Index Next

Хабарҳои Наҳҷулбалоға аз олами ғайб

Огоҳӣ аз ғайб ва гузориши Имом аз ҳодисаҳо ва рухдодҳои пинҳон ва бахусус ҷараёнҳое, ки баъд аз шаҳодати он ҳазрат рух дод, яке аз абъоди густардаи Наҳҷулбалоғаро ташкил медиҳад. Хабарҳои ғайбии Наҳҷулбалоға гувоҳ бар ин аст, ки Имом Алӣ алайҳис салом илова бар огоҳоиҳои ҳиссӣ ва ақлӣ, аз огоҳии дигаре низ бархўрдор будаанд, ки ҳаргиз наметавон онҳоро аз роҳи ҳис ва ақл кашф кард ва ба даст овард. Хабар додан аз ғайб нишонаи набувват ва паёмбарӣ нест, балки нишонаи сафову покии рўҳ, латофати зеҳн, таъйиди илоҳӣ ва ҳокӣ аз он аст, ки инсон ба чунон мақому дараҷае расида аст, ки метавонад марзҳои замонро бишканад ва ҳодисаҳоро пеш аз воқеъшудани он дарк карда ва бо он робита барқарор кунад. Огоҳии паёмбарон ва пешвоёни маъсум аз ғайб ду хел тасаввур мешавад, аввалан бетаълими илоҳӣ огоҳ бошанд ва дуввуманН Худои Мутаол ба паёмбарон таълим дода бошад ва имомон низ ҳар кадом аз имоми пеш аз худ ва дар ниҳоят аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ омухта бошанд ва ё Худованд аз роҳи дигаре бар онҳо таълим дода бошад. ҳамаи донишмандони шиа бар ин эътиқоданд, ки огоҳии Паёмбар ва имом аз ғайб, зотӣ ва бетаълими илоҳӣ нест ва агар касе илми имомонро зотӣ ва бетаълими илоҳӣ бидонад, имомонро аз доираи башар будан хориҷ карда ва баъзе аз сифатҳоеро, ки махсуси Худованд аст, бар онҳо нисбат додааст. Дар оёту ривоёт ва низ дар суханони донишмандон борҳо такрор ва таъкид шуда, ки огоҳии Паёмбар ва имом аз ғайб, зотӣ нест, балки бо таълими Худованди Мутаол аз роҳи ваҳй ва ё омухтан аз Паёмбар ва имоми пеш аз худ хоҳад буд. Наҳҷулбалоға ва огоҳии ғайб”-и Ҷаъфари Субҳонӣ.

Бо ин баён равшан шуд, ки илми ғайби зотӣ махсуси Худованди Мутаол аст ва ҳамаи уламо бар ин ақида буда ва бар он таъкид кардаанд, ки дигар ниёз ба зикр суханони онҳо нест.

Баъд аз ҷанги Ҷамал ҳазрати Алӣ алайҳис салом дар Басра хутбае хонд ва дар он аз баъзе ҳодисаҳои оянда хабар дод. Яке аз ёрони он ҳазрат бо тааҷҷуби фаровон ба он ҳазрат гуфт:

لقد أَعطيت يا أميرالمؤمنين علم الغيب! فضحك عليه السلام، وقال للرجل وكان كلبياً: يَا أَخَا كَلْب، لَيْسَ هُوَ بِعِلْمِ غَيْب، وَإِنَّمَا هُوَ تَعَلُّمٌ مِنْ ذِي عِلْم، وَإِنَّمَا عِلْمُ الْغَيْبِ عِلْمُ السَّاعَةِ، وَمَا عَدَّدَهُ اللهُ سُبْحَانَهُ بِقَوْلِهِ: إِنَّ اللهَ عِنْدَهُ عِلْمُ السَّاعَةِ ويُنَزِّلُ الغَيْثَ، ويَعْلَمُ ما في الأَرْحامِ، وما تَدْرِي نَفْسٌ ماذا تَكْسِبُ غَداً وما تَدْلرِي نَفْسٌ بِأيِّ أرْضٍ تَمُوتُ..." فَيَعْلَمُ الله سُبْحَانَهُ مَا فِي الاَْرْحَامِ مِنْ ذَكَر أَوْ أُنْثَى، وَقَبِيح أَوْ جَمِيل، وَسَخِيٍّ أَوْ بَخِيل، وَشَقيّ أَوْ سَعِيد، وَمَنْ يَكُونُ فِي النَّارِ حَطَباً، أَوْ فِي الْجِنَانِ لِلنَّبِيِّينَ مُرَافِقاً; فَهذَا عَلْمُ الْغَيْبِ الَّذِي لاَ يَعْلَمُهُ أَحَدٌ إِلاَّ اللهُ، وَمَا سِوَى ذلِكَ فَعِلْمٌ عَلَّمَهُ اللهُ نَبِيَّهُ صلى الله عليه وآله وسلم فَعَلَّمَنِيهِ، وَدَعَا لِي بِأَنْ يَعِيَهُ صَدْرِي، وَتَضْطَمَّ عَلَيْهِ جَوَانِحِي.

