back

index

next

Фазоили Алӣ назди Паёмбар(с)

Ҷойгоҳи Амиралмўъминин назди Паёмбари Акрам

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: عليٌّ منّي بمنزلة رأسي من بدني.

 Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Алӣ аз барои ман ба манзалаи сарам аз барои баданам аст".[1]

Ин ҳадис аз Ибни Аббос ва Барроъ ривоят шудааст. Албонӣ санади Ибни Аббосро ба хотири Ҳусайни Ашқар ва Қайс ибни Рабиъ тазъиф кардааст ва ҳол он ки Ибни Ҳаҷар дар тақриб ин дуро садуқ муаррифӣ кардааст ва ҳадиси шахси садуқ ҳасан ва хуб хоҳад буд.

Гўшту хуни Амиралмўъминин аз гўшту хуни Паёмбари гиромии Ислом аст

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: يا أمّ سلمة إنّ عليّاً لحمه لحمي و دمه دمي.

 Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба Умми Салама фармуданд: Ба дурустӣ, ки гўшту хуни Алӣ гўшту хуни ман аст.[2]

 Ин ҳадис аз Амиралмўъминин ва Ибни Аббос ривоят шудааст. Ин ҳадис се санад дорад ва заиф аст.

Ҳаққи Амиралмўъминин бар ин уммат

قال رسول الله صلى الله عليه و آله :حقّ عليّ على هذه الأمّة كحقّ الوالد على ولده.

 Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Ҳаққи Алӣ бар ин уммат, ба монанди ҳаққи падар бар фарзанд аст".

Ин ҳадис аз Амиралмўъминин Алӣ, Ҷобир ва Ибни Аббос ривоят шуда ва санадаш заиф аст. Риёзун назраи Табарӣ ҷ.3, саҳ.130. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.307-308 бо ду санад. Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.310.

Хилқати Паёмбари Акрам ва Амиралмўъминин қабл аз дигарон

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: كنْتُ أنا و عليّ نوراً بينَ يدي الله عزَّ و جلَّ قبل أن يُخْلَقَ آدم بأربعة آلاف عام فلمّا خُلِقَ آدمُ قسم ذلك النّور جزئين جزءٌ أنا و جزءٌ عليٌّ.

Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ману Алӣ чаҳор ҳазор сол пеш аз он ки Одам халқ шавад, нуре будем дар пешгоҳи Худованд ва ҳангоме, ки Одам халқ шуд он нур ду қисм шуд, як қисми он ман ва қисмати дигараш Алӣ буд".[3]

 Ин ҳадис аз Амиралмўъминин, Салмон, Абўзар, Ибни Аббос, Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Абўсаид Худрӣ, Анас, Абўҳурайра ва Усмон ибни Аффон ривоят шуда ва санади Салмон дар Фазоилус саҳоба ҳамаи ровиёнаш сиқа ва аз ровиёни Саҳеҳи Бухорӣ ва ё Муслим ҳастанд ба ғайр аз Ҳасан ибни Алии Басрӣ, ки шайхи Доруқутнӣ ва аз ҷумлаи ҳуффоз будааст. Ва санади Кашфул хифо комилан саҳеҳ аст, вале дар он Амиралмўъминин Алӣ аз санад ҳазф шудааст.

Ҳамчунин санади Ибни Асокир аз Ибни Аббосро низ метавон дар шавоҳид солеҳ донист, чун Заҳабӣ онро ба хотири Абўзаквон ботил дониста ва Абўзавконро маҷҳул донистааст ва ҳол он ки ўро Умар Ризо Каҳола шинохташуда ва соҳиби китоб муаррифӣ кардааст. [4]

Исми Амиралмўъминин бар дарвозаи биҳишт

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: مكتبٌ علي باب الجنَّةِ لا إله إلاَّ الله محمّدٌ رسول الله صلى الله عليه و آله عليٌّ أخو رسول الله صلى الله عليه و آله.

Ҷобир Ибни Абдуллоҳ мегўяд: Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Бар дари биҳишт навишта шуда, ки нест худое ба ғайр аз Аллоҳ ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Расули Худ&
#1086; ва Алӣ бародари Расули Худост".[5]

Санади ин ҳадис заиф аст.

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: مكتبٌ على العرش لا إله إلاَّ الله وحده لا شريك له محمَّدٌ عبدي و رسولي أيَّدتُه بعليِّ إبن أبيطالب.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Бар Арш навишта шудааст, ки худое ғайр аз Аллоҳ нест ва Аллоҳ ягона аст, шарик надорад, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) банда ва Расули ман аст ва таъйид ва нерўманд кардам ман ў (Паёмбари гиромии Ислом)-ро ба василаи Алӣ ибни Абутолиб".[6]

 Ин ҳадис аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Ибни Аббос, Абўҳамроъ бо ду санад, Анас ибни Молик ва Абўҳурайра ривоят шудааст.

