| back | next |
Ҳоким дар радди сухани Мусъаб мегўяд:
تواترت الأخبار انّ فاطمة بنت أسد ولدتْ أميرألمؤمنين علي إبن أبيطالب في جوف الكعبة.
Ин хабар ба тавотур расида, ки Фотима духтари Асад амири мўъминон Алӣ ибни Абутолибро дар хонаи Каъба ба дунё овард.[1]
عن أبي الطفيل عن رجل من أصحاب النبي 6 قال لقد جاء في علي من المناقب ما لو أن منقبا منها قسم بين الناس لأوسعهم خيرا
Абўтуфайл, (ки худ низ аз саҳоба аст) аз саҳобии дигар ривоят карда, ки гуфтааст: Ҳамоно дар бораи Алӣ ба андозае фазилат ва маноқиб (аз тарафи Худои Мутаол ва Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ворид шуда, ки агар яке аз он фазилатҳо байни ҳамаи мардум тақсим шавад, ҳатман хайри он ҳамаи онҳоро фаро хоҳад гирифту аз ҳамаи онҳо зиёдӣ хоҳад кард.[2]
Санади ин ҳадис саҳеҳ ва ровиёни он аз ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд ба ғайр аз Фитр ибни Халифа, ки ў аз ровиёни Саҳеҳи Бухорӣ ва чаҳор сунан аст.
Диққат дошта бошем, ки ба ин маъно ахборе аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва Ҳузайфа ибни Ямон низ дар бораи муборизаи Амиралмўъминин Алӣ бо Амр ибни Абдавад дар ҷанги Хандақ ворид шудааст, ки ҳар кадом аз ин ахбор дигариро таъйид ва тақвият мекунад.
Ахбори ин китоб агар бо диққат мутолиа ва таваҷҷўҳ шавад ҳаққонияти ин матлаб ва аҳодис ҳар мунсиферо ба яқин мерасонад.
Дар бораи ин ки Амиралмўъминин Алӣ аввал касе ҳаст, ки имон оварда ва Исломро қабул карда аҳодис аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва саҳоба фаровон аст. Мо ин ҷо ба зикри чанд хабар иктифо мекунем:
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба духтарашон Фотимаи Заҳро фармуданд:
أما ترضين أني زوجتك أقدم أمتي سلما وأكثرهم علما وأعظمهم حلما؛
Оё розӣ нестӣ, ки туро ба ҳамсарии касе даровардам, ки аввал касе аз умматам аст, ки ислом овард. Илмаш аз ҳамаи онҳо бештар ва дар бурдборӣ аз тамоми онҳо бурдбортар аст.[3]
Ин ҳадис аз Амиралмўъминин Алӣ, Салмон, Ибни Аббос, Уммулмўъминин Оиша, Асмоъ, Анас, Фотимаи Заҳро, Умар ибни Хаттоб, Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Бурайда, Абўсаиди Худрӣ, Абўаюби ансорӣ, Барроъ, Абўҳурайра, Маъқал ибни Ясор ва Абўисҳоқи Сабиӣ ривоят шуда ва чунон, ки мулоҳиза мекунед ин ҳадис қатъан мутавотир аст. Ҳайсамӣ се санади ин ҳадисро саҳеҳ дониста ва Ғаззолӣ дар китоби "Эҳёу улумид дин, ҷ.3, саҳ.273" ва Ироқӣ дар "Тахриҷу аҳодиси эҳё”, ҷ.7, 416 ва Фатанӣ, дар "Тазкиратул мавзўъот”, саҳ.178 низ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистаанд. Муттақӣ низ мегўяд: Табарӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст. Санади Ибни Абўшайба ва Абдураззоқ аз Абўисҳоқ мурсали саҳеҳ аст ва Дулобӣ ва Ибни Асокир ин ҳадисро аз Абўисҳоқ аз Ҳорис ва ў аз Амиралмўъминин ва ҳамчунин аз Абўисҳоқ аз Анас мавсул ривоят кардаанд
عن عفيف قال ثم جئت في الجاهلية إلى مكة فنزلت على العباس بن عبد المطلب فلما ارتفعت الشمس وحلقت في السماء وانا انظر إلى الكعبة أقبل شاب فرمى ببصره إلى السماء ثم استقبل القبلة فقام مستقبلها فلم يلبث حتى جاء غلام فقام عن يمينه فلم يلبث حتى جاءت امرأة فقامت خلفها فركع الشاب فركع الغلام والمرأة فرفع الشاب فرفع الغلام والمرأة فخر الشاب ساجدا فسجد معه فقلت يا عباس أمر عظيم فقال لي أمر عظيم فقال أتدري من هذا الشاب فقلت لا فقال هذا محمد بن عبد الله بن عبد المطلب هذا بن أخي وقال تدري من هذا الغلام فقلت لا قال علي بن أبي طالب بن عبد المطلب هذا بن أخي هل تدري من هذه المرأة التي خلفهما قلت لا قال هذه خديجة ابنة خويلد زوجة بن أخي هذا حدثني ان ربك رب السماوات والأرض أمره بهذا الدين الذي هو عليه ولا والله ما على ظهر الأرض كلها أحد على هذا الا هؤلاء الثلاثة.
