back

index

next

Чӣ касоне ҷузви Ояти Татҳир ҳастанд

Аҳодиси фаровон далолат бар ин дорад, Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ки баёнкунандаи воқеии Қуръон ҳастанд баён фармудаанд ва ҳатто худи ҳамсарони он ҳазрат низ эътироф кардаанд, ки ояти Татҳир дар ҳаққи Аҳли Байт нозил шуда ва Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳамсарони худро хориҷ аз ин ояти шарифа муаррифӣ кардаанд.

Ҳоло чун ин баҳс муҳим аст ва ваҳҳобиҳо, ки воқеиятҳо ва суннати Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро то замоне, ки бо ҳавою ҳаваси худ созгор набошад саъй мекунанд инкор бикунанд, ба ин мавзўи муҳим бо тафсил ишора мекунем то барои ҳақхоҳон ҷои ҳеҷ шакку шубҳа дар шинохти воқеият боқӣ намонад.

عَنْ زُبَيْدٍ عَنْ شَهْرِ بْنِ حَوْشَبٍ عَنْ أُمِّ سَلَمَةَ أَنَّ النَّبِىَّ صلى الله عليه و آله جَلَّلَ عَلَى الْحَسَنِ وَالْحُسَيْنِ وَعَلِىٍّ وَفَاطِمَةَ كِسَاءً ثُمَّ قَالَ «اللَّهُمَّ هَؤُلاَءِ أَهْلُ بَيْتِى وَخَاصَّتِى أَذْهِبْ عَنْهُمُ الرِّجْسَ وَطَهِّرْهُمْ تَطْهِيرًا». فَقَالَتْ أُمُّ سَلَمَةَ وَأَنَا مَعَهُمْ يَا رَسُولَ اللَّهِ قَالَ «إِنَّكِ إِلَى خَيْرٍ». قَالَ هَذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ صَحِيحٌ وَهُوَ أَحْسَنُ شَىْءٍ رُوِىَ فِى هَذَا الْبَابِ.

1. Умми Салама мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бар сари Ҳасан ва Ҳусайн ва Алӣ ва Фотима порчаеро андохт, сипас фармуд: Худоё, инҳо Аҳли Байтам ва хоссони ман ҳастанд, аз инҳо нопокиро дур фармо ва онҳоро комилан пок гардон. Умми Салама гуфт: Ман ҳам ҳамроҳи онҳо ҳастам эй Расули Худо, ҳазрат фармуданд: Ту ба сўи хайр ҳастӣ.[1]

Тирмизӣ баъд аз нақли ин ҳадис мегўяд: Ин ҳадис саҳеҳ аст ва он беҳтарин чизе аст, ки дар ин мавзўъ ривоят шудааст. Ва дар ин мавзўъ аз Умар ибни Абўсалама, Анас, Абўҳамроъ, Маъқал ва Уммулмўъминин Оиша низ ҳадис ривоят шудааст. Музофан ба Тирмизӣ Ҳоким, Заҳабӣ ва Албонӣ низ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд.

Чун ин ояти шарифа дар хонаи Умми Салама нозил шуда ва аз ў ва фарзандаш Умар ибни Абўсалама, ки худ низ аз саҳоба аст бо лафзҳои гуногун ҷавоби Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба дархости Умми Салама бо санадҳои мухталиф ва саҳеҳ ворид шудааст, матни арабии дархости Умми Салама ва ҷавоби Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро комил бо зикри масодир меоварем то фиребгарони мардум натавонанд бо дурўғгўӣ ҳақоиқро аз мардум пинҳон намоянд.

قالت أم سلمة وأنا معهم يا نبي الله؟ قال: أنت على مكانك وأنت إلي خير.

2. Умми Салама гуфт: Ман ҳам ҳамроҳи онҳо ҳастам, эй Расули Худо? Ҳазрат фармуданд: Ту дар ҷои худат бимон ва ту ба сўи хайр ҳастӣ. [2]

Албонӣ санади ин ҳадисро дар ҳар ду маврид саҳеҳ донистааст.

قالت: فأدخلت رأسي البيت فقلت: وأنا معكم يا رسول الله؟ قال: انك إلى خير إنك إلى خير.