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: مكتبٌ في باب الجنَّةِ قبل أن يُخْلَقَ السَّماواتُ و الأرض بألفي سنة لا إله إلاَّ الله محمَّدٌ رسول الله صلى الله عليه و آله أيَّدته بعليٍّ.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Бар дари биҳишт ду ҳазор сол қабл аз ин ки осмонҳо ва замин офарида шавад навишта шуда: "Нест худое ба ғайр аз Аллоҳ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фиристодаи Худост ва ман ўро (Паёмбари гиромии Исломро) ба василаи Алӣ таъйид ва нерўманд кардам".[7] Ин ҳадис аз Ҷобир Ибни Абдуллоҳ ривоят шуда ва санадаш заиф аст.

سئِل النَّبيُّ صلى الله عليه و آله عن الكلمات الّتي تلقّى آدم من رَّبِّه فتاب عليه قال: سأله بحقِّ محمّدٍ و عليٍّ و فاطمة والحسن و الحسين إلاَّ تُبْتَ عليَّ فتاب عليه.

Аз Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) савол шуд: Аз калимоте, ки Одам аз Парвардигор дарёфт намуд ва ба василаи он тавбаи Одам пазируфта шуд, чӣ калимоте буд? Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Одам аз Худованд ба ҳаққи Муҳаммад, (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Алӣ, Фотима ва Ҳасану Ҳусайн хост, ки тавбааш пазируфта шавад ва Худованд низ тавбаашро қабул фармуд".[8]

 Ин ҳадис аз Амиралмўъминин, Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Ибни Умар ва Ҷаъфари Содиқ ривоят шудааст.

шудем

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: إنّ الله خلقني و علياً من شجرة واحدة فأنا أصلها و عليٌّ فرعها والحسن و الحسين ثمرها وشيعتنا ورقها فمن تمسّك بهذه الشّجرة دخل الجنّةو أمين من العذاب.

 Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳамоно Худованд ман ва Алиро аз як дарахт (аз як нур) офарид, ки ман аслу решаи он дарахт ҳастам, Алӣ шохаҳои он, Ҳасану Ҳусайн меваҳои он ва шиаёни мо барги он ҳастанд. Пас ҳар кӣ бар ин дарахт чанг бизанад (ҳар кӣ аз мо пайравӣ кард) дохили биҳишт мешавад ва аз азоби охират дар амон мемонад".[9]

Ин ҳадис аз Амиралмўъминин, Ибни Аббос, Ҳузайфа, Аммор, Ҷобир, Абдураҳмон ибни Авф, Абўумомаи Боҳилӣ, Аббод ибни Ёсир, Абдулхайр, Мино ва Абўсумома ривоят шудааст.

Ин ҳадиси шариф аз 11 нафар ривоят шудааст ва аз баъзеи онҳо монанди Амиралмўъминин Алӣ, Ибни Аббос ва Абдураҳмон ибни Авф бо беш аз як санад ривоят шуда ва дорои санадҳои саҳеҳ аст, ки дар баъзе китобҳо муфассал бо зикри санад баррасӣ шудааст. Илова бар ин, метавон гуфт, ки ҳадиси ёдшуда метавонад мутавотир ҳам бошад, чун 11 нафар онро ривоят кардаанд.

قال النبي صلى الله عليه و آله: خلق النّاس من أشجار شتّى وخلقت أنا وعليّ من شجرة واحدة.

 Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Мардум аз дарахтони гуногун халқ шудаанд, вале ману Алӣ аз як дарахт офарида шудаем".[10]

Ин ҳадис аз Амиралмўъминин, Ибни Умар, Усома, Абўсаид Худрӣ, Ибни Аббос, Ҷобир ва Ибни Масъуд ривоят шудааст. Ҳоким санади ин ҳадисро саҳеҳ дониста ва Заҳабӣ Ҳорун ибни Ҳотамро заиф донистааст. Аввалан: Ҳорунро Ибни Ҳаббон дар "Сиқоташ" ворид карда ва Ҳоким низ аҳодиси ўро саҳеҳ донистааст. Сониян: Дар санади Табаронӣ Ҳорун нест.

Худованд аз аҳли замин Паёмбари

Акрам ва Амиралмўъмининро интихоб фармуд

إنّ رسول الله صلى الله عليه و آله مرض فأتته فاطمة و بكت فقال يا فاطمة إنّ لكرامة الله إياك زوّجك من هو أقدمهم سلماً وأكثرهم علماً إنّ الله عزّوجلّ إطّلع إلى أهل الأرض إطّلاعة فإختارني منهم فجعلني نبيّاً مرسلاً ثمّ إطّلع إطّلاعة ثانية فإختار عنهم بعلك فأوحى إليّ أن أزوّجه إيّاك واتّخذه وصيّاً يا فاطمة منّا خير الأنبياء و هو أبوك و منّا خير الأوصياء و هو بعلك و منّا خير الشّهدا و هو حمزة عمّ أبيك و منّا من له جناحان يطير بهما في الجنّة حيث شاء و هو جعفر إبن عمّ أبيك و منّا سبطا هذه الأمّة و سيّدا شباب أهل الجنة الحسن و الحسين و هما إبناك والّذي نفسي بيده منّا مهدي هذه الأمّة و هو من ولدك.