Афиф ибни Қайс мегўяд: “Дар замони ҷоҳилият ба Макка омадам. Вориди хонаи Аббос шудам. Дар он ҳангоме, ки хуршед ба авҷ расида буд ва ман ба Каъба нигоҳ мекардам, ҷавоне ба масҷид даромад ва нигоҳе ба осмон кард ва сипас рў ба Каъба истоду шурўъ ба намоз хондан кард, чизе нагузашт, ки навҷавоне ба ў пайваст ва дар тарафи рости ў истод. Сипас зане, ки худро пўшонида буд, омад ва дар пушти сари он ду нафар қарор гирифт ва ҳар се бо ҳам машғули намоз ва рукўъ ва саҷда шуданд. Ман бо дидани ин саҳна дар тааҷҷуб мондам ва ба Аббос гуфтам: Ҳодисаи бузургест!
Ў низ ин ҷумларо такрор кард ва афзуд: Оё ин се нафарро мешиносӣ?
Гуфтам: На.
Гуфт: Аввалин касе, ки дохил шуд ва пештар аз он ду нафар истод бародарзодаам Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ва дуввумин шахс, бародарзодаи дигари ман Алӣ ибни Абутолиб ва саввумин шахс ҳамсари Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) аст ва ў мегўяд, ки парвардигори ту парвардигори осмонҳо ва замин маро ба ин дин амр фармуд. Ба Худо қасам ҳамакнун дар рўи замин, ҷуз ин се нафар касе аз ин дин пайравӣ намекунад”.[4]
Ҳоким, Заҳабӣ, Ҳайсамӣ ва Албонӣ санади ин хабарро саҳеҳ донистаанд ва албатта санади Ибни Исҳоқ ғайр аз санади Ҳоким ва... буда ва он низ саҳеҳ аст. Тасҳеҳи Албонӣ аз ин ҷо истифода мешавад, ки ин ҳадисро дар китоби “Саҳеҳус сиратун набавия”, саҳ.115 ва 117 ворид кардааст.
Диққат дошта бошем, ки айни ин достон дар канори Каъба ба Абдуллоҳ ибни Масъуд низ пеш омада, ки аз Аббос достонро савол карда ва Аббос баъд аз муаррифии онҳо қасам ёд карда, ки касе ғайр аз ин се нафар пайрави ин дин нест.[5]
Санади ин хабар низ бешак саҳеҳ ва ё ҳасан ва хуб аст. Чун Шуайб Арнаут дар ҳошияи Сияри Заҳабӣ, ба санади он ба хотири Бишр ибни Меҳрон ва Шарики Қозӣ айб гирифтааст ва ҳол он ки Шарик бе шак сиқа ва аз ровиёни саҳеҳои шашгона аст. Аммо Бишр: Ибни Ҳаббон ва Яъқуб ибни Шайба чунон, ки дар зери ҳамин ҳадис дар Сияри Заҳабӣ ва Канзулуммол омадааст ўро сиқа ва солеҳ донистаанд ва Заҳабӣ низ бар он ишкол ворид накардааст. Танҳо дар бораи Бишр гуфтаанд: Ибни Абўҳотам гуфт: “Падарам ҳадиси Бишрро тарк кард”. Ҳол он ки аввалан: ҳам ин сухан дар шарҳи ҳоли Бишр дар китоби “Ҷарҳут таъдил” ворид нашуда ва ҳам Ибни Абўҳотам дар онҷо гуфтааст: Падарам аз ў ҳадис навишт ва инро ман аз падарам шунидам. Сониян: Абўҳотам чунон, ки Заҳабӣ гуфтааст, дар ҷарҳи ровиён сахтгир будааст. Албатта сухану тавсиқи ду нафар қатъан бар сухани як нафар тарҷеҳ дода мешавад, чӣ расад ба сухани Абўҳотам, ки ҳам акси муддао аз ў собит аст ва ҳам фарзан ин нисбат дуруст бошад, ки нест, ў дар ҷарҳи ровиён сахтгир будааст.
