index next

http://192.168.0.16/nahj-htm/taj/maqale/index.html

Нузули ояти вилоят дар ҳаққи Алӣ

خرج رسول الله صلّى الله عليه و آله إلى المسجد و النّاس يصلّون و إذا مسكين يسأل فقال: أعطاك أحدٌ شيئاً؟ قال نعم ذلك القائم. قال: على أيِّ حال أعطاك؟ قال: و هو راكع. قال: و ذلك عليٌّ فكبَّر رسول الله صلّى الله عليه و آله و تلا الآية: إنَّما وَليُّكم اللهُ و رسولُه و الَّذينَ آمَنوا الَّذينَ يُقيمونَ الصَّلوة و يُؤْتون الزَّكوة و هم راكعون.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба масҷид омаданд дар ҳоле ки мардум намоз мехонданд ва мискинеро диданд, ки аз мардум кўмак мехост. Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз ў пурсиданд: Оё касе ба ту кўмак кард? Ў гуфт: Оре, ин шахсе, ки истодааст. Ҳазрат пурсиданд: Дар кадом ҳол ба ту кўмак кард? Гуфт: Дар ҳоле ки дар рукўи намоз буд. Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ў Алӣ аст ва сипас такбир гуфтанд ва ин оятро, ки дар бораи Алӣ нозил шуда буд хонданд, ки "Сарпараст ва валии шумо фақат Худованд аст ва Паёмбараш ва касоне, ки имон оварданд ва ҳамонҳо, ки намозро ба по медоранд ва дар ҳоле ки дар рукўъ ҳастанд закот (садақа) медиҳанд".[1]

Ин ҳадисро Амиралмўъминин Алӣ, Миқдод, Абӯзар, Аммор, Ҷобир, Ибни Аббос (бо 9 санад), Собит ибни Абдуллоҳ, Ато ибни Соиб, Абдуллоҳ ибни Саллом, Салама ибни Куҳайл, Абӯрофеъ, Муҳаммади Ҳанафия, Анас, Ибоя ибни Рабиъ, Утба ибни Ҳаким, Муҷоҳид, Муҳаммад ибни Алии Боқир, Калбӣ, Муқотил, Суддӣ ва Абдулмалик ибни Ҷурайҳ ривоят кардаанд.

Суютӣ дар “Дуррул мансур” (ҷ 2, саҳ.293-294), бо 10 санад ин ҳадисро аз китобҳои муҳаддисон ва муфассирон нақл кардааст.

Нузули ин оят дар бораи Алӣ ибни Абўтолибро бо дар назар гирифтани маҷмўи ровиёни он метавон гуфт, ки мутавотир аст.

Ҳассон ибни Собит, аз шоирони саҳоба низ дар ин бора чунин шеъре гуфтааст:

فأنت الذي أعطيت إذ كنت راكعا زكاة فدتك النفس يا خير راكع

فأنزل فــيك الله خيــر ولايــة وثبتها مثنى كتاب الشرايع

Ту ҳамон касе ҳастӣ, ки дар ҳоли рукӯъ закот пардохтӣ,

Ҷонам фидоят, эй беҳтарин рукӯъкунанда!

Он гоҳ Худо дар мавриди ту некӯтарин вилоятро нозил фармуд;

Ва онро дар китоби шариат сабт фармуд.[2]

Суютӣ баъд аз нақли панҷ санад барои ин ҳадис мегўяд:

فهذه خمس طرق لنزول هذه الآية الكريمة في التصدق على السائل في المسجد يشد بعضها بعضا

Ин панҷ санад дар бораи нузули ин ояти карима дар садақа додани (Алӣ) ба суолкунанда дар масҷид ҳар кадом дигариро тақвият мекунад.[3]

Қозӣ Иҷӣ, Ҷурҷонӣ, Тафтозонӣ ва Қушчӣ аз бузургони уламо гуфтаанд: “Иҷмои муфассирон бар ин аст, ки ин оят дар шаъну фазилати Алӣ нозил шудааст”. (“Ал-мавоқиф фи илмил калом”, саҳ.405. Шарҳи мавоқиф, ҷ.8, саҳ.340. Шарҳул мақосид, ҷ.5, саҳ.170. Шарҳут таҷриди Қушчӣ, саҳ.368).

Олусӣ аз муфассирини бузург низ мегӯяд:

وغالب الأخباريين على أنها نزلت في علي كرم الله تعالى وجهه

"Ғолиби аҳли ахбор бар ин ҳастанд, ки ин оят дар бораи Алӣ нозил шудааст”.[4]

Дар ҷои дигар мегўяд:

والآية عند معظم المحدثين نزلت في عليّ كرّم الله تعالى وجهه

“Ин оят назди муаззами муҳаддисин дар бораи Алӣ нозил шудааст”.[5]

Аммо чанд санади саҳеҳи ин ҳадис:

1 ва 2. Ду санади Ҳасконӣ аз Ибни Аббос, ки Саид ибни Ҷубайр ва Муҷоҳид онро ва ў ривоят кардаанд комилан саҳеҳ ва ровиёни он ду санад бо иттифоқ сиқа ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ин ҳадисро аз Ибни Аббос ҳамчунин Ато ибни Абўрабоҳ, Заҳҳок, Абўсолеҳ ва Абўисо низ ривоят кардаанд.