3. Умми Салама мегўяд: Сарамро дохили хона кардам ва гуфтам: Ва ман ҳам ҳамроҳи шумо ҳастам, эй Расули Худо? Ҳазрат ду маротиба Фармуданд: Ту ба сўи хайр ҳастӣ. [3]

Ибни Касир ва Шуайб Арнаути ваҳҳобӣ, санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд ва албатта Шуайб се санад барои он нақл карда ва якеро саҳеҳ донистааст.

فقلت: يا رسول الله! أنا منهم؟ قال: إنك إلى خير.

4. Умми Салама гуфт: Эй Расули Худо, ман низ аз ҷумлаи онҳо ҳастам? Ҳазрат фармуданд: Ҳамоно ту ба сўи хайр ҳастӣ. [4]

Заҳабӣ мегўяд: Санади ин хабар хеле хуб аст ва ин ҳадис аз Шаҳр ибни Ҳушаб аз тариқи гуногун ривоят шудааст. Шуайб Арнаут ва Муҳаммад Нуайм низ дар ҳошияи Сияри Заҳабӣ онро саҳеҳ донистаанд.

قالت أم سلمة: فرفعت الكساء لادخل معهم فجذبه من يدى وقال: انك على خير.

5. Умми Салама мегўяд: Порчаро бардоштам то дохил шавам, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ порчаро аз дасти ман кашид ва фармуд: Ҳамоно ту бар хайр хоҳӣ буд. [5]

Ин санад ҳасан аст гарчӣ онро ба хотири Алӣ ибни Зайд тазъиф кардаанд.

قلت يا رسول الله، ألست من أهل البيت؟ قال: انك إلى خير انك من أزواج النبي.

6. Гуфтам: Эй Расули Худо, магар ман аз Аҳли Байт нестам? Фармуданд: Ту ба сўи хайр ҳастӣ, ҳамоно ту аз ҳамсарони Паёмбар ҳастӣ. [6]

Табарӣ ин хабарро бо ду санад ва Ибни Асокир бо се санади дигар ривоят карда ва санади Табарӣ дар шавоҳид ҳасан ва хуб аст, чун дар санади он Атия аст.

قالت أم سلمة: اجعلني معهم. قال رسول الله صلى الله عليه و آله: أنت بمكانك وأنت إلى خير.

7. Умми Салама гуфт: Маро ҳамроҳи онҳо қарор бидеҳ. Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ту сари ҷои худ бош, ту ба сўи хайр ҳастӣ. [7]

Ин санад низ ба танҳоӣ ҳасан ва хуб аст.

قالت: فجئت ادخل معهم فقال: مكانك انك على خير.

8. Умми Салама мегўяд: Ман омадам то ҳамроҳи онҳо дохил шавам, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ту бар хайр ҳастӣ. [8]

Санади ин хабар саҳеҳ аст.

فقلت: يا رسول الله: وأنا؟ قالت: فوالله ما أنعم وقال: إنك إلى خير.

9. Умми Салама гуфт: Эй Расули Худо, Ман чӣ? Умми Салама Мегўяд: Ба Худо савганд ҳазрат дар ҷавоби ман оре нагуфтанд ва фармуданд: Ту ба хайр ҳастӣ. [9]

Ин санад низ саҳеҳ аст бо вуҷуди ихтилоф дар Муҳаммад ибни Ҳумайд шайхи Табарӣ, ки Яҳё, Аҳмад, Абўдовуд ва дигарон ўро сиқа донистаанд ва баъзеҳо ўро тазъиф низ кардаанд.

قالت أم سلمة: اللهم اجعلني منهم قال: «أنت مكانك وأنت على خير»

10. Умми Салама гуфт: Худоё маро низ аз ҷумлаи онҳо қарор бидеҳ. Расули Худо фармуданд: Ту дар ҷои худат бош, ту бар хайр ҳастӣ. [10]

То ин ҷо бо ривоёти Умми Салама ва фарзандаш Умар ибни Абўсалама ошно шудем. Аз Умми Салама ин ҳадисро бо ин лафз Абўсаиди Худрӣ, Ато ибни Абўриёҳ, Ато ибни Ясор, Абўлайлои Киндӣ, Умра бинти Афъӣ, Ҳаким ибни Саъд ва Шаҳр ибни Ҳушаб ривоят кардаанд ва чунон ки Заҳабӣ низ эътироф кард ин ҳадис ва эътирофоти Умми Салама аз Шаҳр ибни Ҳушаб бо санадҳои гуногун ривоят шудааст.

