Back Index Next

11-Хабар аз фитнаҳои оянда:

Ин ҳаводис ҳангоме рух нишон медиҳад, ки ҷанг дар миёни шумо тўлонӣ шавад ва дунё чунон бар шумо танг гардад, ки рўзҳои балоро тўлонӣ пиндоред то рўзе, ки Худованд парчами фатҳу пирўзиро барои боқимондаи некони шумо ба ҳаракат дароварад. (замони зуҳури ҳазрати Маҳдӣ алайҳис салом). Наҳҷулбалоға хутбаи 93.

12-Хабар аз фитнаҳои Бани Умайя

Огоҳ бошед! Ҳамоно тарсноктарин фитнаҳо дар назари ман, фитнаи Бани Умайя бар шумост, фитнаи кўр ва зулмонӣ, ки султааш ҳама ҷоро фарогирифта ва балои он домангири некўкорон аст. Ҳар кас он фитнаҳоро  бишносад, нигарониву сахтии он домангираш гардад ва ҳар кас, ки фитнаҳоро нашносад ҳодисае барои ў рух нахоҳад дод.

 Ба Худо савганд Бани Умайя баъд аз ман барои шумо фармондорони баде хоҳанд буд. Онон монанди шутури саркаше, ки даст ба замин кўбад ва лагад занад ва бо дандон газад ва аз ҷўшидани шир сарпечӣ кунад, бо шумо чунин бархўрде доранд ва аз шумо касеро боқӣ нагузоранд, ҷуз он кас, ки барои онҳо судманд бошад, ё озоре ба онҳо нарасонад. Балои фарзандони Умайя бар шумо тўлонӣ хоҳад монд чандон, ки ёрӣ хостани шумо аз онҳо монанди ёрӣ хостани банда аз мавлояш бошад ё таслим шуда аз пешвояш. Фитнаҳои Бани Умайя паё-пай бо чеҳраи зишту тарсовар ва зулмате бо торикии асри ҷоҳилият, бар шумо фуруд меояд. На нури ҳидояте дар он пайдо ва на парчами наҷоте дар он рўзгорон ба чашм мехўрад. Наҳҷулбалоға хутбаи 93.

13-Саранҷом талху дардноки Бани Умайя

Мо Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аз он фитнаҳо дар амонем ва мардумро ба он даъват намекунем, сипас Худо фитнаҳои Бани Умайяро нобуд ва аз шумо ҷудо хоҳад сохт, монанди ҷудо шудани пўст аз гўшт, ки бо дасти қассобе анҷом шавад! Худо бо дасти афроде хориву зиллатро ба фарзандони Умайя мечашонад, ки ба сахтӣ онҳоро канор мезананд ва ҷоми талхи болову нороҳатӣ ва маъсиятро дар комашон мерезанд ва ҷуз шамшер чизе ба онҳо намедиҳанд ва ҷуз либоси тарс бар онҳо намепўшонанд. Дар он ҳангом қурайш дўст дорад он чӣ дар дунёст бидиҳад, то як бор маро бингарад, гарчӣ лаҳзаи кўтоҳе (ба андозаи куштани шутуре) бошад, то ба исрор чизеро бипазирам, ки имрўз порае аз онро мехоҳам, намедиҳанд. Наҳҷулбалоға хутбаи 93.

Инсони комил дар Наҳҷулбалоға

Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб алайҳис салом мисдоқи боризи инсони комил ва халифаи воқеии илоҳӣ аст, чунин инсоне ба ҳамаи ҳақоиқи олами имеон огоҳ аст ва ба далели ояи каримаи “Ва аллама одамал асмоа куллаҳо сумма аразаҳум алал Малоикати фа қола анбиунӣ биасмои ҳоулоӣ ин кунтум содиқин” инсони комил (ки ҳамон муқоми волои одамяти том аст, на шахси хосси Одам алайҳис салом) ҳамаи асмои таквинии илоҳиро бо илми шуҳудӣ на ҳусулӣ, дорад ва чунин илме бо ёфтани маълум, ҳамроҳ аст. бинобар ин тамоми номҳое, ки маҷоли асмои ҳуснои Худованд аст машҳуд ва мавриди иҳотаи халифаи илоҳӣ хоҳад буд ва чунин виҷдон иҳотаи китоб бар китобат ва чизҳо навишта шуда бар он аст. аз ин ҷиҳат агар ҳар мавҷудеро калима ё ояе хоссе бидонем, инсони комил, ки як мавҷуди том аст, ҳукми оёт ва сураҳои ҷаҳонро дорад ва ҳақиқати чунин халифаи илоҳӣ, ҳамон китоби ҷомеъи Худовандӣ аст. 

