| back | next |
Ҳамдони Варроқ, Муҳаммад ибни Мансури Тўсӣ ва Абдуллоҳ ибни Аҳмад мегўянд:
سمعت أحمد بن حنبل يقول: ما روي في فضائل أحد من أصحاب رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم بالأسانيد الصحاح ما روي فی علي بن أبي طالب.
"Шунидем, ки Аҳмад ибни Ҳанбал мегуфт: Ривоят нашудааст аз тарафи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар фазоили ҳеҷ як аз саҳоба бо санадҳои саҳеҳ ба андозаи он чӣ, ки ривоят шудааст дар бораи фазоили Алӣ". [1]
Қози Исмоил ибни Исҳоқ ва Абўалии Нишопурӣ ва Аҳмад ибни Шуайби Насоӣ гуфтаанд: "Дар бораи ҳеҷ як аз саҳоба аз ноҳияи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҳадис ворид нашудааст бештар аз он аҳодисе, ки бо санадҳои саҳеҳ дар бораи Алӣ ибни Абутолиб ворид шудааст". [2]
Бояд диққат дошта бошем, ки Ибни Таймия раҳбари салафӣ-ваҳҳобият, ки дурўғҳои фаровон дар бораи аҳодиси фазоили Амиралмўъминин аз худ ба ҷой гузошта, ҳатто ин суханонро низ кизб ва дурўғ хондааст. Албатта дурўғу кинаи Ибни Таймия нисбати ҳазрати Алӣ ҳадду ҳисоб надорад.
عن ابن عباس قال: كانت لعلي بن أبي طالب ثمانية عشر منقبة لو لم يكن له إلا واحدة منها لنجا بها، ولقد كانت له ثلاثة عشر منقبة، ما كانت لأحد من هذه الأمة.
Ибни Аббос мегўяд: "Алӣ ибни Абутолиб ҳаждаҳ маноқиб (фазоил ва бартарӣ) дошт, ки ҳеҷ як аз ин уммат он бартариҳоро надоштанд". [3]
Заҳабӣ санади ин ҳадисро ба хотири Ҳаким ибни Ҷубайр заиф донистааст. Гарчӣ ўро аксари муҳаддисин заиф донистаанд, вале Тирмизӣ, Ҳоким, Заҳабӣ ва Албонӣ дар мавориде аҳодиси ўро саҳеҳ донистаанд.
قال رسول الله صلى الله عليه و آله: يا عليُّ و الّذي نفسي بيده لو لا أن يقول فيك طوائف من أمّتي ما قالت النّصارى في عيسى إبن مريم لَقلتُ اليوم فيك مقالاً لا تمرّ بأحدٍ من المسلمين إلاّ أخذ التّراب من أثر قدميك يطلبون به البركة.
Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Эй Алӣ, савганд ба Худо агар ин набуд, ки гурўҳе аз умматам дар бораи ту бигўянд он чиро, ки насоро дар бораи Исо гуфтанд, (яъне туро Худо бидонанд), ман дар бораи ту имрўз сухане мегуфтам, ки ту аз назди ҳеҷ як мусулмоне намегузаштӣ, магар ин ки аз хоки поят бармедоштанд ва ба он табаррук меҷустанд". [4]
Ин ҳадис аз Амиралмўъминин, Ҷобир ибни Абдуллоҳ ва Абўрофеъ ривоят шудааст ва асонидаш заиф ҳастанд, вале якдигарро тақвият мекунанд. Ҳамчунин Ибни Абулҳадид ва Қундузии ҳанафӣ ин ҳадисро аз Муснади Аҳмад ривоят кардаанд.
