back

index

next

Амиралмўъминин парчамдори Ислом

عن أنس قال: سألتُ رسول الله صلّى الله عليه و آله فقلْتُ: بأبي أنت و أمّي من صاحب لوائك يوم القيامة؟ قال: صاحب لوائي يوم القيامة هو صاحب لوائي في دار الدّنيا و اشار إلى علي إبن أبيطالب.

Анас мегўяд: "Ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам гуфтам: Падару модарам фидои шумо, соҳиби парчами шумо дар охират чӣ касе аст? Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Парчамдори ман дар рўзи қиёмат он касест, ки дар дунё низ парчамдори ман аст ва ишора намуданд ба Алӣ ибни Абўтолиб".[1]

Парчамдори Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ будани ҳазрат аз Амиралмўъминин, Ибни Аббос, Ҷобир, Абўсаиди Худрӣ ва Анас ибни Молик ривоят шудааст.

Ибни Аббос мегўяд:

لعلي أربع خصال هو أول عربي وعجمي صلى مع النبي  وهو الذي كان لواؤه معه في كل زحف وهو الذي صبر معه يوم المهراس (احد) انهزم الناس كلهم غيره وهو الذي غسله وهو الذي أدخله قبره.

Алӣ чаҳор хисол дорад, ў аввалин касе аз араб ва ғайриараб аст, ки ҳамроҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ намоз хонд ва ў касест, ки дар тамоми ҷангҳо парчам ҳамроҳаш буд, ў касест, ки дар ҷанги Уҳуд ҳамроҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ сабр намуд, замоне, ки ҳамаи мардум ба ғайр аз ў фирор карданд ва ўст, ки он ҳазратро ғусл дод ва вориди қабрашон кард.[2]

Ибни Асокир ин хабари Ибни Аббосро бо ду санад ривоят кардааст ва Заҳабӣ дар санади хабари Ҳоким, Закариё ибни Яҳёи Ваққорро муттаҳам донистааст, ҳол он ки аввалан: дар санадҳои Ибни Асокир Закариё нест ва сониян: Закариёро баъзеҳо мадҳу ситоиш кардаанд ва ў ҳамчунин устоди Абўҳотам буда ва Абўҳотам аз ў ҳадис ривоят карда ва ўро ҷарҳ накардааст. Ҳайсамӣ дар санади ин хабар Яҳёи Ҳиммониро заиф дониста ва ҳол он ки Яҳё аз ровиёни Саҳеҳи Муслим ва сиқа аст. Яҳё ибни Маин ва дигарон гуфтаанд: Ҳиммониро баъзеҳо аз рўи ҳасад тазъиф кардаанд.[3]

وعن ابن عباس قال ما بقى مع النبي يوم أحد إلا أربعة أحدهم عبد لله بن مسعود قلت فأين كان على قال: بيده لواء المهاجرين.

Ибни Аббос мегўяд: Дар ҷанги Уҳуд ҳамроҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ғайр аз чаҳор нафар касе боқӣ намонд, ки яке аз онҳо Ибни Масъуд буд. Пурсидам, ки Алӣ куҷо буд? Гуфт: Дар дасташ парчами муҳоҷирин буд.[4]

عن بن عباس قال: ان رسول الله صلى الله عليه و آله دفع الراية إلى علي يوم بدر وهو بن عشرين سنة.

Ибни Аббос мегўяд: “Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ парчами Исломро дар рўзи Бадр ба дасти Алӣ доданд дар ҳоле ки Алӣ бист сол син дошт”.[5]

Ҳоким, Заҳабӣ ва Ҳайсамӣ санади ин хабарро саҳеҳ донистаанд.

ابن عباس: أنّ رسول الله 6 دفع لعلىّ لواء المهاجرين يوم أحد.

Ибни Аббос мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар ҷанги Уҳуд парчами муҳоҷиринро ба Алӣ доданд.[6]

عن ابن عباس قال: كان علي صاحب راية رسول الله صلى الله عليه وآله يوم بدر، وکان الحكم يقول: کان صاحب رايته يوم بدر والمشاهد كلها.

Ибни Аббос мегўяд: Алӣ соҳиби парчами Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар Бадр буд. Ҳакам ибни Утайба (аз ровиёни сиҳоҳи шашгона) ҳамеша мегуфт: Алӣ парчамдори Ислом дар ҷанги Бадр ва тамоми ҷангҳо буд.[7] Санади ин хабар заиф аст.