 "Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мариз шуданд ва ҳазрати Фотима ба назди он ҳазрат омаданд ва гиря карданд. Паёмбари гиромии Ислом фармуданд: Эй Фотима аз каромати Худованд ба ту ин аст, ки туро ба ҳамсарии касе даровард, ки қабл аз ҳама мусулмон шуд ва аз ҳамаи ин уммат донотар аст. Ҳамоно Худованди мутаол нигоҳе ба аҳли замин намуд ва маро аз байни онҳо баргузид ва паёмбар қарор дод. Сипас барои мартабаи дуввум назаре намуд ва ихтиёр намуд аз аҳли замин шавҳаратро ва ба ман ваҳй намуд, ки туро ба ҳамсарии ў дароварам ва ўро васӣ ва ҷонишини худ қарор диҳам. Эй Фотима аз мост беҳтарини паёмбарон ва он падари туст, аз мост беҳтарини авсиё ва он шавҳари туст, аз мост беҳтарини шаҳидон ва он амаки падари ту Ҳамза аст ва аз мост касе, ки ду бол дорад ва бо он дар биҳишт ба ҳар ҷо, ки бихоҳад парвоз мекунад ва он Ҷаъфар писар амаки падарат аст. Аз мо ҳастанд ду сибти ин уммат ва ду сарвари ҷавонони аҳли биҳишт Ҳасан ва Ҳусайн, ки он ду фарзандони ту ҳастанд. Савганд ба Худованд, ки аз мост Маҳдии ин уммат ва ў аз фарзандони туст".[11]

 Амиралмўъминин Алӣ, Абўзар, Ибни Аббос, Салмон, Абўайюб Ансорӣ, Ҷобир, Абўсаиди Худрӣ, Абдуллоҳ ибни Омир, Анас, Асмо бинти Умайс, Ибни Умар ва Алӣ ибни Алии Ҳилолӣ ин ҳадисро ривоят кардаанд. Яке аз асноди Ҳайсамӣ саҳеҳ аст ва ў онро ҳасан ва хуб дониста ва ҳамчунин Муттақӣ дар Канзул уммол мегўяд: Табарӣ ин ҳадисро ривоят карда ва санадашро саҳеҳ донистааст. Ва Санади Ҳоким аз Ибни Аббос низ дар шавоҳид саҳеҳ аст, вале муҳаққиқи ваҳҳобӣ Алӣ Ризо ибни Абдуллоҳ ибни Алӣ Ризо онро ба хотири Абўсалт ҳукм ба сохта буданаш кардааст. Ҳол он ки ин ҳадис бинобар меъёри муҳаддисин мутавотир аст.

قال رسول الله صلى الله عليه و آله لفاطمة: إنّ الله عز وجل إطّلع على أهل الأرض فاختار منها رجلين أحدهما أباك والآخر بعلك.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба духтарашон Фотима фармуданд: "Ба дурустӣ, ки Худованди мутаол назаре ба аҳли замин намуд ва ду нафарро ихтиёр намуд, ки яке аз он ду падарат ва дигари шавҳарат аст".[12]

Ин ҳадисро Ибни Аббос, Абўҳурайра, Алии Ҳилолӣ, Маъқал ибни Ясор ва Ибни Омир ривоят кардаанд.

Ҳоким ҳар ду санади ин ҳадисро саҳеҳ дониста ва Муттақии Ҳиндӣ санади ин ҳадисро ҳасан ва хуб дониста ва Ҳайсамӣ як санадро заиф ва ровиёни дигариро аз ровиёни Бухорӣ ва Муслим хонда ба ғайр аз Иброҳим ибни Ҳаҷҷоҷ ва аз Заҳабӣ нақл карда, ки ўро ношинохта муаррифӣ кардааст. Дар бораи Иброҳим ибни Ҳаҷҷоҷ Заҳабӣ ва Ибни Ҳаҷар сухане гуфтаанд, ки дар маҷмўъ аз сухани он ду истифода мешавад, ки Иброҳим шинохташуда ва садуқ аст.[13] Пас санади Ҳайсамӣ низ, ки ғайр аз санади Ҳоким аст, саҳеҳ хоҳад буд.

Матлаби муҳим дар барои ин ҳадис ин аст, ки Албонии ваҳҳобӣ ин ҳадисро аз панҷ саҳоба дар китоби “Аҳодиси заифа”-аш, (таҳти рақами 4898) ворид карда ва бо пинҳонкорӣ дар нақли суханони Ибни Ҳаҷар ҳукм ба сохташуда будани ин ҳадис карда ва аз ҷулма дар бораи санади Маъқам ибни Ясор мегўяд: Абдуллоҳ аз падараш Аҳмад дар китоби Муснад, (ҷ.5, саҳ.26), ривоят карда, ки санади он ҳадис заиф, ровиёнаш (ҳамагӣ) сиқа ҳастанд ба ғайр аз Холид ибни Таҳмон, ки аксари муҳаддисин ўро заиф донистаанд. Ибни Маин ўро заиф дониста ва гуфтааст: Даҳ сол пеш аз маргаш ихтилот пайдо кард ва пеш аз он сиқа буд.

