| back | next |
قال رسول الله صلّى الله عليه و آله: من أراد أن ينظرِِِ إلى آدم في علمه و إلى نوحٍ في فهمه و إلى إبراهيم في خلّته و إلى موسى في مناجاته و إلى عيسى في سننه و إلى محمّدٍٍ في هديه و حلمه فانظروا إلى هذا المقبل فتطاول النّاس فإذا هو علي إبن أبيطالب.
1. Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҳузури гурўҳе аз саҳоба фармуданд: "Агар хоҳед, ки ба Одам дар илмаш, ба Нуҳ дар фаҳмаш, ба Иброҳим дар пўшиш ва сифоташ, ба Мўсо дар муноҷоташ, ба Исо дар равишаш ва ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар сират ва бурдборияш нигоҳ кунед (агар ин сифатҳои ҳар як аз ин паёмбаронро дидан мехоҳед), пас нигоҳ кунед ба ин шахсе, ки меояд ва ҳама нигоҳ карданд ва диданд, ки он шахс, (ки ҳамаи ин сифоти паёмбарон дар ў ҷамъ аст), Алӣ ибни Абутолиб аст".[1]
Ин ҳадис аз Ибни Аббос ва Абўҳурайра ривоят шудааст.
قال رسول الله صلى الله عليه و آله :من أراد أن ينظرَ إلى آدم في خلْقه و إلى نوح في تقْواه و إلى إبراهيم في خلّته و إلى موسى في هيبته و إلى عيسى في عبادته فلينظر إلى علي إبن أبيطالب.
2. Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Ҳар кӣ бихоҳад бар Одам дар хилқаташ, ба Нуҳ дар тақвояш, ба Иброҳим дар пўшиш ва сифоташ, ба Мўсо дар ҳайбаташ ва ба Исо дар ибодаташ нигоҳ бикунад, пас ба Алӣ ибни Абутолиб нигоҳ бикунад".[2]
قال النبي صلى الله عليه و آله: من أراد أن ينظرِِ إلى آدم في علمه وإلى نوح في فهمه وإلى إبراهيم في حلْمه (وإلى يحْيى في زهده) وإلى موسى في بطشه وإلى محمّدٍ في بهائه فلينظر إلى علي إبن أبيطالب.
3. Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: "Ҳар кӣ бихоҳад ба Одам дар илмаш, ба Нуҳ дар фаҳмаш, ба Иброҳим дар бурдборияш, (ба Яҳё дар зуҳдаш), ба Мўсо дар азаматаш ва ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар зебоӣ ва хушҳуснияш нигоҳ бикунад, пас ба Алӣ ибни Абутолиб нигоҳ бикунад".[3]
Аз машҳуртарин санади ин ҳадис, санади ҳадиси аввал аст, ки ҳеҷ хадшае дар он вуҷуд надорад. Ва он санад иборат аст аз:
Аҳмад ибни Ҳанбал, аз Абдураззоқ, аз Маъмар, аз Зуҳрӣ, аз Саид ибни Мусайяб, аз Абӯҳурайра. Ин ҳадисро бо ин санад, Ёқути Ҳамавӣ дар “Мӯъҷам-ул-удабо” ривоят кардааст. Ва ҳамчунин ҳадиси сеюм низ, ки Ибни Асокир, Ибни Касир ва дигарон нақл кардаанд, санадаш комилан саҳеҳ мебошад.
آخى رسول الله صلّى الله عليه و آله بين أصحابه فآخى بين أبي بكر و عمر و فلان و فلان فجاءه عليٌّ فقال: آخيتَ بين أصحابك و لم تُؤاخ بيني و بينَ أحدٍ. فقال رسول الله صلى الله عليه و آله: أنت أخي في الدّنيا و الآخرة. (في لفظ ما أخّرتُك إلاّ لِنفسي).
Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) байни ҳар ду нафар аз асҳоб аҳди бародарӣ бастанд. Байни Абўбакру Умар ва... пас Алӣ омад ва гуфт: Байни асҳоб аҳди бародари бастед, вале байни ман ва касе аҳди бародари набастед. Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: Ту бародари ман ҳастӣ, дар дунё ва охират. (Дар лафзи дигар, туро ба охир нагузоштам, магар аз барои худам).[4]
Ин ҳадисро Амиралмўъминин Алӣ, Ибни Аббос, Анас, Умар ибни Хаттоб, Ҷобир, Абӯзар, Зайд ибни Арқам, Ибни Умар, Омир ибни Рабиъ, Ибни Мусайяб, Абӯумома, Саид ва Абдуллоҳ ибни Абӯавфо, Маҳдуҷ ибни Зайд, Зайд ибни Абӯавфо, Абдураҳмон ибни Авим, Абӯҳурайра ва Асмо бинти Умайс ривоят кардаанд.