Бо баррасии ин ки алфоз барои рўҳи маъно сохта шудаанд на барои мисдоқҳои моддии онҳо, гарчӣ ҳангоми сохтани лафзҳо аҳди шинохта шудае ғайр аз мисдоқҳои моддӣ барои созанда чизи дигаре маълум набудааст, итлоқи унвони калима, китоб ва монанди инҳо бар мавҷуди айние ба монанди ақл, нафс, осмон, замин ва монанди инҳо, маҷоз нахоҳад буд ва агар назди тудаи мардум чунин итлоқе маҷоз бошад, назди хавос, ки истилоҳу махсуси худро доранд калимаҳои ёдшуда, дар назари онҳо бо сохтани мушаххас ва ё нақл ё иштирок ва монанди он, маънои ом пайдо кардааст ва ҳаргиз назди ин муҳаққиқон ин гунаи маорифи ёдшуда, маҷоз нахоҳад буд. Бинобар ин он чӣ Шайх Маҳмуд ибни Аминудди Абдулкарим ибни Яҳёи Шабистарии табрезӣ -аз уламои бузурги қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ-фармуда аст, ҳақиқат аст на маҷоз ва бесахтӣ ва фишори адабӣ қобили пазириш аст, чун вай ин гуна сурудааст:

Ба назди он ки ҷонаш дар таҷалло аст        ҳама олам китоби Ҳақ Таолост

Ва он чӣ Сайид Алӣ ибни Муҳаммад ибни Афзалуддин Муҳаммад Баракати хуҷандӣ -мулаққаб ба Соинуддин бо куняи Абўмуҳаммад- аз уламои бузурги қарни нуҳуми ҳиҷрӣ- дар шарҳи байти гузашта фармудааст:

Ҳамаи олам аз зери сарой то варои фалак, китоби Ҳақ аст. ба тақдири музоф яъне монанди китоби Ҳақ аст...

Бо баёни он чӣ гузашт маълум мешавад, ки беҳтар аз Аҳли Байт, ки Амиралмўъминин Сайиди авлиёи Худо ва хулафои илоҳӣ дар байни онҳост касе нест, ки Қуръонро аз берун муаррифӣ кунад ҳамон гунае, ки дар баёни маънои дарунии Қуръон низ ҳеҷ чиз ва ҳеҷ касе беҳтар аз онҳо нахоҳад буд. ва агар да бораи худи Қуръон ҷустуҷў шавад он ҳам, чун ҳамтои инсони комил аст на бартар аз ў, гарчӣ дар олами мулк ва дар нашъати таклиф, марҳалаҳои нозили ва поини инсони малакутӣ ва комил, тобеи ҳақиқати Қуръон хоҳад буд. вале дар арзёбӣ, бояд ҳисоби ҳар марҳала аз Қуръонро бо марҳалаи хос аз мақомҳои волои инсони комил ба диққат баррасӣ кард.

Итлоқи китоби илоҳӣ бар мавҷуди табиӣ

Барои ёдоварӣ, баъзе аз таъбирҳои аҳли маърифат дар бораи итлоқи китоб бар мавҷуди таквинӣ, бозгў мешавад. Қайсарӣ мутаваффои соли 751 ҳиҷрӣ дар фасли панҷум аз муқаддимаи шарҳи “Фусуси Ибни Арабӣ фармудааст: бояд маълум бошад, ки ҳамаи олам аз куллӣ ва ҷузъӣ, китобҳои илоҳӣ ҳастанд, чун ба калимоти томмаи илоҳӣ, иҳота доранд. Ақли аввал ва нафси куллӣ ду китоби илоҳӣ ҳастанд ва гоҳе ба ақли аввал, Уммул китоб гуфта мешавад. ва ин шеърро дар чанд маврид аз китоби худ ба ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб алайҳис салом нисбат медиҳад:

فانت‌ الكتاب‌ المبين‌ الذي‌با حرفه‌ يظهر المُضمَر

Яъне “Ту китоби ошкор ва мубине ҳастӣ, ки бо ҳарфар ботинаш ошкор мегардад”. Чунон ки марҳуми Шайх Кошонӣ низ онро дар тафсири “Софӣ” ба Амиралмўъминин алайҳис салом нисбат дода ва чунин мефармояд:

“Итлоқи китоб бар инсони комил дар урфи инсонҳои илоҳӣ ва авлиёи хосси Ў, шойеъ аст.