11. Аммо эътирофи дигар модарони мўъминин:

عن العوّام بن حوشب، حدّثني ابن عمّ لي من بني الحرث بن تيم الله يقال له مجمع، قال: دخلت مع أُمّي على عائشة، فسألَتها أُمّي، فقالت: أرأيت خروجك يوم الجمل؟ قالت: إنّه كان قدراً من الله سبحانه، فسألتها عن علي، فقالت: تسأليني عن أحبّ النّاس كان إلى رسول الله صلى الله عليه و آله، وزوج أحبّ الناس كان إلى رسول الله، لقد رأيت عليّاً وفاطمة وحسناً وحسيناً جمع رسول الله صلى الله عليه و آله بثوب عليهم ثمّ قال: اللّهم هؤلاء أهل بيتي وحامّتي فأذهب عنهم الرجس وطهّرهم تطهيراً. قالت: فقلت: يا رسول الله أنا مِن أهلك؟ قال: تنحّي فإنّكِ إلى خير.

Авом ибни Ҳушаб (аз риҷоли сиҳоҳи шашгона) аз писари амакаш ривоят карда, ки мегўяд: Ҳамроҳи модарам бар ҳузури Оиша ворид шудем, пас модарам аз ў пурсид ва гуфт: Дар бораи хуруҷат ба ҷамал (барои ҷанги бо Алӣ ибни Абўтолиб) чӣ мегўӣ? Уммулмўъминин Оиша гуфт: Он тақдир аз тарафи Худои Мутаол буд.[11] Модарам назари ўро дар бораи Алӣ пурсид, ки ў гуфт: Маро аз касе мепурсӣ, ки маҳбубтарини мардум барои Паёмбар саллаллоҳуалайҳи ва олиҳ буд ва ҳамсараш низ маҳбубтарини мардум барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд. Ҳамоно дидам, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро зери порчае ҷамъ карда ва сипас фармуданд: Худоё, инҳо аҳли байти ман ва хавоссам ҳастанд, пас аз инҳо риҷсу нопокиро дур гардон ва инҳоро комилан пок фармо. Ман гуфтам: Эй Расули Худо, ман аз аҳли шумо ҳастам? фармуданд: Канор бирав, ҳамоно ту ба сўи хайр ҳастӣ.[12]

Ибни Касир ин ҳадисро аз тафсири Ибни Абўҳотам ва ў аз Абўҳотам аз ровиёни сиқа нақл карда ва санадаш комилан саҳеҳ аст ва санади Саълабӣ то Авом ибни Ҳушаб ғайр аз санади Ибни Абўҳотам аст ва Ибни Асокир низ бо санади дигаре ба ин маъно аз Уммулмўъминин Оиша ҳадисе ривоят кардааст.

12. Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Тайёр мегўяд:

إسماعيل بن عبدالله بن جعفر الطيّار عن أبيه، قال : لمّا نظر رسول الله صلى الله عليه و آله إلى الرحمة هابطة من السماء قال: من يدعو؟ مرّتين، فقالت زينب: أنا يارسول الله، فقال: أُدعي لي عليّاً وفاطمة والحسن والحسين. قال: فجعل حسناً عن يمناه وحسيناً عن يسراه وعليّاً وفاطمة وجاهه ثمّ غشاهم كساءً خيبريّاً. ثمّ قال: اللّهم لكلّ نبيّ أهل، وهؤلاء أهلي، فأنزل الله عزّ وجلّ: {إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ} الآية. فقالت زينب: يا رسول الله ألا أدخل معكم؟ فقال رسول الله صلى الله عليه و آله: «مكانكِ فإنّكِ إلى خير إن شاء الله».

Вақте Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мулоҳизаи нузули раҳматро намуданд, фармуданд: Чӣ касе фаро мехонад? Зайнаб бинти Ҷаҳш гуфт: Ман эй Расули Худо, ҳазрат фармуданд: Барои ман Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро фаро хон, вақте онҳо омаданд Ҳасанро ба тарафи рост, Ҳусайнро батарафи чапи худ, Алӣ ва Фотимаро пеши худ қарор доданд, пас порчаи хайбариеро бар онҳо пўшониданд сипас фармуданд: Худоё, ҳар паёмбаре аҳли байт дорад ва инҳо аҳли ман ҳастанд, пас Худованди Мутаол ин оятро нозил фармуд: "Худованд мехоҳад фақат аз шумо Аҳли Байт риҷс ва нопокиро дур бикунад ва шуморо комилан пок гардонад", пас Зайнаб гуфт: Эй Расули Худо, оё ман ҳамроҳи шумо дохил нашавам? Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ту дар ҷои худат бош, пас ҳамоно ту иншоаллоҳ ба сўи ҳақ хоҳӣ буд.[13]

Ровиёни ин санад ҳамагӣ сиқа ва мавриди эътимод ҳастанд ҷуз Абўҳубайши Муқриъ, ки мо ўро нашинохтем.

