![]() |
![]() |
معمر عن ابن طاوس عن أبيه عن المطلب بن عبد الله بن حنطب قال: قال رسول الله صلى الله عليه و آله لوفد ثقيف حين جاءه: لتسلمن أو لأبعثن رجلاً مني أو قال: مثل نفسي فليضربن أعناقكم، وليسبين ذراريكم، وليأخذن أموالكم. قال عمر: فوالله ما تمنيت الإمارة إلا يومئذ، وجعلت أنصب صدري له رجاء أن يقول: هو هذا. قال: فالتفت إلى علي رضي الله عنه فأخذ بيده ثم قال: هو هذا هو هذا مرتين.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба гурўҳи Сақиф замоне, ки ба назди он ҳазрат омаданд, фармуданд: "Қатъан ё таслим мешавед ва ё ин ки ба сўи шумо мардеро бифиристам, ки барои ман мисли нафс ва ҷонам аст, пас гардани шумоҳоро хоҳад зад ва зану фарзандонатонро асир хоҳад намуд. Умар ибни Хаттоб мегўянд: Ба Худо савганд ман аморатро дўст надоштам, магар он рўз ва шурўъ кардам ба расонидани синаи худ ба он ҳазрат ба умеди ин ки (бо ишора ба ман) бигўяд: Он мард ин аст. Пас ба тарафи Алӣ таваҷҷўҳ намуд ва аз дасташ гирифт, сипас фармуд: Он мард ин (Алӣ) аст он мард ин аст, ду маротиба.[1]
Ин хабар бо лафзҳои мухталиф аз Амиралмўъминин Алӣ, Абўзар, Ҷобир, Уммулмўъминин Оиша, Абдуллоҳ ибни Шаддод, Абдуллоҳ ибни Ҳантаб, Абдураҳмон ибни Авф, Ясиъ, Амр ибни Ос ва Умар ибни Шуайб аз ҷаддаш ривоят шудааст. Санади Ибни Абўшайба ва Насоӣ аз Абўзар тамоми ровиёнаш сиқа ва аз ровиёни саҳеҳи Муслим ҳастанд ҷуз Зайд ибни Ясиъ, ки ў тобеии сиқа аст. Ҳоким санади Абдураҳмон ибни Авфро саҳеҳ дониста ва Ҳайсамӣ гуфтааст: Дар санади он Талҳа ибни Ҷабр аст, ки Яҳё дар як ривоят тазъиф ва дар ривояти дигар сиқа дониста ва бақияи ровиёни ин санад сиқа ҳастанд. Санади Абдураззоқ ва Фазоили саҳобаи Аҳмад ҳамаи ровиёнаш бешак сиқа ҳастанд ва ҳамчунин санади Ибни Абўшайба аз Абдуллоҳ ибни Шаддод ровиёнаш сиқа ва аз ровиёни сиҳоҳ ҳастанд ва дар маҷмўъ метавон гуфт, ки ин ҳадис мутавотир аст, чун даҳ нафар онро ривоят кардаанд.
عن عليّ قال: وجعت وجعاً فأتيت النّبيّ صلى الله عليه و آله فأقامني في مكانه وقام يصلّي وألقى عليّ طرف ثوبه ثمّ قال: قم يا عليّ قد برئت لا بأس عليك وما دعوت لنفسي بشيء الاّ دعوت لك مثله و ما دعوت بشيء الاّ استجيب لي إلاّ أنّه قيل لي لا نبيّ بعدي.
Имом Алӣ фармуданд: "Дард ва маризие бар ман пеш омад. Ба назди Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) рафтам ва он ҳазрат маро ба ҷои худашон нишонданд ва ба намоз хондан бархостанд. (Пас аз намоз) як тарафи либосашонро ба тарафи ман андохта фармуданд: Бархез, эй Алӣ дардат бартараф шуд. Ман ҳеҷ чизе аз барои худам нахостам, магар ин ки монанди онро аз барои ту низ хостаам ва ҳар чи хостам бар ман дода шуд, магар ин ки ба ман гуфта шуд, ки баъд аз ман паёмбаре нахоҳад буд".[2]
Закариё ибни Динор, Алӣ ибни Собит ва Абдуллоҳ ибни Ҳорис ин ҳадисро аз Амиралмўъминин ривоят кардаанд ва санади Насоӣ ҳасан ва хуб ва ё саҳеҳ аст.