Бо ин баён равшан мешавад, ки санади ин хабар низ комилан саҳеҳ аст ва албатта диққат дошта бошем, ки дар санади Табаронӣ Ҳайсамӣ Яҳё ибни Ҳотамро намешиносам гуфтааст. Оре ў маҷҳул аст, вале дар санади Яъқуб ибни Шайба Яҳё ибни Ҳотам нест ва Яъқуб ин ҳадисро худ аз Бишр ибни Меҳрон ривоят кардааст. Пас гузашта аз саҳеҳ ё ҳасан будани санади аввал санади дуввум низ онро тақвият ва таъйид мекунад
بعث النبي صلى الله عليه و آله يوم الإثنين وصلى علي يوم الثلاثاء.
Гурўҳе аз саҳоба мегўянд: “Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) рўзи душанбе ба паёмбарӣ расид ва мабъус шуд ва Алӣ рўзи сешанбе намоз хонд (ва имон овард)”.[6]
Абўзар, Ҷобир, Абўрофеъ, Бурайда, Абўсаид ва Анас ба ин ҳақиқат ишора кардаанд. Ҳоким санади Бурайда ва Абўрофеъро саҳеҳ дониста ва Заҳабӣ низ дар аввалӣ бо ў мувофиқат кардааст. Ҳайсамӣ дар санади дигари Абўрофеъ Яҳё ибни Абдулҳамидро заиф дониста ва ҳол он ки Яҳё қатъан сиқа аст ва бо таъкид Яҳё ибни Маин ва дигарон, баъзеҳо аз рўи ҳасад дар бораи ў сухан мегуфтаанд.[7] Албатта ў аз ровиёни Саҳеҳи Муслим низ ҳаст. Албонӣ онро аз Ҷобир ривоят кардааст, ки он низ назди ў саҳеҳ аст.
عن علي قال: بعث رسول الله صلى الله عليه يوم الإثنين وأسلمت يوم الثلاثاء.
Амиралмўъминин фармуданд: “Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ рўзи душанбе мабъус шуданд ва ман рўзи сешанбе ба он ҳазрат имон овардам ва мусулмон шудам”.[8]
Санади ин хабар мавриди хилоф аст, вале ахбори қаблӣ маънои ин хабарро таъйид мекунад.
قال رسول الله صلى الله عليه و آله: أوّلكم ورودا ًعليّ الحوض اوّلكم إسلاماً عليّ بن أبيطالب.
Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Аввал касе, ки аз миёни шумо дар сари ҳавзи Кавсар назди ман ворид мешавад, он касе аст, ки пеш аз ҳамаи шумо бар ман имон овард ва он Алӣ аст".
عن سلمان قال: أول هذه الأمة ورودا على نبيها صلى الله عليه و آله أولها إسلاما علي ابن أبي طالب.
Салмон мегўяд: “Аввал касе, ки аз ин уммат ба маҳзари Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ворид ва ба он ҳазрат мулҳақ мешавад он касе аст, ки пеш аз ҳама ислом овард ва он Алӣ ибни Абутолиб аст”.[9]
Ҳайсамӣ ровиёни ин хабарро сиқа дониста ва аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) будани ин хабарро Ибни Абдулбар ва Суютӣ тақвият кардаанд.