عن جابر قال: لما كان يوم الطائف ناجى رسول الله صلى الله عليه و آله عليا طويلا فلحق أبابكر وعمر فقالا طالت مناجاتك عليا يا رسول الله قال ما أنا أناجيه ولكن الله انتجاه
Ҷобир ибни Абдуллоҳ мегўяд: Дар Тоиф Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ (Алиро фаро хонд) бо Алӣ танҳоӣ дар хилват сўҳбатҳои маҳпасона карданд, пас Абўбакр ва Умар (дар баъзе ривоёт Абўбакр, дар баъзеи дигар мардум) гуфтанд: (Эй Расули Худо) наҷвоят бо Алӣ тўлонӣ шуд. (Дар баъзе нақлҳо, байни худ ин суханро гуфтанд ва ҳазрат фаҳмид) ва дар ҷавоби онҳо фармуд: Ман бо ў наҷво накардам, балки Худованд бо ў наҷво намуд. [5]
Ин ҳадисро Абўзубайр аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят карда ва аз Абўзубайр Аҷлаҳ, Аъмаш, Солим ибни Абўҳафса, Иброҳим ибни Ҳаммод ва Аммори Дўҳнӣ ривоят кардаанд. Ҳамчунин ин ҳадисро Муттақӣ дар Канзул уммол аз “Мўъҷамул кабир”-и Табаронӣ аз Ноҷия ибни Ҷундаб ривоят кардааст.
Ин ҳадис санадҳои саҳеҳ дорад, вале чун ровии аслии санади Ҷобир ибни Абдуллоҳ Абўзубайр аст, бояд ў миқдоре муаррифӣ шавад, чун Албонӣ бо ишора ба танҳо ду санади ин ҳадис Абўзубайрро мудаллис ва сабаби заъфи ин ҳадис хондааст.
Аммо Абўзубайр: Тамоми китобҳои муҳаддисин аз ҷумла саҳеҳҳои шашгона аз Абўзубайр ҳадиси фаровон ривоят кардаанд. Ҳамчунин ҳамаи муҳаддисин ва ҳатто худи Албонӣ ва Шуайб Арнаут беқайду шарт аҳодиси Абўзубайрро саҳеҳ донистаанд.
Аммо посухи ин ки Абўзубайр мудаллис аст ва ин ҳадисро бо “ан” ривоят кардааст: Метавон гуфт, ки бештари ривоёти Абўзубайр дар тамоми китобҳо бо “ан” ривоят шуда ва Муслим, ки дар саҳеҳаш аз ў наздик ба 300 ҳадис ривоят карда, 161 ҳадиси он бо “ан” аст ва ҳамчунин худи Албонӣ ва низ Шуайб Арнаут ҳатто он аҳодисеро, ки Абўзубайр бо “ан” ривоят карда, беқайду шарт саҳеҳ донистаанд.
Пас ин ҳадис, ки онро панҷ нафар аз Абўзубайр ривоят кардаанд ва аз ғайри Ҷобир низ шоҳид дорад, бешак қудрати сиҳҳаташ бештар аз дигар ривоёти Абўзубайр хоҳад буд.
عن عليٍّ قال: كانتْ لي منزلة من رسول الله صلى الله عليه و آله لم تكن لأحدٍ من الخلائق و كنتُ آتيه كلّ سحر فأقول: السّلام عليك يا نبيّ الله إن تنحنح إنصرفتُ إلى أهلي و إلاّ دخلتُ عليه.
Амиралмўъминин мефармояд: "Ман дар назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мақому манзалате доштам, ки ҳеҷ як аз мардум онро надошт. Ҳар саҳар ба назди он ҳазрат мерафтам ва ба он ҳазрат салом медодам. Агар ишорае мешуд, ки машғул ҳастанд, бармегаштам вагарна ба маҳзари он ҳазрат дохил мешудам". [6]
Ин ҳадис аз Амиралмўъминин ривоят шуда ва санади Насоӣ ровиёнаш сиқа ва садуқ ҳастанд ва ин ҳадис саҳеҳ аст.
قال عليٌّ: كانت لي من النبي صلّى الله عليه و آله ساعة من السّحر (وساعة بالليل وساعة بالنهار) آتيه فيها إذا أتيته إستأذنتُ فإن وجدتُه يصلِّي سبَّح فكان ذلك إذنه لي وإن لم يكن في صلاته أذن لي.