قال رسول الله صلى الله عليه و آله: يا عليّ أُحبّ لك ما أحبّ لنفسي و أكره لك ما أكره لنفسي.
Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: "Эй Алӣ ман дўст медорам аз барои ту ҳар он чиро, ки аз барои худам дўст дорам ва намеписандам аз барои ту ҳар он чиро, ки аз барои худам намеписандам".[3]
Санади ин ҳадис саҳеҳ аст, вале ба хотири Ҳориси Ҳамдонӣ, ки аз бузургони тобеин ва аз шогирдони хосси Амиралмўъминин Алӣ буда баъзеҳо санади ин ҳадисро заиф донистаанд ва ҳол он ки Ибни Сирин мегўяд: Аҳли Кўфа Ҳорисро аз ҳама (ҳатто аз Убайдаи Салмонӣ, сипас Масруқ ибни Аҷдаъ, сипас Алқама ва баъд Шурайҳи қозӣ) муқаддам медонистанд. [4]
هبيرة بن يريم عن علي قال: أهدي للنبي صلى الله عليه و آله حلة من حرير فكره أن يلبسها وبعث بها إلي فلبستها فرآها علي فقال: ما أكره لنفسي شيئا إلا أنا أكرهه لك فخرقها بين النساء قال ففعلت ذلك.
Ҳубайра ва Ҷўъда аз Амиралмўъминин ривоят кардаанд, ки фармуд: Барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ либосе аз ҳарир ҳадя дода шуд, пас ҳазрат кароҳат намуданд аз ин ки онро бипўшанд ва онро барои ман фиристоданд, пас ман онро пўшидам ва ҳазрат диданд, ки ман онро пўшидаам, пас фармуданд: Ҳар чиро, ки ман барои худам кароҳат дорам онро барои ту низ кароҳат дорам. Онро байни занҳо тақсим ва пахш кун, пас ман низ анҷом додам.[5]
Таҳовӣ ин ҳадисро бо ду санад аз Ҷўъда ривоят карда ва санадаш саҳеҳ ва ё ҳасан ва хуб аст ва дигарон онро аз Ҳубайра ривоят кардаанд ва ровиёни санади он ҳамагӣ сиқа ва аз ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд ҷуз Ҳубайра, ки сиқа ва аз ровиёни чаҳор сунан аст.
Ин ҳадисро аз Абўисҳоқи Сабиӣ Шўъба, Маъмар, Абўаҳвас ва Исроил ривоят кардаанд ва Абўисҳоқ онро дар нақли Таёлусӣ ба сурати симоъ аз Ҳубайра ривоят кардааст. Вале Бухорӣ боз монанди бисёр аҳодиси дигар ин ҳадисро ноқис ривоят карда ва ба сухани Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ки фармуданд: "Ҳар чиро, ки барои худ кароҳат дорам барои ту низ онро кароҳат дорам" ишора накарда ва онро ҳазф кардааст.[6]
عن زيد بن أرقم قال: آخى رسول الله 6 بين أصحابه فقال علي: يا رسول الله آخيت بين أصحابك وتركتني؟ فقال: أنت أخي أما ترضى أن تدعى إذا دعيت وتكسى إذا كسيت، وتدخل الجنة إذا دخلت؟ قال: بلى يا رسول الله.
