back

index

next

Паёмрасони ҳақ

عن البراء بن عازب قال: بعث رسول الله 6 خالد بن الوليد إلى أهل اليمن يدعوهم إلى الإسلام فكنت فيمن سار معه فأقام عليهم ستة أشهر لا يجيبونه إلى شيء فبعث النبي 6 علي بن أبي طالب وأمره أن يقفل خالد ومن اتبعه إلا من أراد البقاء مع علي رضي الله عنه فيتركه قال البراء: فكنت فيمن قعد مع علي فلما انتهينا إلى أوائل اليمن بلغ القوم الخبر فجمعوا له فصلى بنا علي الفجر فلما فرغ صففنا صفا واحدا ثم تقدم بين أيدينا فحمد الله وأثنى عليه ثم قرأ عليهم كتاب رسول الله 6 فأسلمت همدان كلها في يوم واحد وكتب بذلك علي إلى رسول الله 6 فلما قرأ كتابه خر ساجدا ثم جلس فقال: السلام على همدان وتتابع أهل اليمن على الإسلام؛

Барроъ ибни Озиб мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Холид ибни Валидро ба Яман фиристод то онҳоро ба Ислом даъват кунад ва ман низ ҳамроҳи касоне будам, ки бо Холид барои ин даъват рафта буданд, пас шаш моҳ онҳоро даъват кард, вале касе даъвати ўро напазируфт ва Исломро қабул накард. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ Алиро фиристод то Холид ва ҳар касеро, ки мехоҳад ҳамроҳи ў бошад ба Мадина фиристад ва ҳар кӣ  аз ҳамроҳони Холид хост ҳамроҳи Алӣ бимонад, бимонад. Барроъ мегўяд: Ман аз ҷумла касоне будам, ки ҳамроҳи Алӣ мондам, пас вақте ба даромади Яман расидем хабар ба мардум расид ва ҳамаи мардуми Яман ба даври Алӣ ҷамъ шуданд. Алӣ ҳамроҳи мо намози субҳро бар онҳо хонд, пас вақте намозро тамом кард мо дар як саф қарор гирифтем, пас ў ба пеши мо истод ва ҳамду санои Худои Мутаолро гуфт ва номаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро барои онҳо хонд, пас қабилаи Ҳамдон ҳамагӣ дар як рўз мусулмон шуданд. Алӣ мусулмон шудани онҳоро барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ навишт ва ҳазрат бо хондани он саҷдаи шукр анҷом доданд, сипас ду маротиба фармуданд: Салом бар қабилаи Ҳамдон.[1]

Ин хабар комилан саҳеҳ ва тамоми ровиёни санади он сиқа аз ровиёни Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ҳастанд ба ғайр аз Яҳё ибни Абдураҳмон ибни Молик, ки аз ровиёни се сунан ва сиқа аст.


[1]. Таърихи Табарӣ, ҷ.2, саҳ.390. Ал-истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.1, саҳ.345. Таърихи Ибни Халдун, ҷ.2, саҳ.55. Риёзун назраи Табарӣ, ҷ.1, саҳ.291.

back

index

next