Аз афроди зиёде аз саҳоба монанди Зайд ибни Арқам, Ибни Аббос ва... бо таъкид ва бо санадҳои саҳеҳ ахбор ворид шуда, ки гуфтаанд: "Алӣ аввал касе буд, ки Ислом овард".
قال عليٌّ: أنا أوّل من أسلم (صلى) مع النّبيّ صلّى الله عليه و آله.
Алӣ фармуд: "Ман аввал касе ҳастам, ки бо ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) имон овардам ва мусулмон шудам".[10]
Ҳайсамӣ санади ин хабарро саҳеҳ донистааст.
قال رسول الله صلى الله عليه و آله: إنّ أوّل من صلّى معي علي إبن أبيطالب.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Аввал касе, ки ҳамроҳи ман намоз хонд, Алӣ ибни Абутолиб аст".[11]
أوَّل من صلّى مع رسول الله صلّى الله عليه و آله عليٌّ.
"Аввал касе, ки бо ҳамроҳи Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ намоз хонд, Алӣ буд".[12]
Ин сухан ва таъкид аз Амиралўъминин, Саъд ибни Абўваққос, Ибни Аббос, Зайд ибни Арқам, Бурайд аз ҳар кадом бо санадҳои саҳеҳ ворид шудааст.
قال رسول الله صلى الله عليه و آله: إنّ الملائكة صلّتْ عليَّ و على عليٍّ سبع سنين و ذلك أنّه لم يصلّ معي أحدٌ غيره.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Ҳамоно малоика бар ману Алӣ ҳафт сол дуруду салавот мефиристоданд ва ин дар ҳоле буд, ки ғайр аз Алӣ ҳеҷ каси дигаре бо ҳамроҳи ман намоз намехонд".[13]
Ин ҳадис аз Амиралмўъминин, Ибни Аббос, Абўаюб, Абўзар ва Анас ривоят шудааст.
عن عليٍّ قال: ما أعرفُ أحداً من هذه الأمَّة عبد اللهَ بعد نبيِّها غيري عبدتُ اللهَ قبلَ أن يعبده أحدٌ من هذه الأمَّة بسبع سنين.
Имом Алӣ фармуданд: "Ман касеро аз ин уммат намешиносам, ки баъд аз Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) Худоро ибодат карда бошад ба ғайр аз ман. Ман Худоро ибодат кардам, ҳафт сол пеш аз ин ки касе аз ин уммат ўро ибодат бикунад".[14]
Ҳайсамӣ санади ин хабарро ҳасан ва хуб дониста, як санади Ҳоким ровиёнаш сиқа ҳастанд ва санади дигараш ҳамин санаде аст, ки Ҳайсамӣ онро хуб донистааст.
قال عليٌّ: أنا عبد الله و أخو رسول الله و أنا صِدِّيقُ الأكْبَر لا يقولها بعدي إلاَّ كاذب مفتر صلَّيْتُ قبل النّاس بسبع سنين.
Имом Алӣ фармуданд: "Ман бандаи Худо, бародари Расули Худо ҳастам ва ман ростгўи бузург ҳастам. Ин суханро касе ғайр аз ман наметавонад бигўяд магар дурўғгў. Ман ҳафт сол қабл аз мардум намоз хондам".[15]
Санади Насоӣ аз Ибни Абўҳузайл комилан саҳеҳ аст, Аҳмади Канонӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ дониста, Бусайрӣ санади Ҳаббат ибни Ҷувайнро ҳасан ва хуб дониста, Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ дар ҳошияи "Сунани Ибни Моҷа" мегўяд: Бусайрӣ дар Завоид гуфтааст: Ин санад саҳеҳ ва ровиёнаш сиқа ҳастанд ва Ҳоким онро ба шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ донистааст. Фатанӣ дар радди сухани Ибни Ҷавзӣ, ки ин ҳадисро сохташуда дониста, мегўяд: Ҳоким ба шарти Бухорӣ ва Муслим ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.[16] Аз ин ду гувоҳӣ, истифода мешавад, ки сухани Ҳокимро аз "Мустадрак" ҳазф кардаанд. Ҳамчунин Заҳабӣ дар "Мизонул эътидол" ин ҳадисро бо санади саҳеҳи дигар нақл карда ва Аббод ибни Абдуллоҳро муттаҳам кардааст ва ҳол он ки аввалан: Иҷлӣ ва Ибни Ҳаббон вайро сиқа донистаанд ва Абўҳотам ҷарҳ накардааст. Бинобар ин қатъан ҳадиси ў дар шавоҳид солеҳ хоҳад буд.
