| Back | Index | Next |
كأنّهم ائمّهالكتاب، و ليس الكتاب امامهم.
“Гўё онҳо имому пешвоёни Қуръон ҳастанд ва Қуръон пешвои онҳо нест”.[12]
كأنّ كلّ امرء منهم امام نفسه، قد اخذ منها فيما يري بِعُريً ثقاتٍ، و اسبابٍ محكماتٍ.
Гўё ҳар кадом имому раҳбари худ мебошанд, ки ба дастгираҳои мутмаин ва асбоби маҳкаме, ки худ бовар доранд, чанг мезананд.[13]
Бархилофи муфассире, ки роҳи ҳақро тай мекунад ва ҳидояти Қуръонро бар назари худ тарҷеҳ додааст, чун чунин муфассири ҳидоятталаб, Қуръонро раҳбари худ қарор додааст. Чунон, ки Амиралмўъминин алайҳис салом дар ин бораи фармудааст:
قد امكن الكتاب من زمامه، فهو قائده و امامه، يحل حيث حل ثقله، و ينزلحيث كان منزله.
Ихтиёри худро ба Қуръон супурда ва Қуръонро раҳбару пешвои худ қарор додааст. Ҳар ҷо ки Қуръон бор андозад фурўд ояд ва ҳар ҷо ки Қуръон ҷой гирад маскан интихоб кунад.[14]
Чун Қуръон китобе аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ботил дар он роҳ надорад.
لا يأتيه الباطل من بين يديه ولا من خلفه، تنزيل من حكيم حميد.
“Ҳеҷ гуна ботиле, на аз пеши рў ва на аз пушти сар, ба суроғи он намеояд, зеро аз сўи Худованди Ҳаким ва шоистаи ситоиш нозил шудааст”. Сураи Фуссилат ояи 42.
Аз ин ҷиҳат ҳазрати Алӣ алайҳис салом ингуна роҳнамоӣ фармудааст:
واتّهموا عليه آراءكم، واستغشّوا فيه اهوائكم
“Ва раъю назари худро дар баробари Қуръон муттаҳам кунед ва хостаҳои (нафсонии) худро бо Қуръон нодуруст бишморед”. Наҳҷулбалоға хутбаи 176.
Гарчӣ Қуръон нур ва ҳидоят аст ва ҳеҷгуна ибҳоме дар он нест, вале муташобиҳот аз як тараф ва иктифои он ба баёни зобити ҷомеъ ва ҳукми куллӣ безикри мисдоқ ё ваҷҳи мушаххас аз тарафи дигар, баҳонае барои касоне аст, ки ба бемории қалб олудаанд ва гирифтори нифоқ ҳастанд ва бемуроҷиат ба маҳкамоти Қуръон, мумкин аст ба баъзе аз оёт басанда кунанд. Дар ин замин бо раҳнамоии худи Қуръони Карим бояд ба хонадони поки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ муроҷиат кард, то мунофиқи чандчеҳра аз ояе, ки чанд маъно дорад баҳраи нораво набарад. Ҳазрати Алӣ ба Абдуллоҳ ибни Аббос вақте, ки вайро ба даъвату истидлол ба сўи хавориҷ фиристод, фармудааст:
لاتخاصمهم بالقرآن، فانّ القرآن حمّالٌ ذو وجوهٍ، تقول و يقولون، ولكنحاجِجْهم بالسُّنَّه، فانّهم لن يجدوا عنها محيصاً.
Бо Хавориҷ бо Қуръон ба гуфтугӯ напардоз, чун Қуръон дорои маъноҳои мухталиф аст ва тафсирҳои гуногуне дорад. Ту чизе мегӯӣ ва онҳо чизи дигар, вале бо суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо онҳо ба баҳсу гуфтугӯ бипардоз, ки дар баробари он роҳе ғайр аз пазириш надоранд.
Сирри ин ки суннати маъсумин алайҳимус салом, таъйинкунандаи мақсад аст бо ин ки суннат ба монанди Қуръон дорои муташобиҳот аст, ин аст, ки суннат, маҷмўъи гуфтор, рафтор, навиштор, сукут ва сукун ва монанди он аст ва бо таҳаққуқи айнӣ ҳар як аз он мисдоқҳо, зобитаҳои ом ва куллӣ дар хориҷ муҳаққақ ва мушаххас хоҳад шуд ва роҳи ваҷҳҳои дигар, ки мавриди писанди мунофиқ бошад, баста мешавад. Агар чи ҳамаи ончиро, ки дар суннати Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ зуҳур кардааст касе ғайр аз ҳазрати Амиралмўъминин бар он иҳота накардааст ва он ҳазрат дар ин бора чунин фармудааст:
وليس كلّ اصحاب رسولاللّه صلي الله عليه وآله من كان يسأله و يستفهمه، حتي ان كانواليحبون ان يَجِيءَ الاعرابي و الطاريء، فيسأله حتي يسمعوا، و كان لا يمر بي من ذلك شيء الاّ سألته عنه وحفظته.