Муҳаммад ибни Ҳамзаи Фанорӣ мутаваффои 834 аз бузургони қарни ҳаштум ва нуҳум дар шарҳи “Мифтоҳул ғайб ва Садруддин Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Юсуф ибни Алии қунавӣ мутаваффои соли 673 аз бузургони қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ ин гуна фармудааст:

Китоб ду қисм аст: китоби феълӣ ва китоби қавлӣ ва он гоҳ Қуръони Каримро тарҷумаи ҳақиқати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ муаррифӣ карда ва ҳадиси “Кона хулқуҳу Ал-Қуръон” яъне “Хулқаш Қуръон буд”[8]-ро ишора ба он донистааст.

Садриддини қунавӣ дар “Факук” сирри номгузории анбиё ба “калимот” ва низ сирри номигузории Худованди Мутаол “арвоҳ”-ро  ба ин ном (калимот) мутаваққиф бар шинохти чигунагии эҷод ва моддае, ки офариниш аз он ва ба василаи он ва дар он воқеъ мешавад, донист ва изҳор дошт, ки усули онро дар тафсири сураи Фотиҳа дар китоби “Нафаҳот” ёд кардаам. Ог гоҳ рози иҷмолии онро дар ин дониста аст, ки Худованд аз таъсири иҷмолии худ ба унвони “Қавл” ёд кардааст. “Иннамо қавлуно лишайъин изо арадноҳу ан нақула лаҳу кун фаякун” яъне агар ба вуҷуд овардан ҳамон қавл ва сухан гуфтан аст, пас мавҷуд ҳамон сухани гуфташуда ва калима хоҳад буд.

Қунавӣ дар “Нафаҳот” ин гуна мегўяд:

Ҳар кадом аз мавҷудоте, ки дар илми Худованди Мутаол таайюни илмӣ ёфт ва ҳанўз ба сиғаи вуҷудӣ мунзабиқ нашу, ҳарфи айнӣ номида мешавад ва ба эътибори тааққули он бо лавозими хос пеш аз сиғаи ёдшуда, калимаи ғайбӣ ёд мешуд ва ба эътибори зуҳури Худованди Мутаол ба василаи онҳо ва ҷараёни ҳукми таҷаллӣ бар онҳо ва лавозими онҳо, калимаи мавҷудӣ номида мешавад ва ба эътибори мавҷудот, калимоти Худованд ва номҳо дар ихтилофи ҷинсҳо, навъҳо ва сипас шахсиятҳо, мухталиф хоҳад буд.

Чун инсони комил, ҷомеъи ҳамаи камолҳо ва низ тамоми калимаҳо хоҳад буд, метавонад бигўяд:

«اُوتيت‌ جوامع‌ الكلم‌».

Яъне “Ҳамаи каломҳо ба ман дода шуд”.[9] чӣ дар юораи Расули худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ворид шуд ва низ он ҳазрат ба Амиралмўъминин алайҳис салом фармуд:

«أُوتيت‌َ يا على‌، جوامع‌ العلم‌»

“Эй Алӣ ҳамаи каломҳо ба ту дода шудааст”.

Гарчӣ ҳамон унвон, “ҷомеъи калимот” кофӣ аст чун мақоми инсони комил беш аз як ҳақиқат нест ва дар нашъати мулк, баробари ояи сураи Оли Имрон “Ва анфусано ва анфусакум” вуҷуди мубораки ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб алайҳис салом, ҳамон рўҳи мутаҳҳари Расули Гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ хоҳад буд.

Ғараз он аст, ки ҳақиқати инсони комил бинобар шаҳодати соҳибназарони инсоншинос, ҳамон китоби ҷомеъ ва Муҳаймин бар дигар китобҳо, калимаҳо ва мавҷудот аст, чун вай мазҳари исми аъзами Аллоҳ аст ва аммо дигар мавҷудот, мазҳари асмои дигаранд.