Ҷавоб: Мутаассифона таваҷҷўҳ кунед, ки чӣ инсонҳое худро олиму ҳадисшинос медонанд ва чӣ хиёнату дурўғҳо он ҳам барои фиреби мардум ва пинҳон доштани ҳақ аз худ ба ҷой мегузоранд.

Холид ибни Таҳмонро аввалан худи Албонӣ дар китоби Аҳодиси саҳеҳааш, р 1979 ва р 2652 садуқ донистааст. Музофан бар Ибни Маин Абўҳотами Розӣ, Ибни Ҳаҷар ва Заҳабӣ ўро садуқ донистаанд ва Заҳабӣ дар “Мизонул эътидол”, ҷ.1, р 2433 ўро тавсиқшуда хонда, Ибни Ҳаббон ўро дар китоби “Сиқот” ворид карда ва Ибни Адӣ гуфта: Ман аз ў ҳадиси мункар надидам.[14] Ҳайсамӣ дар ду маврид дар бораи ў мегўяд: Абўҳотам ва Ибни Ҳаббон ўро сиқа донистаанд.[15] Ибни Ҳаҷар ва Заҳабӣ аз ҳеҷ касе ба ғайр аз Ибни Маин тазъиф нақл накардаанд ва низ Албонӣ ба ҳеҷ як аз ин назарот ишора накардааст.

Пас ин ду ҳадис, ки ба як маъно ҳастанд дорои санадҳои фаровон ҳастанд ва дар маҷмўъ бо таваҷҷўҳ ба ровиёни он аз саҳоба метавон гуфт, ки мутавотир аст. Албатта Заҳабӣ бидуни баёни далел дар талхиси Мустадрак ин ҳадисро дар ҳар ду маврид мавзўъ хондааст, ки дар баъзе китобҳо муфассал дар бораи санадҳои ин ҳадис баҳс шуда ва посухи сухани Заҳабӣ дода шудааст.

Шумо ин ҳадисро дар канори он аҳодисе, ки Худованди Мутаол Аҳли Байтро баргузидааст бигузоред хоҳед дид, ки чӣ гуна дар маъно ба ҳам наздик ва таъйидкунандаи ҳам ҳастанд.

Cе бартарие, ки ман ҳам онҳоро надорам

قال رسول الله صلى الله عليه و آله لعلي:أوتيت ثلاثا ولم يوْتهنّ أحد و لا أنا: صحراً مثلي و لم أوت أنا مثلي و أوتيت زوجة صديقة مثل إبنتي و لم أوت مثلها صديقة و أوتيت الحسن و الحسين من صلبك و لم أوت من صلبي مثلهما ولكنكم مني و أنا منكم.

Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Имом Алӣ фармуданд: Ту се бартарӣ дорӣ, ки ҳеҷ касе онҳоро надорад ва ҳатто ман низ онҳоро надорам: Падарзане мисли маро дорӣ, ки ман онро надорам, ҳамсаре мисли духтарам Фотимаро дорӣ, ки ман мисли ўро надорам ва Ҳасану Ҳусайн аз сулби ту ҳастанд, ки мисли онҳо аз сулби ман ба дунё наомадаанд, вале шумо аз ман ҳастед ва ман аз шумо ҳастам”.[16]

Хархушӣ шахсияти бузурге аст, ки дар ин навиштор шарҳи ҳолашро зикр кардем, вале санади ин ҳадисро Табарӣ ҳазф карда ва мо бо он ошно нашудем.

Биҳишт муштоқи Амиралмўъминин аст

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: الجنة تشتاق إلى أربعة عليٍّ و سلمان و عمار و مقداد.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Биҳишт муштоқи чаҳор нафар аст, ки онҳо Алӣ, Салмон, Аммор ва Миқдод ҳастанд".[17]

Ин ҳадис аз Амиралмўъминин, Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Анас ва Ҳузайфа ривоят шуда, Ҳайсамӣ ровиёни санади Анасро бо вуҷуди ихтилоф дар баъзеи онҳо сиқот донистааст.

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: إنّ الجنة تشتاق إلى ثلاثة عليٍّ و عمّار و سلمان.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Биҳишт муштоқи се нафар аст, ки онҳо Алӣ, Аммор ва Салмон ҳастанд".[18]

Ин ҳадис аз Амиралмўъминин ва Анас бо чандин санад ривоят шуда, Тирмизӣ, Заҳабӣ, Ҳоким, Ҳайсамӣ ва Солеҳӣ санади онро саҳеҳ донистаанд.

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: الجنّة تشتاق إلى ثلاثة عليٍّ و عمّار و أبي ذر.

Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Биҳишт муштоқи се нафар, Алӣ, Аммор ва Абўзар аст".[19]

Ҳайсамӣ ва Солеҳии Шомӣ санади ин ҳадисро ҳасан донистаанд.