Имом Алӣ фармуданд: "Барои ман ҳама рўза саҳарҳо (дар ривоёти дигар ҳар рўз ва шаб) соат ва вақти муайяне барои мулоқот бо Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) вуҷуд дошт, ки дар он вақт ба ҳузури он ҳазрат мерафтам ва иҷозати дохил шудан мегирифтам ва агар дар намоз буданд, тасбеҳ мегуфтанд ва он нишонаи иҷозати он ҳазрат бар ман буд. Агар машғули намоз набуданд ба ман иҷозат медоданд ва ман ба ҳузурашон дохил мешудам". [7]
Диққат дошта бошем, ки ҳадиси аввалро Абдуллоҳ ибни Нуҷай аз падараш аз Амиралмўъминин ривоят карда ва санадаш саҳеҳ ё ҳасан аст ва ҳадиси дуввумро худи Абдуллоҳ ибни Нуҷай аз ҳазрати Алӣ ривоят карда ва ин ҳадисро чаҳор нафар аз Ибни Нуҷай ривоят кардаанд ва Баззор гуфтааст: Абдуллоҳ ибни Нуҷай ва падараш ҳар ду аз Алӣ ҳадис шунидаанд. Бинобар ин, асониди ин ду ҳадис саҳеҳ хоҳад буд, вале Албонӣ ва Шуайби ваҳҳобӣ бе зикри далел санадҳои ин ҳадисро заиф донистаанд, дар ҳоле ки аҳодиси дигари Нуҷай ва фарзандашро саҳеҳ ва ё ҳасан донистаанд. Албатта аз ин гуна таноқузот, ин афрод фаровон доранд, ки ба муносибат ба баъзе аз онҳо дар ҷойҳои худ ишора хоҳад шуд.
Ҳамчунин ин ки Алӣ ибни Абўтолиб ба ин шакл ҳамеша ба ҳузури Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дохил мешуда ва касе чунин ҷойгоҳ надоштааст, аз Абўсаиди Худрӣ низ дар китоби “Ансобул ашрофи билозарӣ”, ҷ.1, саҳ.278 таъкид шудааст, гарчӣ санади он ба вуҷуди Абўҳорун заиф аст.
Қабл аз ҳар чизе бояд диққат дошта бошем, ки дар саҳеҳи Бухорӣ ва китобҳои дигар аз Уммулмўъминин Оиша(р) ҳадис нақл шуда, ки: Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар домани ман аз дунё рафтаанд. Ин ҳадис муфассал дар китобҳои дигар баррасӣ шудааст. Аммо инро, ки Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар домани Амиралмўъминин аз дунё рафтаанд, ҳам Уммулмўъминин Оиша ривоят карда ва ҳам дигарон аз саҳоба, ки дар зер бо ахбору эътирофу таъкиди онҳо ошно мешавем:
عن أمِّ سلمة قالتْ: و الّذي أحلف به أن كان عليٌّ لأقرب النّاس عهداً برسول الله صلّى الله عليه و آله قالتْ: عندنا رسول الله صلّى الله عليه و آله غداة بعد غداة يقول:جاء عليٌّ مراراً. قالتْ: و أظنّه كان بعثه في حاجة. قالتْ: فجاء عليٌّ فظننتُ إنّ له عليه حاجة فخرجنا من البيت فقعدنا عند الباب فكنت من أدناهم إلى الباب فأكبَّ عليه عليٌّ فجعل يساره و يناجيه ثمّ قبض رسول الله صلّى الله عليه و آله من يومه ذلك فكان أقرب النّاس به عهداً.
