аҳмад ибни Солеҳи мисрӣ ин ҳадисро саҳеҳ ва ҳатто барои ҳар соҳиби илме лозим медонистааст, ки онро ҳифз кунад, чун он аз бузургтарин нишонаҳои набувват аст. [17] Ин Аҳмад ибни Солеҳ соли 175 ба дунё омада ва соли 248 аз дунё рафта ва аз ровиёни Саҳеҳи Бухорӣ, Абўдовуд, Адабул- муфрад ва Шамоили Тирмизӣ аст ва хеле ўро сутудаанд. [18] Пас ў пеш аз тамоми соҳибони саҳеҳи шашгона зиндагӣ карда ва даргузаштааст.

2. Муҳаммад ибни Аҳмади Дулобӣ мутаваллиди 224 ва мутаваффои 310 ва Таҳовӣ мутаваллиди 239 ва мутаваффои 321 ин ҳадисро дар китобҳои худ ривоят кардаанд, ки тақрибан ҳамзамон бо асҳоби сунан буда ва хеле аз замонҳои Бухорӣ ва Муслимро низ дарк кардаанд. Бо ин баён беасосии сухани дигари Ибни Касир равшан мешавад, ки гуфт: Ин ҳадис баъд аз замони инҳо сохта шудааст. Албатта худи Ибни Касир дар идома суханони дигаре низ дорад, ки ин суханашро, ки гуфт: Ин ҳадис баъд аз замони соҳибони сиҳоҳи шашгона, Молик ва... сохта шудааст, рад мекунад ва равшан месозад, ки ў бо огоҳӣ чунин сухани беасосро ба забон овардааст.



[1]. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ 141-142, р.4181 то 4183. Исобаи Ибни Ҳаҷар, ҷ.8. саҳ.10 7, р.11731. Ҳилятул авлиёи Абӯнаим, ҷ.2. саҳ.183 ҷ.5. саҳ.58. Таърихи Бағдод, ҷ.12, саҳ 353. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ 119. Мӯъҷамул кабир, ҷ.10, саҳ 76, р.10006, ҷ.18, саҳ 109, р.207. Сияру аъломун нубало ҷ.15. саҳ.542. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.40. саҳ.9,р-8062, ҷ.42. саҳ.350 то 356 (бо 18 санад). Канз-ул-уммол, ҷ.11. саҳ.601, р.32895. Ҷомеъуc caғири Суютӣ, ҷ.2, саҳ 671, р.9319. Мавзўоти Ибни Ҷавзӣ, ҷ.1, саҳ 358.

[2] . Фавоидул маҷмўъа, ҷ.1, саҳ 35 9, р.54.

[3]. “Тазкиратул мавзӯот”-и Фатанӣ, саҳ 97.

[4]. Назмул мутаносир минал ҳадисил мутавотир саҳ.243.

[5]. Файзул қадир, ҷ.6, саҳ 388, р.9319.

[6]. Шарҳи мазоҳиби аҳли суннат"-и Ибни Шоҳин, ҷ.1, саҳ 136, р.103.

[7] . Заифаи Албонӣ, ҷ.1, саҳ.207 ва 208, р.4702.

[8]. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.356. Ҷомеъус сағири Суютӣ, ҷ.1, саҳ.665, р.4332. Маноқиби Хоразмӣ, с. 261. Субулул ҳудо вар рашод, ҷ.11, саҳ.293. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ 601, р.32894.

[9]. Мушкилул осори Таҳовӣ, ҷ.3, саҳ.64, р.898 ва 899. Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.24, саҳ.144-151, р.382-390. Аз-зурриятут тоҳираи Дулобӣ, ҷ.1, саҳ.91, саҳ.164. Маҷмаъуз завоид, ҷ.8, саҳ.297. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.283 то 305. Тафсири Қуртубӣ, ҷ.15, саҳ.197. Таърихи Ибни Касир ҷ.6, саҳ.88-92. Лаолиул маснуаи Суютӣ ҷ.1, саҳ.336-341. Савоиқул муҳриқа, ҷ.2, саҳ.375. Таърихи ибни Касир, ҷ.6, саҳ.88-92.

[10] . Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар, ҷ.6, саҳ 155.

[11] . Таърихи Бағдод, ҷ.6, саҳ.51, шарҳи ҳоли 3080.

[12] . Таҳзиб-ут-таҳзиби Ибни Ҳаҷар, ҷ.7, саҳ.343, шарҳи ҳоли 635.

[13] . Мизонул эътидоли Заҳабӣ, ҷ.2, саҳ.19, р.2641. Лисонул мизон, 2, саҳ.424, р.1745.

[14] . Лисонул мизони Ибни Ҳаҷар, ҷ.6, саҳ.281, р.988.

[15] . Таърихи Ибни Касир, ҷ.7, саҳ.370.

[16] . Таҳзиб-ут-таҳзиби Ибни Ҳаҷар, ҷ.5, саҳ.59 ва 60, р.110.

[17]. Таърихи Ибни Касир, ҷ.6, саҳ.94. Мушкилул осори Таҳовӣ, ҷ.3, саҳ.68, зайли ҳадиси шумораи 902.

[18]. Таҳзиб-ут-таҳзиб, ҷ.1, саҳ.34, р.68. Сияру аъломун нубало, ҷ.12, саҳ.160, р.59.

back index