| back | next |
أتى عمر بن الخطاب رجلان سألاه عن طلاق الأمة فقام معهما فمشى حتى أتى حلقة في المسجد فيها رجل أصلع فقال أيها الأصلع ما ترى في طلاق الأمة فرفع رأسه إليه ثم أومأ إليه بالسبابة والوسطى فقال له عمر تطليقتان فقال أحدهما سبحان الله جئناك وأنت أمير المؤمنين فمشيت معنا حتى وقفت على هذا الرجل فسألته فرضيت منه أن أومأ إليك فقال لهما ما تدريان من هذا قالا لا قال هذا علي بن أبي طالب أشهد على رسول الله صلى الله عليه و آله لسمعته وهو يقول إن السموات السبع والأرضين السبع لو وضعتا في كفة ثم وضع إيمان علي في كفة ميزان لرجح إيمان علي
Ду нафар назди ҳазрати Умар ибни Хаттоб омаданд ва аз ў дар бораи талоқи ҷория суол карданд. Халифаи дуввум ҳамроҳи онҳо баланд шуд ва ҳаракат намуд то ин ки ба гурўҳе, ки дар масҷид ҷамъ шуда буданд расид, ки дар байни онҳо марди аслаъ[1] буд, пас гуфт: Эй аслаъ, Талоқи ҷория чанд тост? Сарашро ба тарафи вай бардошт ва бо ангуштони сабоба ва вусто ишора кард. Умар ибни Хаттоб ба онҳо гуфт: Ду талоқ аст. Яке аз онҳо бо тааҷҷуб гуфт: Мо ба назди ту омадем ва ту халифа ҳастӣ, пас ҳамроҳи мо ба назди ин мард омадӣ ва аз ў суол кардӣ ва ба ҳамин миқдор аз ҷавоби ў розӣ шудӣ, ки ў бо дасташ ба ту ишора кунад. Халифа дуввум ба онҳо гуфт: Ин мардро намешиносед? Гуфтанд, не. Гуфт: Ин Алӣ ибни Абўтолиб аст, шаҳодат медиҳам, ки аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шунидам, мефармуданд: "Агар ҳафт осмону замин ба як паллаи тарозу гузошта шавад ва имони Алӣ дар паллаи дигараш, ҳатман имони Алӣ бартар ва вазнинтар хоҳад буд". [2]
Ин ҳадис аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб, Ибни Умар ва Имом Ҳусайн ривоят шуда, ҳофиз Ганҷӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст. Заҳабӣ дар шарҳи ҳоли Муҳаммад ибни Тасними Варроқ мегўяд: Аз ҳоли ў огоҳӣ надорам, вале хабари ботил ривоят карда (сипас ба ин ҳадис ишора мекунад). Ҳол он ки Ибни Ҳаҷар дар “Тақриб", ҷ.2, саҳ.66 ўро садуқ дониста ва Ибни Ҳаббон ўро дар сиқоташ ҷ.9, саҳ.96 зикр карда ва Ибни Хузайма низ дар саҳеҳаш аз ў ҳадис ривоят кардааст. Ҳамчунин дар санади аввали Ибни Асокир ў нест ва аз ғайри ў ин ҳадис ривоят шудааст. Пас санади дуввуми Ибни Асокир саҳеҳ аст, бидуни баррасии санадҳои дигар.
Албатта бояд диққат дошта бошем, ки ахбору аҳодиси мусаллами дигар низ, ки дар ин китоб мехонем, маънои ин ҳадисро таъйид ва тақвият мекунанд.
عن إبن عبّاس قال: كنّا نتحدّث انّ النّبيّ صلى الله عليه و آله عهد إلى عليٍّ سبعين عهداً لم يعهدْ إلى غيره.