 Эй Амиралмўъминин туро илми ғайб доданд? Имом алайҳис салом хандид ва ба он мард, ки аз тоифаи Бани Калб буд фармуд: Эй бародари Калбӣ! Ин ахборе, ки иттилоъ медиҳам илми ғайб нест, илме аст, ки аз дорандаи илми ғайб (Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) омўхтаам. Ҳамоно илми ғайб илми қиёмат Ҳамоно илми ғайб илми қиёмат аст ва он чӣ Худо дар гуфтаи худ оварда ки:

"Илми қиёмат дар назди Худост, Худо боронро нозил карда ва он чӣ дар шиками модарон аст медонад ва касе намедонад, ки фардо чӣ хаҳад кард? Ва дар кадом сарзамин хоҳад мурд?"[1]

Пас Худованди Субҳон аз он чӣ дар раҳими модарон аст, писар ё духтар, зишт ё зебо, саховатманд ё бахил, саодатманд ё шақӣ огоҳ аст ва аз он касе, ки ҳезуми оташи ҷаҳаннам аст ё дар биҳишт ҳамсоя ва дўсти паёмбарон аст, аз ҳамаи инҳо огоҳӣ дорад. Ин аст он илми ғайбе (зотӣ), ки ғайр аз Худо касе намедонад. Ҷуз инҳо улуме аст, ки Худованд ба Паёмбараш таълим дода (илми ғайбӣ иктисобӣ) ва ў ба ман омўхтааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ барои ман дуо кард, ки Худо ин даста аз улуму ахборро дар синаам ҷой диҳад ва аъзо ва ҷавориҳи бадани ман аз он пур гардад.[2]

Шайх Табрасӣ менависад: ба ақидаи шиа касеро метавон олими ба ғайб тавсиф кард, ки ҳамаи ғайбҳоро бидонад ва илми ў зотӣ ва аз худаш бошад. ва ҳеҷ кас ҷуз Худованд инчунин нест. Аммо хабарҳои фаровоне, ки донишмандони шиа ва суннӣ аз ҳазрати Алӣ алайҳис салом ва дигар имомон нақл кардаанд, ҳама аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба онҳо расида ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз Худованд онро омухтааст. Тафсири Маҷмаъ-ул-баёни Табрасӣ 3/261.

Алломаи Таботабоӣ дар тафсири Ал-Мизон мегўяд: Худованд зотан аз ғайб огоҳ аст ва ҳар ҷое, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ огоҳии худ аз илми ғайбро инкор мекунад ва мефармояд: илми ғайб надорам, маънои он ин аст, ки мустақиллан ва зотан, олим ба ғайб нестам ва ҳар чӣ медонам аз ҷониби Худованди Мутаол ба ман омухта шудааст. Тафсири Ал-Мизон 20/131-132.

Дигарон аз уламо ва бузургони шиа низ чунин суханонеро гуфта ва баён кардаанд.

Баъзе аз хабарҳои ғайбии Наҳҷулбалоға

1-Суқути шаҳри Басра. Вақте ҷанги Ҷамал ба поён расид ва Басра фатҳ шуд ҳазрати Алӣ алайҳис салом онҷо хутбае хонд, ки бахше аз он хабарҳои ғайбии он ҳазрат маҳсуб мешавад:

"و ايم الله لتغرفن بلدتكم كانى بمسجدكم كجوجو سفينه، اونعامة جاثمه".

Ба Худо савганд, сарзаминҳои шуморо об ғарқ мекунад, гўё масҷиди шуморо мебинам, ки монанди синаи киштӣ ё чўпони шутурмурғе аст, ки бар сина хобида бошад, бар рўи об мондааст. Наҳҷулбалоға хутбаи 13.