Саид ибни Ҷубайр (шогирди Ибни Аббос) низ гуфтааст: Парчами Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳамеша дар дасти Алӣ буд.[8] Санади ин хабар саҳеҳ аст.

Ибни Исҳоқ мегўяд: Дар Уҳуд се парчам буд, ў ва Абўлфатҳ гуфтаанд: Парчами муҳоҷирин дар он рўз дасти Алӣ буд, дар ҳоле ки ў бист сол син дошт.[9]

Ибни Аббос ва Саид ибни Мусайяб гуфтаанд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ парчами муҳоҷиринро дар ҷанги Уҳуд ба дасти Алӣ дод.[10]

عن قتادة أن علي بن أبي طالب كان صاحب لواء رسول الله 6، يوم بدر وفي كل مشهد.

Қутода мегўяд: Алӣ дар ҷанги Бадр ва дар тамоми ҷангҳо парчамдори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд.[11]

وبارز (علی) يومئذ (بدر) كما تقدم وكانت له اليد البيضاء ودفع اليه رسول الله صلی الله عليه (وآله) وسلم الراية يومئذ وهو ابن عشرين سنة قاله الحكم عن مقسم عن ابن عباس قال وكانت تكون معه راية المهاجرين في المواقف كلها وكذلك قال سعيد بن المسيب وقتادة.

Ибни Касир мегўяд: Чунон ки гузашт, Алӣ дар рўзи Бадр мубориза намуд ва ў дорои тавону қудрати бузург буд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ рўзи Бадр парчамро ба дасти ў дод дар ҳоле ки ў (танҳо) бист сол син дошт. Инро Ҳакам аз Миқсам аз Ибни Аббос нақл кардааст. Сипас Ибни Касир мегўяд: Дар тамоми ҷангҳо парчамро Алӣ ба даст мегирифт. Ва инро Саид ибни Мусайяб ва Қутода гуфтаанд.[12]


[1]. Фазоилул саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, саҳ.663, р.1131. Риёзун назраи Табарӣ, ҷ.3, саҳ 191. "Таърихи Бағдод, ҷ.13, саҳ.98. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ.75 ва 331. Ал-фирдавси Дайламӣ, ҷ.5, саҳ.332, р.8346. Таърихи Ибни Касир ҷ.7, саҳ 335. Канз-ул-уммол ҷ.11, саҳ.612, р.32965.

[2] . Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.120, р.4582, Ал-истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.1, саҳ.335. Таърихи Ибни Асокри, ҷ.42, саҳ.72 бо ду санади дигар ва дигарон.

[3] . Сияру аъломун нубалои Заҳабӣ, шарҳи ҳоли Яҳёи Ҳиммонӣ.

[4] . Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.6, саҳ.114.

[5]. Мўъҷам-ул-кабир, ҷ.1, саҳ.106, р.176. Ал-Оҳод вал масонӣ, ҷ.1. с. 141, р.167. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.120, р.4583. Сунани Байҳақӣ ҷ.6, саҳ 207, р.11945. Маҷмаъуз завоид ҷ.9. с. 125. ”Талхисул ҳабири Ибни Ҳаҷар ҷ.3, саҳ 77.

[6] . Таърихи Табарӣ, ҷ.2,с 66. Таърихи Ибни Касир, ҷ.4, саҳ.20. Ас-сиқоти Ибни Ҳаббон, ҷ.1, саҳ.224. Маҷмаъуз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.6, саҳ.114.

[7] . Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.3, саҳ.85, р.1071. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.72.

[8] . Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.3, саҳ.141, р.1127.

[9] . Субулул ҳудовар рашоди Солеҳии Шомӣ, ҷ.4, саҳ 24.

[10] . Таърихи Табарӣ, ҷ.2, саҳ 66. Ас-Сиқоти Ибни Ҳаббон, ҷ.1, саҳ 224. Таърихи Ибни Касир, ҷ.4, саҳ 20 ва ҷ.7, саҳ 251. Маҷмаъуз завоид, ҷ.6, саҳ 114. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ 74.

[11] . Табақотул куброи Ибни Саъд, ҷ.3, саҳ 22.

[12] . Таърихи Ибни Касир, ҷ.7, саҳ.371.

back

index

next