Ногуфта пайдост, ки ин ҳадис қатъан мутавотир аст.
إنّ رسول الله صلّى الله عليه و آله آخى بين أصحابه فبقي رسول الله صلّى الله عليه و آله و أبوبكر و عمر و عليٌّ فآخى بين أبي بكر و عمر و قال لعليٍّ: أنت أخي و أنا أخوك فإن ناكرك أحدٌ فقل: أنا عبد الله و أخو رسول الله لا يدّعيها بعدك إلاّ كذّاب.
Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) байни асҳоб аҳди бародарӣ бастанд ва дар охир Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) , Абўбакр, Умар ва Алӣ боқӣ монданд. Пас байни Абўбакру Умар аҳди бародарӣ бастанд ва ба Алӣ фармуданд: Ту бародари ман ҳастӣ, ман бародари ту ҳастам ва ҳар кӣ туро инкор кунад, бигў, ки ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо ҳастам ва касе баъд аз ту ғайр аз дурўғгў ин даъворо намекунад".[5]
Ин ҳадисро низ Амиралмўъминин, Ҷобир, Ибни Мусайяб, Яъло ибни Марра ва Абдуллоҳ ибни Арқам ривоят кардаанд.
Ибни Абдулбар мегўяд: Бо санадҳои гуногун аз Алӣ ривоят шуда, ки ў ҳамеша мегуфт: Ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо ҳастам ва ғайр аз ман касе ҷуз каззоб наметавонад чунин суханеро бигўяд. Сипас Ибни Абдулбар мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар Макка байни муҳоҷирин аҳди бародарӣ баст ва дар Мадина низ байни муҳоҷирин ва ансор чунин кореро анҷом дод ва дар ҳар ду маврид ба Алӣ фармуд: Ту дар дунё ва охират бародари ман ҳастӣ ва байни Алӣ ва худаш аҳди бародарӣ баст ва ба ин хотир ин сухан ва монанди он аз Алӣ шунида мешуд.[6]
Ибни Абдулбар мегўяд: Аз тариқҳои гуногун аз Алӣ ривоят шуда, ки ў ҳамеша мегуфт: "Ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳастам ва ғайр аз ман касе ҷуз каззоб наметавонад чунин суханеро бигўяд". Сипас Ибни Абдулбар мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар Макка байни муҳоҷирин аҳди бародари барқарор карданд ва дар Мадина байни муҳоҷирин ва ансор аҳди бародари барқарор карданд ва дар ҳар дуи ин маврид ба Алӣ фармуданд: "Ту дар дунё ва охират бародари ман ҳастӣ" ва байни худ ва Алӣ аҳди бародарӣ барқарор намуд. Ба ин хотир ин сухан ва монанди он аз Алӣ шунида мешуд. [7]
Бо вуҷуди ин ки мулоҳиза мекунед, ин достон ва ҳадис аз мусалламот буда ва мутавотир аст, вале Ибни Таймия пешвои ваҳобият, бо таъкиди фаровон гуфтааст: Аҳди бародарии Паёмбар бо Алӣ кизб ва дурўғ аст.[8] Ва Албонӣ низ ду се санади ин ҳадисро дар китоби аҳодиси заифааш зикр карда ва бо сохта хондани он, бо ифтихор ба сухани Ибни Таймияи каззоб низ ишора кардааст.[9]
Барои равшан шудани дурўғгўии ин ду пешвоёни салафӣ-ваҳҳобият ба чанд нуктаи дигар ишора мекунем:
1. Ҳайсамӣ ровиёни яке аз ривоёти худро аз ровиёни саҳеҳ (саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим) донистааст. Ибни Ҳаҷар бо радди сухани Ибни Таймия аз сиҳҳати асли достон хабар дода ва ишора карда, ки Мақдисӣ ҳадиси аҳди бародариро дар китоби "Аҳодис-ул-мухтора" нақл карда ва Ибни Таймия Аҳодиси мухтораро саҳеҳтар аз аҳодиси Мустадраки Ҳоким медонистааст. Тирмизӣ санади Амиралмўъминин Алиро хуб донистааст. Санади Абдураззоқ аз Асмоъ бинти Умайс тамоми ровиёнаш сиқа ва аз ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд ба ғайр аз Абўзайди Маданӣ, ки ў низ сиқа ва аз ровиёни саҳеҳи Бухорӣ ва Абўдовуд аст. Санади Ибни Абўшайба аз Ибни Аббос низ тамоми ровиёнаш сиқа ва аз ровиёни сиҳоҳи шашгона ҳастанд ба ғайр аз Ҳаҷҷоҷ ибни Динор ва ў аз ровиёни сунан ва сиқа аст. Санади Билозарӣ аз Зайд ибни Арқам ровиёнаш сиқа ва аз ровиёни саҳеҳ ҳастанд ба ғайр аз Мадоинӣ, ки Яҳё ибни Маин бо таъкид ўро сиқа дониста ва Юнус ибни Арқам, ки ҳадисаш ҳасан ва хуб аст. Ровиёни санади Ибни Саъд дар Табақот аз Амиралмўъминин Алӣ ғайр аз санади Тирмизӣ буда ва ҳамагӣ сиқа ва садуқ ҳастанд. Ва ривояти Доруқутнӣ аз Абўҳурайра низ ҳамаи ровиёнаш аз ровиёни Саҳеҳи Муслим ва чаҳор сунан ҳастанд ва Бухорӣ низ дар таълиқоташ аз онҳо ҳадис ривоят карда ва сиқа ва садуқ ҳастанд. Доруқутнӣ гуфтааст: Дигарон ин ҳадисро аз Саид ибни Мусайяб аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ривоят кардаанд ва ин савоб аст. Чунон, ки дар гузашта баён шуд мурсалаи Ибни Мусайяб назди муҳаддисини бузурге монанди Аҳмад, Ибни Маин ва... саҳеҳ ва ҳуҷҷат будааст.