Диққат дошта бошем, ки ин ҳадисро ба ин маъно бо санадҳои гуногун Зозон, Ҳабати Аранӣ, Абдуллоҳ ибни Абўҳузайл, Аббод ибни Абдуллоҳ, Ҳаким ғуломи Зозон, Абдуллоҳ ибни Нуҷай аз Амиралмўъминин ривоят кардаанд.
Бояд диққат дошта бошем, ки бо вуҷуди ин ҳама ривоёт аз Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва Амиралмўъминин ва хеле аз саҳоба, ки мо шумори хеле каме аз онҳоро зикр кардем, ҳатто дар ин мавзўи ба ин равшанӣ ва мусаллам чандин хабар роҳ андохтаанд, ки гўё халифаи аввал ҳазрати Абўбакр аввал касе буда, ки мусулмон шудааст[17] ва ҳол он ки халифаи аввал баъд аз се сол аз беъсат баъд аз он ки бо амри Худованди Мутаол даъвати Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аланӣ ва ошкор шуд, мусулмон шудааст, ки дигар ниёз ба баррасии онҳо нест.
[1]. Мустадраки Ҳоким ҷ.3, саҳ 550, р.6044.
[2]. Мусаннаф Ибни Абўшайба, ҷ.6, саҳ 373, р.32128.
[3]. Муснади Аҳмад, ҷ.5, саҳ.26, р.20322. Мусаннаф Ибни Абўшайба, ҷ.7,с 505, р.68 ва ҷ.6, саҳ.374, р.32131. Мусаннаф Абдураззоқ, ҷ.4, саҳ.490, р.9783. Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.1, саҳ.94, р.156, ҷ.20, саҳ.230, р.538. Ал-оҳод вал масонӣ, ҷ.1, саҳ.142, р.169. Зурриятут тоҳира, саҳ.99, р.86. Мавсўаи ақволи Доруқутнӣ, 24, саҳ.385. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.132 ва 133 бо шаш санад. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.101 ва 102 ва 114. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.605, р.32924 то 32927 ва ҷ.13, саҳ.114, р.36370 ва 36423.
[4]. Муснади Аҳмад ҷ.1, саҳ 209, р.1787. Сунан-ул-куброи Насоӣ ҷ.5, саҳ.106, р.8394. Табақоти Ибни Саъд, ҷ.8, саҳ.18. Ахбори Маккаи Ибни Исҳоқ, ҷ.4, саҳ.251. Мўъҷамус саҳобаи Ибни Қонеъ, ҷ.2, саҳ.360, р.845. Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.18, саҳ.101, р.182, ҷ.22, саҳ.453. Муснади Абўяъло, ҷ.3, саҳ.118, р.1547. Таърихи Табарӣ, ҷ.1, саҳ.537. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.183-201, р.4842. Сияру аъломун нубало, ҷ.1, саҳ.463. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.222.
[5]. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ, ҷ.10, саҳ.183. Сияру аъломун нубало, ҷ.1, саҳ.463, шарҳи ҳоли Ибни Масъуд. Таърихи Ибни Касир, ҷ.6, саҳ.21. Шавоҳидут танзил, ҷ.2, саҳ.301. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.3, саҳ.265. Канз-ул-уммол, ҷ.13, саҳ.467, р.37216.
[6]. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5, саҳ.640, р.3728. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ, ҷ.1, саҳ.320, р.952. Муснади Баззор, ҷ.9, саҳ.322, р.3871. Таърихи Табарӣ, ҷ.1. с. 537. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.121, р.4586 ва 4587 ва 4841. Таърихи Бағдод, ҷ.1, саҳ.134. Маҷмаъуз завоид ҷ.9, саҳ.903. Саҳеҳус сиратун набавияи Албонӣ, саҳ.118.
[7]. Барои ошноӣ ба Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ, шарҳи ҳоли Яҳё ибни Абдулҳамид муроҷиатшавад.