Ибни Аббос мегўяд: "Мо пайваста бо ҳам ин ҳадисро бозгў мекардем, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо Алӣ ҳафтод аҳду паймон бастанд, ки бо ҳеҷ каси дигаре ғайр аз ў онро набастаанд". [3]
Санади ин ҳадис комилан саҳеҳ аст, вале Албонӣ боз бо хиёнат Арбида (ровии ин ҳадис аз Ибни Аббос)-ро маҷҳул ва Амр ибни Абулқайсро заиф аз ҷониби ҳифзаш муаррифӣ карда ва ин ҳадисро дар "Заифааш" ботил ва дар "Зилолул-ҷаннааш" заиф донистааст. [4]
Албонӣ мегўяд: Аз Арбида танҳо Абўисҳоқ ҳадис ривоят кардааст. (Ҳол он ки дар ин ҳадиси мавриди баҳс ин ҳадисро Минҳол ибни Амр аз Арбида ривоят кардааст). Албонӣ мегўяд: Ибни Ҳаҷар ва дигарон гуфтаанд: Ровӣ аз Арбида танҳо Абўисҳоқ аст, зоҳиран онҳо ба ин ривоят, ки дар он Минҳол онро аз Арбида ривоят карда ба хотири заъфи ҳофизаи Амр ибни Абўлқайс ба Амр, ки ровии ин ҳадис аз Минҳол аст эътимод накардаанд (ва ба ҳамин хотир Минҳолро аз ҷумлаи ровиёни аз Арбида ном набурдаанд). Албонӣ ба ин далел, Арбидаро маҷҳул хондааст. Ҷавоб: Албонӣ ду навъ дурўғ ва хиёнат карда:
1. Ибни Ҳаҷар дар "Лисонул мизон" ва Фирўзободӣ дар "Авнул маъбуд" ва Заҳабӣ дар "Ман лаҳу ривоятун фи кутубис ситта" Абўисҳоқ ва Минҳолро аз ровиёни аз Арбида ном бурдаанд. [5] Ҳамчунин зикри ин ривоят дар шарҳи ҳоли ў низ худ шоҳиди ин аст.
2. Аммо ин ки мегўяд: Зоҳиран муҳаддисин ба ин ривояти Амр ибни Абўлқайс ба хотири заъфи ҳофизааш эътимод накардаанд. Ин сухани дурўғ ва фиреби ошкор аст, чун аввалан: Онҳо ҳеҷ исме аз Амр зикр накардаанд. Сониян: Тирмизӣ, Ҳоким ва Заҳабӣ аҳодиси ўро бидуни чуну чаро саҳеҳ донистаанд. Бузургтар аз инҳо худи Албонии мутаноқиз низ аҳодиси Амр ибни Абўлқайсро дар ҳошияи сунани Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Абўдовуд ва ҳамчунин дар китобҳои дигараш саҳеҳ донистааст. Ҳамчунин бояд диққат дошта бошем, ки Арбида сиқа аст, Иҷлӣ ва Ибни Ҳаббон ўро сиқа донистаанд ва Ибни Ҳаҷар дар "Тақриб" ва "Лисонул мизон" ва Азимободӣ дар "Авнул маъбуд"[6] ўро садуқ донистаанд, Бухорӣ ва Абўҳотам ўро ҷарҳ накардаанд.
Бо ин баён, ҳам сиҳҳати ин ҳадис собит мешавад ва ҳам хиёнатҳо ва дурўғгўиҳои Албонӣ.
[1] . Касе, ки мўи пеши сараш рехтааст,
[2]. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.341 ва 464. Фазоилус саҳобаи Доруқутнӣ, чунон, ки Ибни Асокир гуфтааст. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.617, р.32993. Риёзун назраи Табарӣ ҷ.3, саҳ.232. Захоирул уқбо, саҳ.100. Маноқиби Хоразмӣ саҳ.131. Маноқиби Ибни Мағозалӣ саҳ.289, р.330. Маваддатул қурбои Алии Ҳамадонӣ. Мизонул эътидол, ҷ.4, саҳ.494, р.7288.
[3]. Мўъҷамус сағири Табаронӣ, ҷ.2, саҳ.69, р.956. Ҳилятул авлиё, ҷ.1, саҳ.35. ”Ас-сунна”-и Ибни Абўосим, ҷ.2, саҳ.550, р.1186. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.113. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ 391. Таҳзиб-ут-таҳзиб, ҷ.1, с. 173, р.372, ҷ.2, саҳ.197. Таҳзибул камол, ҷ.2, саҳ.311. Шавоҳидут танзил, ҷ.1, саҳ.434. Кифоятут толиби Ганҷӣ с. 291. Фароидус симтайни Ҳамуянӣ ҷ.1. с. 360.
[4] . Заифаи Албонӣ, р.6288. Зилолул ҷанна, ҷ.2, саҳ.336, р.1186.
[5] . Ман лаҳу ривоятун фи кутубис ситта, ҷ.1, саҳ.230, р.247. Лисонул мизон, ҷ.7, саҳ.505, р.5820. Авнун маъбуд, ҷ.3, саҳ.117.
[6] . Маърифатус сиқоти Иҷлӣ, ҷ.2, саҳ.446, р.2318. Ас-сиқоти Ибни Ҳаббон, ҷ.4, саҳ.52. Тақриб, ҷ.1, саҳ.73, р.297. Лисонул мизон, ҷ.7, саҳ.505, р.5820. Авнун маъбуд, ҷ.3, саҳ.117.
| back | next |