Ин порае аз санадҳои саҳеҳи ин ҳадис дар ин мавзўъ аст. Оё инсони боимон метавонад ба ин соддагӣ чунин ҳадисеро, ки ин ҳама саҳоба ривоят кардаанд ва ин ҳама санадҳои саҳеҳ ва солеҳ дорад ва бо ҳеҷ мавозини Ислом низ мухолиф нест, ҳукм ба сохта буданаш кунад!?
قال عليٌّ: أنا عبد الله و أخو رسولِ اللهِ و أنا صدّيق الأكبر و لا يقولها بعدي إلاّ كاذب مُفْتر و لقد صلّيْتُ قبل النّاس سبْع سنين.
Имом Алӣ Фармуданд: "Ман бандаи Худо ва бародари Расули Худо ҳастам. Ман ростгўи бузург ҳастам, ки баъд (ғайр) аз ман касе ин даъворо намекунад, магар шахси дурўғгўю дурўғбоф. Ба дурустӣ, ки ман ҳафт сол қабл аз дигарон намоз хондам".[10]
Аҳмади Канонӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ дониста, Муҳаммад Фуод Абдулбоқӣ дар ҳошияи Сунани Ибни Моҷа мегўяд: (Бусирӣ) Дар Завоид гуфтааст: Ин санад саҳеҳ ва риҷолаш сиқа ҳастанд ва Ҳоким онро ба шарти Бухорӣ ва Муслим саҳеҳ донистааст. Фатанӣ дар радди сухани Ибни Ҷавзӣ, ки ин ҳадисро сохташуда донистааст, мегўяд: Ҳоким ба шарти Бухорӣ ва Муслим онро саҳеҳ донистааст.[11] Аз ин ду гувоҳии ёдшуда ба даст меояд, ки тасҳеҳи Ҳокимро (ваҳҳобиҳо) аз Мустадрак ҳазф кардаанд. Ҳамчунин Заҳабӣ дар "Мизон-ул-эътидол", ҷ.1, саҳ.433, р 1613 бо санади саҳеҳи дигар ин ҳадисро мухтасар нақл кардааст.
Диққат дошта бошем, ки ин ҳадисро бо санадҳои гуногун Зозон, Аранӣ, Абдуллоҳ ибни Абўҳузайл, Аббод ибни Абдуллоҳ, Ҳаким ғуломи Зозон ва Абдуллоҳ ибни Нуҷай аз Амиралмўъминин Алӣ ривоят кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Албонӣ ин ҳадисро низ танҳо бо зикри се санад ба сохта будан ҳукм карда ва ин дар ҳоле аст, ки худаш дар бораи яке аз он се санад эътироф карда, ки тамоми ровиёнаш сиқа ҳастанд ва сипас гуфтааст: Аҷлаҳ дар санади ин хабар мавриди хилоф аст ва шояд ў иллати ин санад бошад.[12]
Барои равшан шудани дурўғгўии Албонӣ ва туҳмату бозиаш бо ахбори исломӣ, бояд диққат дошта бошем, ки аввалан: Аҷлаҳро Ибни Маин, Иҷлӣ ва Яъқуб ибни Суфён сиқа донистаанд ва Аҳмад ибни Ҳанбал ўро бо Фитр ибни Халифа мусовӣ дониста ва Фитр низ сиқа аст. Сониян: Худи Албонии мутаноқиз дар китобҳои мухталифаш аз ҷумла дар ҳошияи чаҳор сунан ва "Адаб-ул-муфради Бухорӣ" аҳодиси Аҷлаҳро бидуни чуну чаро саҳеҳ донистааст. Ҳамчунин Тирмизӣ, Ҳоким, Заҳабӣ ва Шуайб Арнаут низ аҳодиси Аҷлаҳро саҳеҳ донистаанд. Пас чӣ гуна як ҳадисеро, ки ҳатто аз мунфаридоти Аҷлаҳ нест ва асониди фаровон дорад, ба роҳатӣ сабаби мавзўъ буданашро як ровии сиқа медонанд!? Бо ин вуҷуд, чӣ гуна метавон ба сухани ин шахси мутаноқиз ва дурўғпардоз эътимод кард!?