3 ва 4. Санади Ибни Абӯҳотам дар тафсираш аз Салама ибни Куҳайл ва Утба ибни Абўҳаким тамоми ровиёни Салама сиқа ва аз ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд ҷуз Мўсо ибни Қайси Ҳазрамӣ, ки ў низ сиқа аст ва санади Утба ҳасан ва хуб аст.

5 ва 6. Санади Табарӣ аз Суддӣ ва Утба низ ҳамаи ровиёнаш сиқа ва ё садуқ ҳастанд.

7 ва 8. Ду санади Ибни Касир дар тафсираш, ки аз Ибни Мардавайҳ нақл кардааст ва санаде, ки Разини Абдарӣ дар “Ҷамъ байни сиҳоҳи ситта” аз Сунани Насоӣ ривоят кардааст, ҳама саҳеҳ мебошанд.

9. Ҳамчунин Муттақии Ҳиндӣ дар нақли аввалаш аз Ибни Аббос мегўяд: Дар санади он Мутталиб ибни Зиёд аст, ки Аҳмад ва Ибни Маин ўро сиқа донистаанд ва Абўҳотам гуфтааст, ки ба ў эҳтиҷоҷ намешавад. Аз ин сухани Муттақӣ истифода мешавад, ки ин санад саҳеҳ аст, чун аввалан: Сухани Аҳмад ва Яҳё муқаддам бар сухани Абўҳотам аст. Сониян: Абўҳотам низ чунон, ки дар китоби “Аҷ-ҷарҳу ват таъдил” омада Мутталибро сиқа донистааст.

10. Муттақӣ дар нақли сеюмаш, ки аз Абўрофеъ нақл карда, мегўяд: Алӣ ибни Ҳошим ибни Барид дар санади он аст, ки гарчӣ аз ў (Муслим) ҳадис ривоят карда, вале ў дар шиагӣ ғолӣ ва дорои аҳодиси мункар аст. Пас бо ин баён равшан мешавад, ки ин санад низ саҳеҳ аст, чун ин ҳадис аз мунфаридоти Алӣ ибни Ҳошим нест ва муҳаддисин ўро сиқа ва аҳодисашро бо иттифоқ саҳеҳ донистаанд.

11. Санади Ҳоким аз Амиралмўъминин Алӣ низ ровиёнаш сиқа ва садуқ ҳастанд ва санадаш ҳасан  аст.

Бо вуҷуди ин ҳама ровӣ ва санадҳои фаровон ва суханони уламо ва муфассирин дар бораи ин ҳадис, боз Албонӣ ин ҳадисро бо чаҳор санад дар китоби заифааш ворид карда ва аз сари ин ҳадис бо заиф донистани он санадҳо гузаштааст. Албатта ваҳҳобиҳои дигар низ ҳамин корро карда ва аз гуфтани ҳақ худдорӣ карда ва мекунанд.


[1] . Ансобул ашрофи Билозарӣ, ҷ.1, саҳ.288, ҷ.2, саҳ.381. Мўъҷамул авсат, ҷ.6, саҳ.218, р.6232. Тафсири Ибни Абўҳотам, ҷ.5, саҳ.15. Тафсири Табарӣ, бо чаҳор санад. Маърифатус саҳобаи Абўнуайм, ҷ.2, саҳ.293. Аҳкомул Қуръони Ҷассос, ҷ.2, саҳ.557. Маърифату улумил ҳадиси Ҳоким саҳ.102. Асбобун нузули Воҳидӣ саҳ.113. Ҷомеъ-ул-усули Ибни Асир ҷ.9, саҳ.478, р.6515. Маҷмаъ-уз-завоид ҷ.7, саҳ.17. Тафсири Саълабӣ, ҷ.5, саҳ.114. Муноқиби Ибни Мардавайҳ, р.335 то 348 бо 14 санад. Шавоҳидут танзили Ҳасконӣ, ҷ.1, саҳ.209, р.216 то 240 (бо 25 санад). Таърихи Ибни Касир, ҷ.7, саҳ.357. Тафсири Ибни Касир, ҷ.3, саҳ.157. Тафсири Олусӣ. Тафсири Қуртубӣ, ҷ.6, саҳ.221. Дуррул мансур, ҷ.2, саҳ.293. Тафсири Кашшоф. Тафсири Фахри Розӣ. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ.356. Ал-муттафақ вал муфтарақ, ҷ.2, саҳ.39. Канз-ул-уммол, ҷ.13, р.36354 ва 36501 ва ҷ.15, р.40266.

[2]. Тафсири Руҳул маонии Олусӣ, ҷ.6, саҳ 168. Шавоҳидут танзил, ҷ.1, саҳ.214. Назму дурарус симтайни Зарандӣ, ба нақл аз Девони Ҳассон ибни Собит, саҳ.88. Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.265, р.247. Фароидус симтайн, ҷ.1, саҳ.189 ва дигарон.

[3]. Ал-ҳовӣ лил фатовӣ, саҳ.128.

[4]. Тафсири Олусӣ, ҷ.5, саҳ.28.

[5]. Тафсири Олусӣ, ҷ.5, саҳ.57.

  index next