Ҳамаи ёрони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ чунин набуданд, ки аз ӯ чизе бипурсанд ва маънои воқеии суханашро дархост кунанд. То ҷое, ки гурӯҳе дӯст доштанд, ки араби биёбонӣ ё саволкунандае биёяд ва аз он ҳазрат чизе бипурсад ва онҳо ҷавоби ӯро бишнаванд. Аммо ман ҳар чӣ ба хотирам меомад, мепурсидам ва ҳифз мекардам...[15]
Боз ҳазрати Алӣ дар мақоми шукргузорӣ аз ин неъмати бузурги Худованд, чунин фармудааст:
واللّه لو شئت ان اخبر كل رجل منكم بمخرجه و مولجه و جميع شأنه لفعلت، ولكن اخاف ان تكفروا فيِّ برسول الله صلي الله عليه وآله.
агар бихоҳам метавонам ҳар кадоми шуморо аз оғоз ва поёни кораш ва аз тамоми ҳолатҳои зиндагӣ огоҳ созам, аммо аз он метарсам, ки бо ин гуна хабарҳо нисбат ба Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ кофир шавед.[16]
Чӣ ин ки инсони комил ба навбати худ бо изни Худованд, китоби ошкор, имоми равшан ва монанди он хоҳад буд.
Баррасии низоми ғоии Қуръон дар Наҳҷулбалоға
Низоми иллату маълулӣ он аст, ки барои як коре анҷомдиҳанда ва созандае аст. Яъне ҳеҷ коре бефоилу анҷомдиҳанда ва иттифоқӣ падид намеояд ва низ ҳеҷ коре беҳадаф нахоҳад буд.
Қуръони Карим дар ин бора ду матлаби асосиро ироа кардааст: Яке баёни ҳадафи таквинии Қуръон, ки ҳамон низоми ҳадафманди одам ва олам аст ва дигарӣ бениёзии маҳзи Худованди Мутаол аст.
Аммо дар бораи матлаби аввал, ҳадафи офариниши низоми кайҳониро, ки ҳамон Қуръони таквинӣ аст аз як тараф маърифати тавҳидии инсон медонад ва дар поёни сураи Талоқ чунин мефармояд:
اللّه الذي خلق سبع سموات و من الارض مثلهنّ يَتَنَزَّلُ الاَمْرُ بَيْنَهُنَّ لتعلموا اناللّه علي كل شيء قدير، و اَنّ الله قد احاط بكل شيء علماً.
Худованд ҳамон зотест, ки ҳафт осмонро офарид ва аз замин низ монанди онҳоро офарид. Фармони Ў дар миёни онҳо пайваста фуруд меояд, то бидонед Худованд бар ҳар чиз Тавоност ва ин ки илми Ў ба ҳама чиз иҳота дорад. Сураи Талоқ ояи 12.
Ва аз тарафи дигар, ибодати холисонаи инсонро ҳадафи хилқат эълон мекунад ва дар бахши поёнии сураи Зориёт чунин мефармояд:
ما خلقت الجن و الانس الاّ ليَعْبدون.
Ман ҷинну инсро наёфаридам, ҷуз барои ин ки ибодатам кунанд (ва аз ин роҳ такомул ёбанд ва ба Ман наздик шаванд). Сураи Зориёт ояи 56.
Матлаби дуввум, бениёзии зоти Худованди Мутаол аст, аз сураи муборакаи Иброҳим чунин истифода мешавад:
و قال موسي ان تكفروا انتم و من فيالارض جميعاً فانّ اللّه لغنيّ حميدٌ.
Ва Мўсо (ба Банӣ Исроил) гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рўи замин кофир шавед, (ба Худо зиёне намерасад, чаро, ки) Худованд, бениёз ва Сутуда аст». Сураи иброҳим ояи 8.
Ҳадафи офариниши ҷаҳон ва низоми ғоии Қуръон дар Наҳҷулбалоға
Акнун, ки усораи тафсири Қуръонӣ ва таълили ақлӣ, равшан шуд ба нақли шаммае аз он чӣ дар Наҳҷулбалоға дар бораи асли ҳадафи офариниш аз як тараф ва баррасии низомии ғоии Қуръон, ки мақсади аслии ин фасл аст, аз тарафи дигар, басанда мешавад. он ҳазрат дар бораи бениёзии фоил аз ҳадафи махсус феълу амал, чунин фармудааст:
فَاِنَّاللّه ـ سبحانه و تعاليـ خَلَقَ الخلق حين خَلَقَهم غنيّاً عن طاعتهم، آمنا منمعصيتهم، لانه لاتضرّه معصيته مَن عصاه، و لاتنفعه طاعة من اطاعه....
Ҳамоно Худованди Субҳон падидаҳоро дар ҳоле офарид, ки аз итоаташон бениёз ва аз нофармонии онон дар амон буд, чун на маъсияти гунаҳкорон ба Худо зиёне мерасонад ва на итоати мӯъминон барои ӯ суде дорад. Рӯзии бандагонро тақсим ва ҳар кадомро дар ҷойгоҳӣ худ қарор дод. Наҳҷулбалоға хутбаи 193.