Қунавӣ дар мавориде аз Факук ба ин матлаб пардохта, ки: қалби инсони комил ҷойгоҳи исми Худованд аст, ки он исми зот мебошад. Инсон ки мавҷуди ҷомеъ аст, халифаи Худовандие аст, ки ба ҳамаи чизҳо иҳота дорад. Амиралмўъминин алайҳис салом низ шамъае аз фазоили мардони илоҳиро, ки ба мнсаби малакутии хилофати Худованд ноил шудаанд, чунин бозгў мефармояд:

...هجم‌ بهم‌ العلم‌ علي‌ حقيقه‌ البصيره‌، و باشروا روح‌ اليقين‌، واستلانوا مااستَوْعَرَه‌ُ المُترفون‌َ، واُنِسوا بما استوحش‌ منه‌ الجاهلون‌، و صحبوا الدنيابابدان‌ ارواحها مُعَلّقه‌ بالمحل‌ الاعلى‌، اولئك‌ خلفاء اللّه‌ في‌ارضه‌، والدعاه‌الي‌ دينه‌، آه‌ آه‌ شوقاً الي‌ رؤيتهم‌.

Онҳое, ки дониш, нури ҳақиқатбиниро дар қалбашон тобида ва руҳи яқинро дарёфтаанд, ки он чиро инсонҳои хушгузарон душвор мешуморанд, осон медонанд ва бо он чӣ ноогоҳоназ он тарс доранд унс гирифтаанд. Дар дунё бо баданҳое зиндагӣ мекунанд, ки арвоҳашон бо ҷаҳони боло пайванд хўрдааст. Онҳо ҷонишинони Худо дар замин ва даъваткунандагони мардум ба дини Худо ҳастанд.

Оҳ, оҳ, чӣ қадар муштоқи дидори онҳо ҳастам![10]

Манзур аз хилофати дар замин ин нест, ки қаламрави хилофати ў маҳдудаи замин аст, балки мурод он аст, ки гарчӣ мантақаи хилофати ў бисёр васеъ аст, вуҷуди мулкӣ ва унсурии халифаи илоҳӣ дар замин басар мебарад. Ҳазрати Алӣ алайҳис салом аз худ ба унвони халифатуллоҳ ва валиюллоҳ ёд мекунад ҳамон гун, ки дар бахши номаҳои расмии худ барои коргузорони умури молӣ ва садақот менавишт ва ин гуна сапориш мекард6 

ثم‌ تقول‌: عباداللّه‌،ارسلني‌ اليكم‌ ولي‌ وخليفته‌ لاِخُذَ مِنْكُمْ حَقَّ اللهِ فِي أَمْوَالِكُمْ، فَهَلْ لِلَّهِ فِي أَمْوَالِكُمْ مِنْ حَقّ فَتُؤَدُّوهُ إِلَى وَلِيِّهِ.

Сипас мегўӣ: "Эй бандагони Худо, маро валии Худо ва ҷонишинаш ба сӯи шумо фиристода, то ҳаққи Худоро, ки дар молу сарвати шумост, бигирам. Оё дар дороиҳои шумо ҳаққе ҳаст, ки ба намояндаи ӯ бипардозед?".

Ва дар бораи инсони комиле, ки ин унвон мунтабиқ бар ҳазрати Маҳдӣ алайҳис салом аст чунин фармудаст:

بقيهة من‌ بقايا حجته‌، خَلِيفَةٌ مِنْ خَلاَئِفِ أَنْبِيَائِهِ.

Ў боқимондаи ҳуҷҷатҳои илоҳӣ ва охирин ҷонишин аз ҷонишинони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст.

Бинобар ин, ҷаҳони берунӣ китобе аст сокит ва ҷаҳони дарунӣ -яъне инсони комил ва халифаи илоҳӣ- китобе аст нотиқ ва сухангў ва Қуръони тадвиние, ки рамзҳои ҷаҳони берунро дарбар дорад, инсони комил ҳамаи онҳоро дар вуҷуди худ пайдо мекунад ва машҳуи ўст.

Ҷаноби Шайх Маҳмуди Шабистарӣ дар ин бора дар мавориди мухталиф аз “Гулшани роз” мефармояд: Ҷаҳон, ҷумла фуруғи нури ҳақдони Ҳақ     андар вай зипайдоист пинҳон! Ҷаҳон инсон шуд ва инсон ҷаҳоне, аз ин покизатар набувад баёне

Ҷоҳон они ту ва ту монда оҷиз зи ту маҳрумтар кс надид ҳаргиз?!   Ҷаҳонро сар ба сар дар худ бинӣ ҳар он чӣ ояд охир пешбинӣ!