2-Ҳукумати кўтоҳи Марвон ибни Ҳакам:

أَوَلَمْ يُبَايِعْنِي بَعْدَ قَتْلِ عُثْمانَ؟ لاَ حَاجَةَ لِي في بَيْعَتِهِ! إِنِّهَا كَفٌّ يَهُودِيَّةٌ، لَوْ بَايَعَنِي بِيَدِهِ لَغَدَرَ بِسُبَّتِهِ. أَمَا إِنَّ لَهُ إِمْرَةً كَلَعْقَةِ الْكَلْبِ أَنْفَهُ، وَهُوَ أَبُو الاَْكُبُشِ الاَْرْبَعَةِ، وَسَتَلْقَى الاُْمَّة مِنْهُ وَمِنْ وَلَدِهِ يَوْمَاً أَحْمَرَ!

 (Гўянд дар соли 36-и ҳиҷрӣ вақте Марвон, домоди Усмон дар ҷанги Ҷамал асир шуд, Имом Ҳасану Имом Ҳусайн алайҳимо салом назди падар узри ўро хостанд ва Имом Алӣ алайҳис салом ўро раҳо кард. Гуфтанд: падар, Марвон бо шумо байъат мекунад, фармуд):

Магар пас аз кушташудани Усмон, бо ман байъат накард? Маро ба байъати ў ниёзе нест! Дасти ў дасти яҳуде[3] аст. Агар бо дасти худ байъат кунад, дар пинҳонӣ байъатро мешиканад. Огоҳ бошед, ў ҳукумати кўтоҳмуддате хоҳад дошт, монанди фурсати кўтоҳи саге, ки бо забон бинии худро пок кунад. Ў падари чаҳор фармонравост ва уммати Ислом аз дасти ў ва писаронаш рўзгори хунине хоҳанд дошт.[4] Наҳҷулбалоға хутбаи 73.

3-Хабар аз султаи ситамгари бебок

أما إنِّهُ سِيَظْهَرُ عَلَيْكُمْ  بَعْدِي رَجُلٌ رَحْبُ الْبُلْعُومِ، مُنْدَحِقُ الْبَطْنِ، يَأْكُلُ مَا يَجِدُ، وَيَطْلُبُ مَا لاَ يَجِدُ، فَاقْتُلُوهُ، وَلَنْ تَقْتُلُوهُ! أَلاَ وَإِنَّهُ سَيَأْمُرُكُمْ بِسَبِّي وَالْبَرَاءَةِ مِنِّي فَأَمَّا السَّبُّ فَسُبُّونِي، فَإِنَّهُ لي زَكَاةٌ،وَلَكُمْ نَجَاةٌ; وَأَمَّا الْبَرَاءَةُ فَلاَ تَتَبَرَّأُوا مِنِّي، فَإِنِّي وَلِدْتُ عَلَى الْفِطْرَةِ، وَسَبَقْتُ إِلَى الاِْيمَانِ وَالْهِجْرَةِ.

Огоҳ бошед! Пас аз ман, марде бо гулўи кушода ва шиками бузург бар шумо мусаллат хоҳад шуд, ки ҳар чӣ биёбад мехўрад[5] ва талош мекунад он чиро надорад ба даст оварад, ўро бикушед! Вале ҳаргиз наметавонед ўро бикушед. Огоҳ бошед! Ба зудӣ Муовия шуморо ба безорӣ ва бадгўии ман маҷбур мекунад. Пас бадгўиро ба ҳангоми иҷбор иҷоза медиҳам, ки сабаби баланд шудани дараҷаи ман ва наҷоти шумост. Аммо ҳаргиз дар дил аз ман безорӣ наҷўед, ки ман бар фитрати тавҳид таваллуд шудаам ва дар имон ва ҳиҷрат аз ҳама пешқадамтар будаам. Наҳҷулбалоға хутбаи 57.

4-Хабар аз қатлгоҳи хавориҷ:

مَصَارِعُهُمْ دُونَ النُّطْفَةِ، وَاللهِ لاَ يُفْلِتُ مِنْهُمْ عَشَرَةٌ، وَلاَ يَهْلِكُ مِنْكُمْ عَشَرَةٌ. 

 (Дар соли 38-и ҳиҷрӣ ҳангоми ҳаракат барои ҷанг бо Хавориҷ шахсе гуфт, ки Хавориҷ аз пули Наҳравон гузаштанд,

 Имом алайҳис салом фармуд)

Қатлгоҳи Хавориҷ ин тарафи наҳр аст. Ба Худо савганд аз онҳо ҷуз даҳ нафар боқӣ намемонад ва аз шумо, низ даҳ нафар кушта хоҳад шуд. Наҳҷулбалоға хутбаи 59.