[1]. “Китобул ибона"-и Ибни Батта. Мўъҷамул адиббои Ёқути Ҳамавӣ, ҷ.17, саҳ 200.
[2]. Шарҳи Мақосиди Тафтозонӣ ҷ.2, саҳ 219. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ 280. Маноқиби Ибни Мағозалӣ саҳ. 212.
[3]. Риёзун назраи Табарӣ ҷ.3, саҳ 196-197. Таърихи Ибни Касир ҷ.7, саҳ 392-393. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42, саҳ 280.
[4]. Сунани Тирмизӣ, ҷ.2, саҳ 213 ва 300, р.3720-3804. Мусаннаф Абдураззоқ, ҷ.5, саҳ.485, 9781. Мусаннаф Ибни Абишайба, ҷ.6, саҳ.265. Илали Ибни Абӯҳотам, ҷ.2, саҳ.361, р.2591. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, саҳ.597-666, р.1019-1131-1137. Ансобул ашроф, ҷ.1, саҳ.287. Масобиҳус суннаи Бағавӣ, ҷ.4, саҳ.175. Мӯъҷамул авсат, ҷ.8, саҳ.40, р.7894. Илали Доруқутнӣ, ҷ.9, саҳ 205, р.1724. Мустадраки Ҳоким , ҷ.3, саҳ 15-16, р.4288-4289. Ал-истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.2, саҳ.60. Табақоти Ибни Саъд, ҷ.2, саҳ.60, ҷ.3, саҳ.22. Фавоидуш шаҳир билғилониёт, ҷ.1, саҳ.119. Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар, ҷ.7, саҳ.58-211-271. Муснади Абӯяъло, ҷ.1, саҳ.347, р.445. Маърифатус саҳобаи Абўнуайм, ҷ.13, саҳ.111. Таърихи Ибни Касир, ҷ.7, саҳ.226-277-335. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.42, саҳ.51 то 53-61-96. Маҷмаъуз завоид, ҷ.9, саҳ.111 ва 209. Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.3, саҳ 33 аз Ибни Исҳоқ мурсал ва Абўнуайм аз Ибни Исҳоқ мавсул ривоят кардааст.
[5]. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, саҳ.617, р.1055. Муснади Абўяъло ҷ.1, саҳ.347. Таърихи Ибни Асокир, ҷ.12, саҳ.136. Канз-ул-уммол, ҷ.11, саҳ.608, р.32939. ҷ.13, саҳ 140, р.36440. Туҳфатул аҳвазӣ, ҷ.10, саҳ 152, р.60. Ибни Ҷавзӣ санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.
[6] . Ал-Истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.1, саҳ 338.
[7]. Ал-истиоби Ибни Абдулбар, ҷ.1, саҳ.338, шарҳи ҳоли Амиралмўъминин Алӣ.
[8] . Минҳоҷус сунна, ҷ.4, саҳ.32 ва ҷилду саҳифаҳои дигар, ки мо дар китоби "Ошноӣ ва раҳбарони салафӣ-ваҳҳобӣ" тамоми суханони ўро зикр кардаем.
[9] . Заифаи Албонӣ, р.2657 ва 4935.
[10]. Сунани Ибни Моҷа, ҷ.1, саҳ.44, р.120. Мусаннафи Ибни Абўшайба, ҷ.6, саҳ 370, р.32084. Сунан-ул-куброи Насоӣ ҷ.5, саҳ 106, р.8395. Ал-оҳод вал масонӣ, ҷ.1, саҳ 148, р.178. Мисбоҳуз зуҷоҷаи Канонӣ ҷ.1, саҳ.20. Таърихи Табарӣ, ҷ.1, саҳ.537, ҷ.2, саҳ.310. Фазоилус саҳобаи Аҳмад, ҷ.2, саҳ.586, р.993. Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.120, р.4584. "Ас-сунна"-и Ибни Абўосим, ҷ.2, саҳ.584,р. 1324.
[11] . Тазкиратул мавзўъоти Фатанӣ, саҳ.96.
[12] . Заифаи Албонӣ, р.4947.
| back | next |