Чунон, ки мулоҳиза мекунед, ин ахбор аз мусалламот буда ва ҳамагӣ ҳам аз ҷиҳати санад солеҳ ҳастанд ва ҳам якдигарро тақвият мекунанд.

Таҳовӣ баъд аз нақли чанд аҳодиси гузашта гуфтааст:

فدل ما روينا في هذه الآثار مما كان من رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم إلى أم سلمة مما ذكر فيها لم يرد به أنها كانت ممن أريد به مما في الآية المتلوة في هذا الباب وأن المرادين بما فيها هم رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم ، وعلي ، وفاطمة ، وحسن ، وحسين عليهم السلام دون من سواهم ومما يدل على مراد رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم بقوله لأم سلمة فيما روي في هذه الآثار من قوله لها: «أنت من أهلي» ... فإن قال قائل: فإن كتاب الله يدل على أن أزواج النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم هم المقصودون بتلك الآية؛ لأنه قال قبلها في السورة التي هي فيها: يا أيها النبي قل لأزواجك إن كنتن إلى قوله: يا نساء النبي لستن إلى قوله: الجاهلية الأولى فكان ذلك كله يردن به؛ لأنه على خطاب النساء لا على خطاب الرجال ثم قال: إنما يريد الله ليذهب عنكم الرجس الآية فكان جوابنا له أن الذي تلاه إلى آخر ما قبل قوله: إنما يريد الله الآية خطاب لأزواجه ثم أعقب ذلك بخطابه لأهله بقوله تعالى: إنما يريد الله ليذهب الآية فجاء على خطاب الرجال؛ لأنه قال فيه: ليذهب عنكم الرجس أهل البيت ويطهركم وهكذا خطاب الرجال وما قبله فجاء به بالنون وكذلك خطاب النساء فعقلنا أن قوله: إنما يريد الله ليذهب الآية خطاب لمن أراده من الرجال بذلك ليعلمهم تشريفه لهم ورفعته لمقدارهم أن جعل نساءهم من قد وصفه لما وصفه به مما في الآيات المتلوات قبل الذي خاطبهم به تعالى وما دل على ذلك أيضا

Ривоёте ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз тариқи Умми Салама расида ва мо нақл кардем далолат мекунад, ки Умми Салама ҷузви касоне, ки дар ин оят иродаи покии онҳо шуда намебошад ва мурод дар ин оят Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн алайҳимус салом ҳастанд на дигарон. Аммо агар касе бигўяд, ки Қуръон далолат мекунад, ки оят дар бораи занони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст, чун оёти пеш аз Татҳир дар бораи онҳост, ҷавоби мо ба ин савол ин аст, ки дар оёти пеш аз Татҳир хитоб бар занон бо сиғаи ҷамъ буд, вале дар ояти Татҳир хитоби ба аҳли байти Паёмбар ва ба мардон шуд...[14]

Ибни Ҷавзӣ мегўяд:

والثاني: إنه خاص في رسول الله وعلي وفاطمة والحسن والحسين قاله عليهم أبو سعيد الخدري و روي عن أنس وعائشة وأم سلمة نحو ذلك.

Назари дуввум ин аст, ки ин оят танҳо дар бораи Паёмбар, Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн нозил шудааст ва ин суханро Абўсаиди Худрӣ гуфтааст ва аз Анас, Оиша ва Умми Салама низ монанди ин сухан ривоят шудааст.[15]

Олусӣ, ки аз муфассирини бузург аст, мегўяд:

وأخبار إدخاله علياً وفاطمة وبنيهما الحسن والحسين تحت الكساء وقوله: (اللهم هؤلاء أهل بيتي) والدعاء لهم وعدم إدخال أم سلمة أكثر من أن تحصى، وهي مخصصة لعموم أهل البيت بأي معنى كان البيت فالمراد بهم من شملهم الكساء ولا يدخل فيهم أزواجه صلى الله عليه وسلم.