Албонии мутаноқиз баъд аз заиф донистани чанд санад дар охир гуфтааст: Ин ҳадис бо тамоми санадҳояш ҳасан ва хуб аст. (Аҳодиси заифаи Албонӣ, ҷ.5, саҳ.227, р 2328)

Ҳуриёни биҳишт муштоқи Амиралмўъминин ҳастанд

قال النبي صلى الله عليه و آله: ثلاثة تشتاق إليهم الحور العين عليٌّ وعمّار و سلمان.

Анас ибни Молик мегўяд: Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Ҳурриёни биҳишт муштоқи се нафар ҳастанд, муштоқи Алӣ, Аммор ва Салмон".[20]

Ҳайсамӣ мегўяд: Ровиёни ин ҳадис ҳама аз ровиёни саҳеҳ (саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим) ҳастанд ба ғайр аз Абўрабиаи Аёдӣ, ки Тирмизӣ ҳадиси ўро ҳасан донистааст. Солеҳӣ низ санади ин ҳадисро ҳасан донистааст. Абўрабиа Умар ибни Рабиа буда ва сиқа аст, ки баъд аз ҳадиси баъдӣ бо ў ошно хоҳем шуд.

ба дўст доштани чаҳор нафар амр мефармояд

عن على عن رسول الله صلى الله عليه وآله قال: ألا ان الجنة اشتاقت إلى أربعة من اصحابي فأمرني ربي ان احبهم فانتدب صهبب الرومي وبلال بن رباح وطلحة والزبير وسعد بن ابى وقاص وحذيفة بن اليمان وعمار بن ياسر فقالوا: يا رسول الله من هؤلاء الاربعة حتى نحبهم؟ قال رسول الله صلى الله عليه وآله: يا عمار عرفك الله المنافقين وأما هؤلاء الاربعة فأحدهم على بن أبى طالب والمقداد بن الاسود الكندى والثالث سلمان الفارسى والرابع أبو ذر الغفاري . رواه الطبراني في الاوسط ورجاله ثقات إلا أن ابن اسحاق مدلس.

Амиралмўъминин Алӣ аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят карда, ки фармуданд: Огоҳ бошед, ки биҳишт муштоқи чаҳор нафар аз асҳобам аст, Парвардигорам низ маро амр фармуд, ки он чаҳор нафарро дўст дошта бошам. Пас Суҳайб, Билол, Талҳа, Зубайр, Саъд, Ҳузайфа ва Аммор гуфтанд: Эй Расули Худо, он чаҳор нафар чӣ касоне ҳастанд то мо низ онҳоро дўст дошта бошем? Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Эй Аммор, ҳамоно Худованди Мутаол мунофиқонро барои ту шиносонда аст. Аммо он чаҳор нафар, пас яке аз онҳо Алӣ ибни Абўтолиб аст ва Миқдод ва Салмон ва Абўзар.[21]

Ҳайсамӣ баъд аз зикри ин ҳадис мегўяд: Табаронӣ ин ҳадисро ривоят карда ва ровиёни он ҳамагӣ сиқа ҳастанд, ҷуз ин ки Ибни Исҳоқ мудаллис аст. Бояд диққат дошта бошем, ки аввалан: Дар санади ин ҳадис Ибни Исҳоқ нест. Сониян: Бар фарз, ки вуҷуди Ибни Исҳоқро қабул кунем боз ҳам ин ҳадис аз мунфаридоти ў нахоҳад буд ва чунон, ки дар зер хоҳад омад, ин ҳадис шоҳиди саҳеҳ дорад. Солисан: Агар ривоёт ба хотири вуҷуди ровии мудаллис бе далели дигар тазъиф шавад, бояд аксари ривоёти Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим низ тарк шавад, чун ҳам аз мудаллисони фаровон ҳадис ривоят кардаанд ва ҳам аҳодиси фаровони мудаллисин дар ин ду китоб муанъан (бо ан) ривоят шудааст.

قال رسول الله صلى الله عليه و آله: إنّ الله عزّوجلّ أمرني بحب أربعة و أخبرنی بأنّه يحبّهم. قيل يا رسول الله من هم؟ قال: عليٌّ منهم و يقول ذلك ثلاثاً و أبوذر و سلمان و المقداد.

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Ҳамоно Худованди мутаол маро ба дўст доштани чаҳор нафар амр фармуд ва ба ман хабар дод, ки худаш низ онҳоро дўст дорад. Пурсиданд, ки он чаҳор нафар чӣ касоне ҳастанд? Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Алӣ яке аз онҳост ва ин суханро се мартаба такрор намуданд ва Абўзар, Салмон ва Миқдод низ аз онҳо ҳастанд".[22]

Ин ҳадис аз Амиралмўъминин ва Бурайдаи Асламӣ ривоят шуда, Тирмизӣ, Ҳоким, Ибни Ҳаҷар дар Исоба, Ҳайсамӣ ва Суютӣ санади онро саҳеҳ донистаанд.