1. Умми Салама мегўяд: Савганд мехўрам ба Худо, ки Алӣ наздиктарин шахс ба Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) буд. Мо дар назди он ҳазрат будем ва он ҳазрат пайваста мепурсиданд, ки оё Алӣ омад? Пайваста такрор мекарданд. Ман гумон кардам Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Алиро барои анҷоми коре фиристодаанд. Тўле накашид, ки Алӣ омад, мо фикр кардем Паёмбари гиромии Ислом бо Алӣ коре доранд, аз ин ҷиҳат ҳама аз хона хориҷ шудем ва дар назди дари хона нишастем. Ман аз ҳама ба дари хона наздиктар будам ва дидам, ки Алӣ ба ҷониби чапи Паёмбари гиромии Ислом хам шуда буд ва бо Паёмбар наҷво (сухани хусусӣ ва дар гўшӣ) мекард. Чанде гузашт ва Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҳамон рўз аз дунё рафтанд ва Алӣ наздиктарин шахс ба он ҳазрат буд".[8]
Ин ҳадис аз Умми Салама бо ду санад ривоят шуда, Ҳоким, Ибни Ҳаҷар, Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади онро саҳеҳ донистаанд. Ёдовар мешавем, ки Албонӣ ва Шуайб Арнаути ваҳҳобӣ бо таноқузгўӣ санади ин ҳадисро заиф донистаанд ва ҳол он ки дар ҷойҳои дигар аҳодиси Умми Мўсо ва Муғайра ибни Миқсамро саҳеҳ ва ҳасан донистаанд, вале ин ҳадисро ба хотири он ду тазъиф кардаанд.
إنَّ النّبيّ صلّى الله عليه و آله ثقل و عنده عائشة وحفصة إذ دخل عليٌّ فلمّا رآه النّبيُّ رفع رأسه ثمّ قال: أدن منّي أدن منّي فأسنده إليه فلم يزل عنده حتّى توفّى.
2. Вақте ки бемории Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) сахт шуда буд, дар назди он ҳазрат Уммулмўъминин Оиша ва Ҳафса буданд, он гоҳ Алӣ омад. Вақте Паёмбари гиромии Ислом Алиро диданд сари муборакашонро баланд намуда фармуданд: Наздик биё, наздик биё, бар ман. Алиро бар худашон наздик намуданд ва Алӣ пайваста дар назди Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) буд, то ин ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аз дунё рафтанд".[9]
Ин ҳадис аз Абдуллоҳ ибни Аббос бо ду санад ривоят шуда, Ҳайсамӣ мегўяд: Дар санади ин ҳадис Язид ибни Абўзиёд аст, ки ў бо вуҷуди заъфаш ҳадисаш ҳасан ва хуб аст ва боқимондаи ровиён ҳамагӣ сиқа ҳастанд. Пас ин ҳадис саҳеҳ аст.
عن جميع إبن عمير: إنّ أمَّه و خالتَه دخلتا على عائشة قالتا أخبرينا عن عليٍّ. قالتْ: عن أيِّ شيءٍ تسألْنَ عن رجلٍ وضع من رسول الله صلّى الله عليه و آله موضعاً فسالتْ نفسَه في يده فمسح بها وجهه و إختلفوا في دفنه فقال: إنّ أحبَّ البُقاع إلى الله مكانٌ قبض فيه نبيَّه. قالتا: فلِمَ خرجتِ عليه؟ قالتْ: أمر قضى و وددْتُ أن أفديه ما على الأرض من شيء.
3. Ҷамеъ ибни Умайр мегўяд: "Модарам ва холаам ба назди Оиша ворид шуданд ва ба ў гуфтанд, ки дар бораи Алӣ бар мо хабар бидеҳ. Оиша гуфт аз чӣ чизе савол мекунед, аз марде, ки ҳангоми реҳлати Паёмбар ба мақоме расида буд, ки ҷон ва рўҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар дасти ў аз тан ҷудо шуд ва Алӣ ҷон ва сурати Паёмбарро масҳ намуд. Дар мавриди дафни кардани он ҳазрат ихтилоф шуд, Алӣ фармуд беҳтарин ҷо дар назди Худованд ҳамон ҷоест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар он ҷо реҳлат намуданд. Модару холаам ба Оиша гуфтанд, ки пас чаро бар Алӣ хуруҷ кардӣ ва бо ў ҷангидӣ? Оиша гуфт: Коре буд, ки гузашт ва ман дўст дорам, ки барои ҷуброн кардани он ҳар чӣ дар дунё ҳаст, онро фидо бикунам".[10]
Ровиёни ин санад ҳамагӣ дар натиҷа сиқа ва ё садуқ хонда шудаанд, пас ин санад низ ҳасан ва хуб аст. Ҳайсамӣ гуфтааст: Модар ва холаи Ҷамиъро намешиносам. Вале чун он ду ровии хабар нестанд бинобар ин бар сиҳҳату сақми хабар рабте нахоҳанд дошт.