Мақсад аз итоати тамоми итоати фикрӣ ва амалӣ аст ва манзур аз маъсият низ ҳар ду аст. пас на тавҳиди муваҳҳидон бар фоидаи Худост ва на ибодати ибодаткунандагон. Он чӣ дар Наҳҷулбалоға дар ҳадафмандии одаму олам омада ин аст, ки:
فَإِنَّ اللهَ سُبْحَانَهُ لَمْ يَخْلُقْكُمْ عَبَثاً، وَلَمْ يَتْرُكْكُمْ سُدىً، وَلَمْ يَدَعْكُمْ فِي جَهَالَة وَلاَ عَمىً،
Ҳамоно Худованд шуморо беҳуда наёфарид ва бесарпараст раҳо накард ва дар ҷаҳолату кўрӣ шумо вонагузошт. Наҳҷулбалоға хутбаи 86.
وكلّف يسيراً، ولم يكلّف عسيراً، واعطي علي القليل كثيراً؛ و لميُعْصَ مغلوباً،و لميُطَعْ مُكْرِهاً، و لم يُرْسِل الانبياء لعباً، و لميُنْزِل الكتاب للعباد عبثاً، ولاخَلَقَ السموات و الارضَ و ما بينهما باطلاً: (ذلك ظنّ الذين كفروا فويل للّذين كفروا من النّار).
“Аҳкоми инсониро воҷиб кард ва чизи душворро таклиф нанамуд ва подоши аъмоли андакро фаровон қарор дод. Бо нофармонии бандагон мағлуб нахоҳад шуд ва бо икроҳ ва иҷбор итоат намешавад ва Паёмбарро ба шўхӣ нафиристод ва фурў фиристодани китоби осмонӣ барои бандагон беҳуда набуд ва осмону замон ва ончиро дар миёнашон аст, беҳадаф наофарид.
“Ин пиндори касоне аст, ки кофир шуданд ва вой аз оташе, ки бар кофирон аст”.[17]
Лозим аст таваҷҷўҳ шавад, ки низоми ғоии Қуръон, ҳамон низоми ғоии фиристодани паёмбарон ва китобҳои нуронии онҳост.
Ҳазрати Алӣ алайҳис салом дар ин бора мефармояд, ки паёмбарон мабъус шудаанд то пардаи дунёро аз рўи зишти вай бардоранд ва мардумро аз хатараш ҳушдор диҳанд:
فهداهم به من الضلالة، وانقذهم بمكانه من الجهالة.
Дар ин ҷумлаи кўтоҳ ба ду ҳадафи асосии беъсат, ки ҳамон поксозӣ ва таълим аст, ишора шуд, чун гумроҳӣ дар муқобили ҷаҳолат нозир ба нақси ақли амалӣ аст ва ҷаҳолат дар муқобили он роҷеъ ба нақси ақли назарӣ аст.
Албатта дар мавориди дигар ба роҳҳои гумроҳӣ ва низ ақсоми ҷаҳолату нодонии онҳо ишора шудааст:
فبعث محمّداً صلي الله عليه وآله بالحق ليخرج عباده من عبادة الاوثان الي عبادته، و منطاعة الشيطان الي طاعته، بقرآنٍ قد بَيّنه و اَحْكَمَه، ليعلم العباد ربّهم اذجهلوه، وليقرّوا به اذجحدوه، وليثبتوه بعد اِذْ اَنْكَروُهُ.
Худованд ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳиро ба ҳақ барангехт, то бандагони худро аз парастиши дурўғини бутҳо раҳоӣ бахшида ба парастиши худ роҳнамоӣ кунад ва ононро аз пайравии шайтон наҷот дода ба итоати худ кашонад. Бо Қуръоне, ки маънии онро ошкор ва асосашро устувор кард. То бандагон бузургии Худоро бидонанд, ки намедонистанд ва ба Парвардигор эътироф кунанд, ки пас аз инкорҳои тўлонӣ эътироф карданд. Наҳҷулбалоға хутбаи 147.
Дар ин маврид низ багунаиравшан ҳадафи беъсат ва назми ғоии нузули ваҳйи қуръонӣ, маърифати Парвардигор ва ибодат ва итоати вай эълон шудааст. Албатта дар сояи ин ду ҳадафи муҳим, ҳадафҳои фаръии дигаре низ матраҳ аст, ки ҳамаи онҳо бо тааммул ва тадаббур ба яке аз ду рукни асосии ақида ва амали солеҳ бармегардад. Монанди эҷоди бародарӣ ва сафову самимият, барқарории ваҳдат ва вафодорӣ, бартараф намудани кина ва ҷафо, ки Амиралмўъминин алайҳис салом дар инмаврид мефармояд:
«دَفَنَ اللّهُ به الضغائن، و اطفاء به الثوائر، الّف به اخواناً، و فرّق بهاقراناً، اَعَزّ به الذلّة، واذلّ به العِزّة وَأَذَلَّ بِهِ الْعِزَّةَ، كَلاَمُهُ بَيَانٌ، وَصَمْتُهُ لِسَانٌ»
| Back | Index | Next |