Акнун ҷолиб аст хонандаи азиз бидонанд, ки баъзеҳо монанди Заҳабӣ, Албонӣ ва Шуайб Арнаут, ки ду нафари охир ваҳҳобӣ ҳастанд, чӣ гуна бо ровиён ва аҳодиси фазоили Аҳли Байт бозӣ кардаанд. Чунон ки дар гузашта ишора шуд дар санади ривояти Бурайда дар ин ҳадис Абўрабиа Умар ибни Рабиа аст. Заҳабӣ ҳадиси қаблиро ба хотири ў заиф хонда ва Албонӣ ва Шуайб низ ин ҳадис ва ҳадиси пешинро ба хотири Абўрабиа заиф донистаанд. Ин бозӣ бо аҳодиси Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз ҷониби ин афрод дар ҳоле аст, ки тамоми ин се нафар дар ҷойҳои дигар аҳодиси Абўрабиаро саҳеҳ ва ҳасан хондаанд.[23] Ва ин дар ҳолест, ки ин ҳадис аз мунфаридоти Абўрабиа нест.

Ҳамчунин бояд диққат дошта бошем, ки Абўрабиа аз ровиёни се сунан аст, Бухорӣ ҳадиси мавриди баҳсро дар шарҳи ҳоли ў зикр карда ва ўро тазъиф накардааст. Абўҳотам ўро мункарулҳадис дониста, Яҳё ибни Маин ўро сиқа дониста ва Ибни Ҳаҷар мақбул донистааст.[24] Ҳайсамӣ низ баъд аз нақли хабаре дар бораи сифати ҳазрати Умар дар Таврот аз ў, ки Умар ибни Хаттоб дар он бора аз Каъбул Аҳбор савол карда, ровиёни он санадро сиқот донистааст.[25] Чунон, ки равшан шуд Тирмизӣ, Ҳоким, Ибни Ҳаҷар, Заҳабӣ, Албонӣ ва... санади аҳодиси ўро саҳеҳ ва ҳасан донистаанд. Пас ҳадиси мавриди баҳс бешак саҳеҳ аст, гарчӣ баъзеҳо ба хотири таассуби беҷое, ки доранд санади онро заиф муаррифӣ кардаанд.

Айни ин ҳадисро дурўғбофон бо табдили номҳо дар бораи ҳазароти халифаи аввал, дуввум, сеюм ва Амиралмўъминин ривоят кардаанд, ки ровии он Сулаймон ибни Исои каззоб аст. Ҷузҷонӣ ва Абўҳотам ўро каззоб донистаанд ва Ибни Адӣ гуфтааст: Ў ҳадис месохт ва Заҳабӣ ин ҳадисро аз ҷумла аҳодиси сохтаи ў зикр кардааст.[26]

Шиддати муҳаббати Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ нисбат ба Амиралмўъминин

عن أمّ عطيّة: إنّ النّبيّ صلى الله عليه و آله بعث عليّاً في سريّة فسمعته يقول: اللهمّ لا تمتني حتّى تريني عليّاً.

 Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Алиро бо гурўҳе ба ҷиҳод фиристоданд ва ман шунидам, ки он ҳазрат мефармуданд: "Худовандо, маро намирон то ин ки Алиро бар ман нишон диҳӣ", (баргардонӣ то ўро бубинам).[27]

Тирмизӣ санади ин ҳадисро ҳасан ва хуб донистааст. Албатта ду ровии ин ҳадис маҷҳул ҳастанд, ки ровиёни аз он ду ҳар ду сиқа ҳастанд, бинобар ин тибқи қоидае, ки Заҳабӣ ва дигарон матраҳ кардаанд, агар ровӣ маҷҳул бошад ва шахси сиқа аз вай ҳадис ривоят карда бошад, ҳадис ў мақбул хоҳад буд.


[1]. Таърихи Бағдод, ҷ.7, саҳ.12, р.3475. Риёзун назра, ҷ.3, саҳ.117. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.344. Ҷомеъус сағири Суютӣ, ҷ.2, саҳ.177, р.5596. Канз-ул-уммол,ҷ 12, саҳ.203, р.32914. Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.148, р.174. Савоиқул муҳриқа, ҷ.2, саҳ.366.

[2]. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ, ҷ.12, саҳ.15, р.12341. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.111. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.42 ва 471. Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.146, р.170. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.607, р.32936.

[3]. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, саҳ 662, р.1095 ва ё 1130. Риёзун назра, ҷ.3, саҳ.120. Кашфул хифо, ҷ.1, саҳ.266 ва ҷ.2, саҳ.130. Маноқиби Ибни Мағозалӣ саҳ.89. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ.67. Маноқиби Хоразмӣ саҳ.88. Ал-Фирдавси Дайламӣ ҷ.2, саҳ.191, р.2952. Янобеъул мавадда, ҷ.1, саҳ.42, р.7 то 12 ва ҷ.2, саҳ.307, р.876 аз чаҳор саҳобӣ.

[4]. Мўъҷамул муаллифини Умар Ризо Каҳола, ҷ.8, саҳ.95.