Албатта аз Уммулмўъминин Оиша, Алқама ва Асвад низ ба ин маъно ҳадис ривоят кардаанд.[11] Ин санад дар шавоҳид солеҳ ва мўътабар аст.
عن أبي رافع قال توفى رسول الله صلى الله عليه و آله ورأسه في حجر علي بن أبي طالب وهو يقول لعلي: الله الله وما ملكت أيمانكم الله الله والصلاة فكان ذلك آخر ما تكلم به رسول الله صلى الله عليه وآله.
4. Абўрофеъ мегўяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҳоле ки сари муборакашон дар домани Алӣ буд аз дунё рафтанд ва дар он ҳол ба Алӣ мефармуданд: Худоро, Худоро дар бораи он чи ки дар дастҳо доред Худоро, Худоро бар намоз ва ин охирин суханони он ҳазрат буд.[12]
Ҳайсамӣ мегўяд: Барои Ғассон ибни Абдуллоҳ шарҳи ҳоле пайдо накардам, боқимондаи ровиёни ин санад сиқа ҳастанд. Пас ин ҳадис бинобар меъёри Заҳабӣ, Ибни Ҳаҷар ва Ибни Ҳаббон ба танҳоӣ мақбул аст ва дар шавоҳид қатъан ин хабар мўътабар хоҳад буд.
قال ابن حجر: أخرج الحاكم في الإكليل من طريق حبة العرني عن علي قال: اسندت رسول الله 6 إلى صدري فسالت نفسه.
5. Амиралмўъминин фармуданд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро бар синаам такя дода будам ва бо ҳамон ҳол он ҳазрат ҷон доданд ва аз дунё рафтанд”.[13]
Ин санад низ саҳеҳ аст ва дар китобҳо муфассал дар бораи сиҳҳати ин санад баҳс шудааст.
6. Абўғатфон мегўяд: "Аз Ибни Аббос пурсидам, ки оё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро дар ҳангоми вафоташон дидӣ, ки сари мубораки он ҳазрат бар домани касе бошад? Ибни Аббос гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар домани Алӣ аз дунё рафтанд. Ба Ибни Аббос гуфтам, ки Урва аз Уммулмўъминин Оиша нақл кард, ки Паёмбар дар домани Оиша аз дунё рафтанд. Ибни Аббос гуфт: Оё ақлат бовар мекунад? Ба Худо савганд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар домани Алӣ аз дунё рафтанд ва ҳам ў буд, ки он ҳазратро ғусл дод".[14]
Дар санади ин хабар Сулаймон ибни Довудро нашинохтем ва Воқидӣ низ ҳаст, ки мавриди хилоф аст ва боқимондаи ровиёни ин санад сиқа ҳастанд.
عن عليٍّ قال: ولقد قبض رسول الله صلّى الله عليه و آله و إنَّ رأسه لَعلى صدري.
7. Имом Алӣ фармуданд: "Ба дурустӣ, ки Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ҷон доданд, дар ҳоле ки сари мубораки он ҳазрат дар домани ман буд".[15]
8 ва 9. Имом Саҷҷод ва Шаъбӣ низ гуфтаанд: Сари Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар домани Алӣ буд, ки он ҳазрат аз дунё реҳлат намуданд.[16] Дар ин ду санад низ Воқидӣ ҳаст.
Ҳоло ин ҳамаи ахбори саҳоба ва тобеин ҳамроҳ бо ривояти Уммулмўъминин Оиша(р) сазовортар ба пайравӣ ҳастанд ва ё он як ҳадисе, ки танҳо аз як нафар ривоят шуда ва воқеиятҳо низ онро инкор мекунад!?