5-Хабар аз хунрезии Ҳаҷҷоҷ:

Огоҳ бошед ба Худо савганд писараке аз тоифаи Сақиф (Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф) бар шумо мусаллат мегардад, ки ҳавасбозу гарданкашу ситамгар аст, сабзазорҳои "амвол ва дороиҳои" шуморо мечарад ва чарбии шуморо об мекунад. Наҳҷулбалоға хутбаи 116.

6-Хабар аз зуҳури ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ алайҳис салом:

Ў (ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом) хостаҳоро тобеи ҳидояти ваҳй мекунад ҳангоме, ки мардум ҳидоятро тобеи ҳавасҳои худ қарор медиҳанд, дар ҳоле, ки ба номи тафсир назарияҳои гуногуни худро бар Қуръон таҳмил мекунанд, ў  назарияҳо ва андешаҳоро тобеи Қуръон месозад.  Дар оянда оташи ҷанг миёни шумо афрухта мегардад ва чангу дандон нишон медиҳад, бо пистонҳои пуршире, ки макидани он ширин, аммо поёни талху заҳрогин дорад, ба сўи шумо меояд. Огоҳ бошед! Фардое, ки шуморо аз он ҳеҷ шинохте нест, зимомдоре ҳокимият пайдо мекунад, ки ғайр аз хонадони ҳукуматҳои имрўзӣ аст. (Ҳазрати Маҳдӣ алайҳис салом). Уммол ва коргузорони ҳукуматҳоро бар аъмоли бадашон кайфар хоҳад дод ва замин меваҳои дили худро (маъданҳои тилло ва нуқра) барои ў берун мерезад ва калидҳояшро ба ў месупорад. Ў равиши одилона дар ҳукумати ҳақро ба шумо менамоёнад ва китоби Худо ва суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, ки то он рўз матрук монданд, зинда мекунад. Наҳҷулбалоға хутбаи 138.

7-Хабар аз ояндаи шўми хавориҷ:

...Огоҳ бошед! Ба зудӣ баъд аз ман ба хорӣ ва зиллат гирифтор мешавед ва шамшери буррандае бар шумо мусаллат мешавад ва ба гирифторие дучор хоҳед шуд, ки барои дигар ситамгарон роҳу расми ҳукумат қарор хоҳад гирифт. Наҳҷулбалоға хутбаи 58.

8-Хабар аз ояндаи Бани Умайя:

То он ки баъзе аз шумо гумон мебаранд, ки дунё ба коми Бани Умайя шуд ва ҳамаи хубиҳоро афзун ба онҳо супурда ва онҳоро аз сарчашмаи худ сероб карда ва тозиёнаву шамшерашон аз сари ин уммат канор нахоҳад рафт. Касоне, ки чунин меандешанд дар иштибоҳанд, чун саҳми Бани Умайя танҳо ҷуръае аз зиндагии лаззатбахш  аст, ки муддате онро мемаканд, сипас ҳамаи он чиро, ки нўшиданд берун мерезанд. Наҳҷулбалоға хутбаи 87.

9-Хабар аз ояндаи Кўфа:

Эй Кўфа! Туро менигарам, ки ба монанди чармҳои бозори Уккоз (яке аз бозорҳои араб дар ҷоҳилият) кашида мешавӣ ва зери пои ҳодисаҳо лагадкуб мешавӣ ва ҳодисаҳои фаровон туро дар бар мегирад. Ман ба хубӣ медонам, ки ситамгаре ба ту қасди бад намекунад, магар ин ки Худованд ўро ба балоҳое гирифтор мекунад ва ё кушандаеро ба ў мусаллат мегардонад. Наҳҷулбалоға хутбаи 47.

10-Хабар аз таҳоҷуми хунини Абдулмалик ибни Марвон ба Кўфа

Гўё ўро мебинам, ки аз Шом фарёд бар меоварад[6] ва бо парчамҳояш гирду атрофи Кўфаро пур мекунад ва гўё монанди шутури хашмнок ба Кўфа ҳуҷум меоварад, заминро бо сарҳои бурида фарш мекунад ва даҳонаш кушода, қадамҳояшро сахту сангин ба замин мекўбад, тохту този ў беамону пойдор ва ҳуҷуми ў сахту душвор аст. Ба Худо савганд шуморо дар атрофи замин пароканда мекунад он гуна, ки андаке аз шумо боқӣ хоҳед монд, монанди боқимондаи сурма дар атрофи чашм ва ин вазъи хунбор идома ёбад, то он ки ақли аз даст рафтаи араб боз ояд.[7] Наҳҷулбалоға хутбаи 138.

  Index Next