[5]. Фазоилус саҳобаи Аҳмад ҷ.2, саҳ 665, р.1104-1140. Мўъҷамул авсати Табаронӣ. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.111. Таърихи Ибни Асокир ҷ.12, саҳ.139. ҷ.42, саҳ.351. Ҳилятул авлиё, ҷ.7, саҳ.256. Таърихи Бағдод, ҷ.7, саҳ.387. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.624, р.33042-33043.

[6]. Мўъҷамус саҳобаи Ибни Қонеъ, ҷ.7, саҳ.96, р.1889. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ, ҷ.22, саҳ.200, р.526. Ҳилятул авлиё, ҷ.3, саҳ.27. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.121. Таърихи Бағдод, ҷ.11, саҳ.173. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.336 ва 360 бо се санад. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.624, р.33040 ва 33041. Дурул мансур, ҷ.3, саҳ.199. Фатҳул қадири Шавконӣ, ҷ.2, саҳ.323. Аш-шифои Қозӣ Айёз, ҷ.1, саҳ.138. Шавоидут танзил, ҷ.1, саҳ.293, р.300 то 304.

[7]. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ 336. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ 624, р.33042.

[8]. Маноқиби Ибни Мағозалӣ, саҳ.63, р.89. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.7, саҳ.386, бо ду санад. Дуррул мансур, ҷ.1, саҳ.60-61 аз Ибни Наҷҷор. Ал-фирдавси Дайламӣ, ҷ.3, саҳ.151, р.4409. Шавоҳидут танзили Ҳасконӣ, ҷ.1, саҳ.101-102. Янобиъул мавадда, ҷ.1, саҳ.65-288. Канз-ул-уммол, ҷ.2, саҳ.358, р.4237.

[9]. Мўъҷамул авсати Табаронӣ, ҷ.4, саҳ.263, р.4150. Мустадраки Ҳоким, ҷ.2, саҳ.263, р.2949. Тафсири Қуртубӣ, ҷ.9, саҳ.183. Исобаи Ибни Ҳаҷар, ҷ.3, саҳ.507. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.100. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.41, саҳ.335, аз Абўумома. Таърихи Бағдод, ҷ.6, саҳ.58. Ал-фирдавси Дайламӣ, ҷ.1, саҳ.44, р.109, ҷ.4, саҳ.303, р.6888, ҷ.5, саҳ.331, р.8345. Шавоҳидут танзил, ҷ.1, саҳ.375. Маноқиби Ибни Мағозилӣ, саҳ.90, р.133 ва саҳ.297, р.340. Фароидус симтайн, ҷ.1, саҳ.51, р.16, (аз Ҷобир) ва дар ҷ.2 ҳадиси р.375 (аз Ибни Аббос). Янобиъул мавадда, бо ду санад аз Ибни Аббос. Янобиъул мавадда, р730 ба нақл аз "Маваддатул қурбо" аз Амиралмўъминин. Ал-мавзӯоти Ибни Ҷавзӣ, ҷ.2, саҳ.5, аз Ибни Аббос ва Мино. "Дурру баҳрул маноқиб", саҳ.65-69-78 аз Аммор ибни Ёсир ва Аббод ибни Ёсир ва Абӯсумома бо се санад. Маноқиби Алӣ”-и Муҳаммад ибни Сулаймон, ҷ.1, саҳ.479, р.384 аз Абдулхайр. Дуррул мансур, ҷ.4, саҳ.44.

[10]. Таърихи исфаҳони Абўнуайм, ҷ.2, саҳ 43. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ.64 ва 65 аз Абўумома, Ҷобир ва Абўсаиди Худрӣ. Тафсири Қуртубӣ ҷ.9, саҳ 283. Дуррул мансури Суютӣ ҷ.4, саҳ 44. Канз-ул-уммол ҷ.12, саҳ 608, р.32943-32944. Ал-фирдавси Дайламӣ ҷ.1. с. 44, р.109. Савоиқул муҳриқаи Ибни Ҳаҷар ҷ.2. с. 359.

[11]. Зурриятут тоҳираи Дулобӣ, саҳ.63. Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.3, саҳ.57, р.2675, ҷ.4, саҳ.171-172. Мўъҷамул авсати Табаронӣ, ҷ.6, саҳ.327-328, р.6540. Ансобул ашрофи Билозарӣ, саҳ.104, р.39. Маҷмаъуз завоид, ҷ.8, саҳ.253, ҷ.9, саҳ.165-166 бо ду санад. Фароидус симтайн, ҷ.1, саҳ.92, р.61 ва ҷ.2, саҳ.84, р.403. Маноқиби Ибни Мағозалӣ, с. 101, р.144. Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.112-290, р.122. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ 130-133 бо шаш санад. Фазоили Фотимаи Заҳрои Ҳоким, р.132.