[1]. Табақотул ҳанобилаи Ибни Абўяъло, ҷ.2, саҳ.120, р.611. Шавоҳидут танзили Ҳасконӣ, ҷ.1, саҳ.27. Ал-истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.1, саҳ.343 шарҳи ҳоли Амиралмўъминин. Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар, ҷ.7, саҳ 57.
[2]. Ал-истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.1, саҳ.343 шарҳи ҳоли Амиралмўъминин. Фатҳул борӣ, ҷ.7, саҳ 57. Савоиқул муҳриқа, ҷ.2, саҳ.385. Риёзун назраи Табарӣ ҷ.3, саҳ.212.
[3]. Мўъҷамул авсати Табаронӣ, ҷ.8, саҳ.212, р.8432. Шавоҳидут танзили Ҳасконӣ, ҷ.1, саҳ.22. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ 120.
[4]. Илалул ҳадиси Ибни Абўҳотам, ҷ.1, саҳ.313. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ, ҷ.1, саҳ.320, р.951. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.131. Шавоҳидут танзили Ҳасконӣ ҷ.1, саҳ.233. Маноқиби Хоразмӣ, саҳ.158, р.143 ва 188. Шарҳи Наҳҷул балоғаи Ибни Абўлҳадид, ҷ.9, саҳ.168.
[5]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ.303, р.3810. Ас-суннаи Ибни Абўосим, саҳ.584, р.1321 ва Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.2, саҳ.186. Ахбори Исбаҳони Абўнуайм, ҷ.2, саҳ.169, р.478. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.315 то 317 бо панҷ санад. Канз-ул-уммол, ҷ.13, саҳ.139, р.36438.
[6]. Муснади Аҳмад, ҷ.2, саҳ.80, р.608 ва 845. Сунан-ул-куброи Насоӣ, ҷ.1, саҳ.360, р.1137, ҷ.5, саҳ.141, р.8503. Сунанун Насоӣ Ал-муҷтабо, ҷ.3, саҳ.12, р.1213. Муснади Баззор, ҷ.3, саҳ.98, р.879-882.
[7]. Муснади Аҳмад, ҷ.1, саҳ 77, р.570. Сунан-ул-куброи Насоӣ, ҷ.5, саҳ.141, р.8499-8502. Хасоиси Насоӣ, р.14 то 19. Мусаннаф Ибни Абўшайба, ҷ.5, саҳ.258, р.25667. Сунани Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ.122, р.3709. Муснади Абўяъло ҷ.1, саҳ.444, р.592.
[8]. Муснади Аҳмад, ҷ.6, саҳ.300, р.26607. Фазоилус саҳобаи Аҳмад ҷ.2, саҳ.245, р.1171 Хасоиси Насоӣ р.154-155 ва Сунан-ул-куброи Насоӣ ҷ.4, саҳ.271, р.7108. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3 саҳ.149, р.4671. Мусаннафи Ибни Абўшайба ҷ.6, саҳ.368, р.32057-32066. Муснади Абўяъло, ҷ.12. с. 364, р.6934-6968. Табақоти Ибни Саъд, ҷ.2, саҳ.263. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.112. Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар, ҷ.8, саҳ.139.
[9]. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ.36. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ ҷ.1, саҳ 230, р.629. Мўъҷамул авсат, ҷ.3, саҳ.196, р.2908.
[10]. Муснади Абўяъло ҷ.8, саҳ 279, р.4865. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ 112. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.394.
[11] . Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.392.
[12]. Муснади Баззор ҷ.9, саҳ 329, р.3886. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.1, саҳ.293.
[13]. Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар ҷ.8, саҳ.139.
[14]. Табақотул куброи Ибни Саъд, ҷ.2, саҳ.263. Фатҳул борӣ, ҷ.8, саҳ.139. Канз-ул-уммол ҷ.7, саҳ.253, р.1108-1879.
[15]. Шарҳи Наҳҷул балоғаи Ибни Абулҳадид, ҷ.10, саҳ 189-190.
[16]. Табақоти Ибни Саъд ҷ.2, саҳ 51-163. Фатҳул борӣ, ҷ.8, саҳ 139.
| back | next |