[8]. Муснади Абўяъло, ҷ.1, саҳ.348, р.446. Саҳеҳи Тирмизӣ ҷ.5, саҳ.640, р.3728. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.102.
[9]. Мусаннаф Ибни Абўшайба ҷ.6, саҳ.371, р.32113. ҷ.7, саҳ.267, р.35954. Мўъҷам-ул-кабир ҷ.6, саҳ.265, р.6174. Ал-Оҳод вал масонӣ, ҷ.1, саҳ.149, р.181. Ал-истиоб, ҷ.3, саҳ.1090. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ.102.
[10] . Муснади Ибни Ҷаъд, саҳ.87. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ.103.
[11]. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.616, р.32992.
[12]. Муснади Аҳмад ҷ.1, саҳ 373, р.3542. ҷ.4, саҳ.368-370,ҷ 5, саҳ.495. Муснади Таёлусӣ, саҳ.93 ва 360. Мўъҷам-ул-кабири Табаронӣ ҷ.5, саҳ.176, р. 5002,ҷ 18, саҳ.101,р. 181-182. "Ал-истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.2, саҳ.459, ҷ.3, саҳ.1095. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.120-571, р.4582 6121. Сунан-ул-куброи Насоӣ ҷ.5, саҳ.43-105, р.8137-8390 то 8393. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.46. Мусаннафи Ибни Абўшайба, ҷ.6, саҳ.371, р.32107, ҷ.7, саҳ.12-249-263-338, р.33867-35765-35910-36594. Табақоти Ибни Саъд ҷ.3, саҳ.12-21,ҷ 5, саҳ.43-44, ҷ.8, саҳ.17. Муснади Абўяъло, ҷ.3, саҳ.117,р. 1547. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.112-119-120.
[13]. Усдул ғобаи Ибни Асир ҷ.4, саҳ 18. Риёзун назраи Табарӣ ҷ.3, саҳ.121. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ.36-39 бо панҷ санад. Ал-Фирдавси Дайламӣ ҷ.3, саҳ.433, р.5331. Шавоидут танзили Ҳасконӣ ҷ.2, саҳ.184-185 бо се санад. Захоирул уқбои Табарӣ саҳ.64. Маноқиби Хоразмӣ с. 53-54. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.616, р.32989.
[14]. Муснади Абўяъло ҷ.1, саҳ 347, р.447. Муснади Аҳмад ҷ.1, саҳ.92, р.776. Муснади Баззор р.751. Муснади Абўдовуд Таёлусӣ, р.188. Сунан-ул-куброи Насоӣ, ҷ.5, саҳ.107, р.8396. Хасоиси Насоӣ р.8. Фазоилус саҳоба, ҷ.2, саҳ.681, р.1164. Мустадраки Ҳоким ҷ.3, саҳ.121, р.4584 ва 4585. Маҷмаъуз завоид ҷ.9, саҳ.102.
[15]. Сунани Ибни Моҷа ҷ.1, саҳ 44, р.120. Сунан-ул-куброи Насоӣ ҷ.5, саҳ.106, р.8396. Мусаннафи Ибни Абўшайба ҷ.6, саҳ.370, р.32084, ҷ.7, саҳ.497. Ал-Оҳод вал масонӣ, ҷ.1, саҳ.148, р.178. Мисбоҳуз зуҷоҷаи Канонӣ, ҷ.1, саҳ.20. Таърихи Табарӣ, ҷ.2, саҳ.56 ва 310. Маърифатус саҳобаи Абўнуайм ҷ.1, саҳ.22, р.22. Фазоилус саҳобаи Аҳмад ҷ.2, саҳ.586-681, р.993-1165-1166. Мустадраки Ҳоким ҷ.3 саҳ.120, р.4584. Ас-Суннати Ибни Абўосим ҷ.2, саҳ.584, р.1324. Истиоб, ҷ.3, саҳ.1098. Завоиди Бусирӣ, ҷ.7, саҳ.79, р.6678
[16] . Тазкиратул мавзўъот, саҳ.96.
[17]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.5, саҳ.611, р.3667 ва 3735. Муснади Аҳмад, ҷ.4, саҳ.371, р.19325. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ҷ.15, саҳ.279, р.6863. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.67, р.4414.
| back | next |