Зайд ибни Арқам мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ байни асҳоб аҳди бародарӣ бастанд, пас Алӣ гуфт: Эй Расули Худо, байни асҳоб аҳди бародарӣ бастӣ, вале маро канор гузоштӣ? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ту бародари ман ҳастӣ, оё розӣ нестӣ, ки фаро хонда мешавӣ замоне, ки ман фаро хонда мешавад ва пўшонда мешавӣ замоне, ки бар ман мепўшонанд, дохили биҳишт мешавӣ замоне, ки ман дохил мешавам? Алӣ гуфт: Оре, эй Расули Худо, (розӣ ҳастам).[7]
Санади ин хабар саҳеҳ ва ровиёнаш сиқа ҳастанд.
[1]. Мусаннаф Абдураззоқ, ҷ.11, саҳ.226, р.20389. Мусаннаф Ибни Абўшайба, ҷ.6, саҳ.369-374, р.32086-32093-32137, ҷ.7, саҳ.411, р.36953. Ахбори Маккаи Ибни Исҳоқ, ҷ.3, саҳ.194, р.1962. Сунан-ул-куброи Насоӣ, ҷ.5, саҳ.127, р.8457. Хасоиси Нисоӣ, р.71. Муснади Баззор, ҷ.3, саҳ.259, р.1050. Муснади Абўяъло, ҷ.2, саҳ.165, р.859. Мўъҷамул авсат, ҷ.4, саҳ.133, р.3797. Ал-истиоб, ҷ.1, саҳ.342. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, саҳ.593, р.1008 ва 1024. Ал-маърифату ват таърихи Фасвӣ, ҷ.1, саҳ.43. Мустадраки Ҳоким, ҷ.2, саҳ.131 р.2559. Маҷмаъуз завоид, ҷ.7, саҳ.110, ҷ.9, саҳ.134-163. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42 саҳ.342.
[2]. Хасоиси Насоӣ р. 147-148. Сунан-ул-куброи Насоӣ ҷ.5, саҳ 151, р.8533-8532. ”Риёз-ун-назра" ҷ.3, саҳ 213. Мўъҷамул авсат ҷ.8, саҳ 445,р. 7913. Ас-суннаи Ибни Абўосим, р. 1313. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ 275. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.9, саҳ 110. Канз-ул-уммол ҷ.13, саҳ 151, р.36474.
[3]. Саҳеҳи Тирмизӣ, ҷ.1, саҳ.174, р.2812. ҷ.2, саҳ.72, р.272. Муснади Аҳмад, ҷ.1, саҳ.146, р.1243. 1154-1243. Муснади Абўдовуд Таёлусӣ, ҷ.с. 19-25, р.119-182. Мусаннаф Абдураззоқ ҷ.4, саҳ.144, р.2836, ҷ.5, саҳ.151, р.24644, ҷ.6, саҳ.368, р.32087. Муснади Баззор, ҷ.2, саҳ.222, р.618726, ҷ.4, саҳ.84, р.854. Муснади Абўяъло ҷ.1, саҳ.270-246, р.319-442. Сунани Доруқутнӣ ҷ.1, саҳ.118, р.7. Шуабул имон, ҷ.1, саҳ.140, р.6104.
[4] . Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ, шарҳм ҳоли Ҳориси Ҳамдонӣ.
[5] . Муснади Таёлусӣ, саҳ.19. Мусаннаф Абдураззоқ, ҷ.11, саҳ.70, р.19939. Мусаннаф Ибни Абўшайба, ҷ.6, саҳ.5. Муснади Аҳмад, ҷ.1, саҳ.137, р.1154. Муснади Абўяъло, ҷ.1, саҳ.270, р.319. Амолии Муҳомилӣ, саҳ.201. Шарҳи маониул осори Таҳовӣ, ҷ.4, саҳ.253, 6232 ва 6233. Илали Доруқутнӣ, ҷ.3, саҳ.134.
[6] . Саҳеҳи Бухорӣ, Китобул ҳиба, Боби Ҳадиятун мо юкраҳу лубсуҳо, р.2614 ва 5366 ва 5840.
[7]. Ансобул ашрофи Билозарӣ, ҷ.1, саҳ.287.
![]() |
![]() |