[12]. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ, ҷ.11, саҳ 77, р.11154 бо ду санад. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ 140, р.4645 ва 4646. Таърихи Бағдод, ҷ.3, саҳ 418, р.2201. Усдул ғобаи Ибни Асир, ҷ.2, саҳ 42. Канз-ул-уммол ҷ.13, саҳ 108, р.36355. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ 112. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ 135. Мизонул эътидол, ҷ.2, саҳ.613 шарҳи ҳоли Абдураззоқ р.5044 ва санадаш саҳеҳ аст.

[13] . Мизонул эътидоли Заҳабӣ, ҷ.1, саҳ.26, р.65. Лисонул мизон, ҷ.1, саҳ.45, р.96.

[14]. Таҳзиб-ут-таҳзиб, ҷ.3, саҳ.85, р.184. Тақриби Ибни Ҳаҷар, р.1644. Ман лаҳу ривоятун фи кутубис ситта, р.1330.

[15]. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.5, саҳ.356 ва ҷ.9, саҳ.123.

[16]. Риёзун назраи Табарӣ ҷ.1, саҳ.270 ва ё ҷ.3, саҳ 172 ба нақл аз Шарафун набувваи Харкушӣ. Назму дурарус симтайни Зарандӣ с. 114.

[17]. Ҳилятул авлиёи Абўнуайм, ҷ.1, саҳ.142. Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.6, саҳ.215, р.6045. Табақотул муҳаддисини Ибни Ҳаббон ҷ.1, саҳ.205. Ахбори Исфаҳон, ҷ.1, саҳ.49. Таърихул ислом, ҷ.3, саҳ.419. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.307. Таърихи Ибни Асокир ҷ.60, саҳ.176. Канзулуммол, ҷ.11, саҳ.754, р.33672 ва 33673.

[18]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ.132, р.3797. Муснади Абўяъло, ҷ.5, саҳ.166, р.2780, ҷ.12, саҳ.143, р.6773. Ансобул ашроф, р. 84. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.148, р.4666. Сияру аъломун нубало, ҷ.1, саҳ.355-413-541. Таърихул ислом, ҷ.3, саҳ.514-574. Усдул ғоба, ҷ.2, саҳ.330-331. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.21, саҳ.410 то 412, ҷ.60, саҳ.176, р.12428 бо ҳафт санад. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.117-118-344. Таърихи Ибни Касир ҷ.7, саҳ.354. Канз-ул-уммол ҷ.11, саҳ.369, р.33112, ҷ.13, саҳ.257, р.36759.

[19]. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ.330. Субулул ҳудо вар рашод, ҷ.11, саҳ.290.

[20]. Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.6, саҳ.215, р.6044. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.344. Субулул ҳудовар рашод, ҷ.11, саҳ.290.

[21] . Мўъҷамул авсати Табаронӣ, ҷ.7, саҳ.305, р.7569. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ.155. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.60, саҳ.177 бо ду санад.

[22]. Таърихи Кабири Бухорӣ, ҷ.9, саҳ.31, р.271. Муснади Аҳмад, ҷ.5, саҳ 351, р.23065. Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ 299, р.3718-3802. Сунани Ибни Моҷа, ҷ.1, саҳ.53, р.149. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, саҳ 657, р.1103-1176-1181. Мўъҷамул авсати Табаронӣ, ҷ.7, саҳ.156, р.7146. Таърихул исломи Заҳабӣ, ҷ.3, саҳ 419-514. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ 130, р.4649. Исобаи Ибни Ҳаҷар ҷ.6, саҳ 161,р. 8201. Таърихи Ибни Асокир ҷ.21, саҳ 409,ҷ 42, саҳ 266, ҷ.60, саҳ 175,ҷ 66, саҳ 189 бо шаш санад. Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ, ҷ.1, саҳ 540. ҷ.2, саҳ 61. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ 155. Маваддатул қурбои Мир Алии Ҳамадонӣ, саҳ.20, р.832, аз Амиралмўъминин алайҳис салом.

[23] . Заҳабӣ дар ҳошияи Мустадраки Ҳоким, ҷ.2, саҳ.212, р.2788 ва ҷ.3, саҳ.148, р.4666. Албонӣ дар ҳошияи Сунани Абўдовуд, ҷ.1, саҳ.2, р.2149 ва Шуайб Арнаут дар ҳошияи Муснади Аҳмад, ҷ.5, саҳ.357, р.23071.

[24] . Аҷ-ҷарҳу ват таъдили Ибни Абўҳотам, ҷ.6, саҳ.109, р.575. Ат-тақриби Ибни Ҳаҷар, ҷ.2, саҳ.397.

[25] . Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ.65.

[26] . Мизонул эътидоли Заҳабӣ, ҷ.2, саҳ.218, р.3496.

[27]. Таърихи кабири Бухорӣ, ҷ.9, саҳ.19, р.149. Сунани Тирмизӣ ҷ.5, саҳ 643, р.3737. Мўъҷамул авсат, ҷ.3, саҳ.48, р.2432. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ ҷ.25, саҳ 68, р.169. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ 337. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, 2, саҳ.609, р.1039-1119. Усдул ғобаи Ибни Асир ҷ.4, саҳ 26. Таърихи Ибни Касир ҷ.7, саҳ 356.

back

index

next