Аҳодисе, ки дар бораи дохил кардани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро ба зери порча ва фармудани он ҳазрат, ки "Инҳо аҳли байти ман ҳастанд" ва дуо карданашон барои онҳо ва дохил накарданаш Умми Саламаро, беш аз он аст, ки шумориш шавад, бинобар ин, аҳли байт ба ҳар маъно ҳам, ки бошад ин аҳодис маънои ин оят ва аҳли байт дар ин оятро махсус (ба ин панҷ нафар) мекунад, пас (натиҷа ин мешавад, ки) мақсад аз аҳли байт дар ин оят касоне ҳастанд, ки зери порча дохил шуданд ва ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дохили аҳли байт (дар ин оят) намешаванд. [16]

Албатта дар ин мавзўъ Икрама ғуломи Ибни Аббос, ки аз тобеин буда ва ҳамчунин аз хавориҷ буда ва Абдуллоҳ ибни Умари саҳобӣ, Саид ибни Мусайяб, Саид ибни Ҷубайр, Алӣ фарзанди Ибни Аббос, Яҳё ибни Саиди ансорӣ ва баъзе тобеини дигар ўро каззобу дурўғбоф муаррифӣ кардаанд, иддао мекард, ки ин оят дар ҳаққи занони Паёмбари Акрам нозил шудааст ва ҳатто мегуфт: "Ҳар кӣ бихоҳад ман бо вай дар ин мавзўъ мубоҳила мекунам ва дар бозор фарёд мезад". Мутаассифона бо вуҷуди ин ҳама ахбори мусаллами исломӣ боз хелеҳо, аз ҳамин раъю назари Икрама пайравӣ карда ва исрор меварзанд, ки ин оят дар бораи ҳамсарони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст. Чунин бовар ва ақида бо вуҷуди ин ҳама ахбори исломӣ, басо ҷои тааҷҷуб ва шигифтӣ аст!!!


[1]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ 699, р.4245; Мустадраки Ҳоким, ҷ.2, саҳ.451, р.3558.

[2]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ 351 ва 663, р.3205 ва 3787. Тафсири Табарӣ, ҷ.22, саҳ.12 ва дигарон.

[3]. Муснади Аҳмад, ҷ.6, саҳ 292, р.26551. Тафсири Ибни Касир, ҷ.3, саҳ.493.

[4]. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ, ҷ.2, саҳ 283 ва ҷ.10, саҳ.346.

[5]. Муснади Аҳмад, ҷ.6, саҳ 323, р.26789. Муснади Абўяъло, ҷ.12, саҳ.451, р.7026. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ, ҷ.3, саҳ.53, р.2664.

[6]. Тафсири Табарӣ, ҷ.12, саҳ 22, бо ду санад. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.14, саҳ.144. Тафсири Ибни Касир, ҷ.3, саҳ.493. Дуррул мансур, ҷ.5, саҳ.198, ба нақл аз Ибни Мардавия.

[7] . Мушкилул осори Таҳовӣ, ҷ.2, саҳ.268. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.14, саҳ.145.

[8] . Зурриятут тоҳираи Дулобӣ, саҳ 108. Захоирул уқбои Табарӣ, саҳ.21.

[9] . Тафсири Табарӣ, ҷ.22, саҳ 12. Тафсири Ибни Касир, ҷ.3, саҳ.493.

[10] . Мушкилул осори Таҳовӣ, ҷ.2, саҳ.268, р.654.

[11]. Албатта Худованди Мутаол анҷоми гуноҳро барои касе муқаддар накардааст ва инсон дар амал ва тасмимгирии худ мухайяр аст, ки оёти Қуръон низ ба ин воқеият ба равшанӣ ишора кардааст.

[12]. Тафсири Саълабӣ, ҷ.11, саҳ 139, Зайли ояти Татҳир. Тафсири Ибни Касир, ҷ.3, саҳ.494. Назму дурарус симтайни Зарандии ҳанафӣ, саҳ.133.

[13] . ТафсириСаълабӣ, ҷ.11, саҳ 140, зайли ояти Татҳир.

[14]. Мушкилул осори Таҳовӣ, ҷ.2, саҳ.269, р.655.

[15]. Зодул масири Ибни Ҷавзӣ, ҷ.5, саҳ.134.

[16]. Тафсири Рўҳул маонӣ, Олусӣ, ҷ.16, саҳ.113.

back

index

next