Ёдоварӣ: гоҳе унвони халифаи илоҳӣ бар Худованди Субҳон, нисбат ба бандаи солики солеҳи тавакклкунанда ба Ў итлоқ мешавад, ки ба монанди унвони мўъмин аст, ки ҳам бар Худованд итлоқ мешавад ва ҳам бар бандаи Ў ва баҳси он дар баёни “Мўъмин оинаи мўъмин аст” матраҳ аст. ҷараёни итлоқи унвони халифа бар Худованд дар Наҳҷул балоға ба сурати дуо ва ниёиши ҳазрати Алӣ алайҳис салом ҳангоми мусофират, ин гуна омадааст:

اللّهم‌ انت‌ الصاحب‌ في‌ السفر، وانت‌ الخليفه‌ في‌ الاهل‌ و لا يجمعهما غيرك‌لان‌ المستخلف‌ لا يكون‌ مستصحباً و المستصحب‌ لا يكون‌ مستخلفاً؛

Парвардигоро! Ту дар сафар ҳамроҳи мо ва дар ватан нисбат ба боз мондагони мо сарпарасту нигаҳбонӣ ва ҷамъ миёни ин дуро ҳеҷ кас, ғайр аз ту натавонад кард, чун он касе, ки сарпарасти бозмондагон аст, наметавонад ҳамроҳи мусофир бошад ва он касе, ки ҳамроҳу ҳамсафар аст, сарпарасти бозмондагони инсон наметавонад бошад.[11]

Он чӣ итлоқи унвони халифаро бар Худрванди Мутаол печида мекунад, ҳамоно асолати Худованд ва фаръӣ будани бандаи ўст. Бинобар ин чигуна тасаввури саҳеҳе барои хилофати асл аз фаръ метавон дошт?! Ва он чӣ итлоқи унвони халифаро бар банда нисбат ба Худованд душвор мекунад, надоштани тасаввури дурусте аз хилофат нисбат ба Худованд аст, ки ба ҳама чиз иҳота дорад ва ҳеҷ заррае аз Ў пинҳон нест ва Ў низ аз ҳеҷ мавҷуде ғоиб нест варои Ў тасаввур шавад, ки бандаи Ў дар ғайбаташ ўҳдадори кори махсуси Ў шавадю албатта ба таври иҷмолӣ, ин масъалаҳо мавриди ишора қарор гирифт ва илоҷи он бозгў шуд.

Тафсири Қуръон бо Қуръон дар ҳадиси Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ

Ёдоварӣ: он чӣ дар бораи тафсири Қуръон бо Қуръон аз Наҳҷулбалоға нақл шуда, дар осори хуб ва ба баҷомонда аз дигар маъсумин низ фаровон аст ва чун бозгў кардани онҳо хориҷ аз ҳарими ин навиштори кўтоҳ аст, аз нақли онҳо худдорӣ шудааст. Лекин баёни кўтоҳе аз Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дар бораи равиши маъқул ва мақбули тафсири Қуръон, ки ҳамон баёни Қуръон бо худи Қуръон аст, нақл мешавад. Албатта бештари суханони ҳазрати Алӣ алайҳис салом аз “Ҷавомеъул калима”-и ҳазрати Хотами анбиё саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст. Аз Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ расидааст, ки фармуданд:

ان‌ّ القرآن‌ ليصدِ بعضه‌ بعضاً، فلاتكذبوا بعضه‌ ببعض‌ عليكم‌ بالقرآن‌، فاتخذوه‌ اماماً و قائداً.

Ҳамоно Қуръон  баъзеро ба баъзеи дигар баён мекунад, пас баъзеро бо баъзеи дигар такзиб накунед. Ва фармуданд: Бар шумо бод ба таваҷҷўҳ кардан ба Қуръон, пас онро имому пешвои худ қарор диҳед.

Агар як оя бо раъйи муфассири ҳавопараст тафсир шавад, ҳатман оёти дигар ҳаво бар ҳудост ва чун муфассири ҳаваспараст ба ҳавои худ иқтидо мекунад, ҳавою ҳаваси ў раҳбараш аст. ва агар Қуръонро мувофиқи ҳаваси худ тафсир кард, Қуръонро, ки бояд раҳбар бошад зери раҳбарии худ қарор додааст ва албатта ҳалок домани чунин афродеро хоҳад гирифт. Чунон ки Амиралмўъминин алайҳис салом дар бораи ҳалокати ҳавопарастон фармудааст:

Back Index Next