| Back | Index |
Худо ба баракати вуҷуди ў кинаҳоро дафн кард ва оташи душманиҳоро хомўш намуд. Бо ў миёни дилҳо улфату меҳрубонӣ эҷод кард ва наздиконеро аз ҳам дур сохт. Инсонҳои хору залил ва маҳрум дар сояи ў иззат ёфтанд ва азизони худсар, залил шуданд. Гуфтори ў равшангарии воқеиятҳо ва сукути ў забони буррое буд. Наҳулбалоға хутбаи 96.
Чун шарҳи ҳақоиқи ҳикмати назарӣ ва амалӣ аз муҳимтарин ҳадафҳои беъсати Расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва низ нузули Қуръон будааст ва Амиралмўъминин алайҳис салом дар ин маврид мефармояд:
"الْـمُجْتَبَى مِنْ خَلاَئِقِهِ، وَالْمُعْتَامُ لِشَرْحِ حَقَائِقِهِ، وَالْـمُخْتَصُّ بِعَقَائِلِ كَرَامَاتِهِ، وَالْمُصْطَفَى لِكَرَائِمِ رِسَالاَتِهِ، وَالْمُوَضَّحَةُ بِهِ أَشْرَاطُ الْهُدَى، وَالْـمَجْلُوُّ بِهِ غِرْبِيبُ الْعَمَى.
Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ барои шарҳу тавзеҳи ҳақоиқи дини илоҳӣ интихоб гардид ва ба арзишҳои ахлоқӣ гиромӣ дошта шуд. Ўро барои расондани рисолатҳои каримонааш баргузид, нишонаҳои ҳидоят ба василаи ӯ ошкор ва торикиҳои ҷаҳлу гумроҳӣ, бо нури ҳидояти ӯ, аз миён рафт. Наҳулбалоға хутбаи 178..
Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармудааст:
يقال لصاحب القرآن اقرأ و اصعَد، و يَصْعد بكلّ آية درجة حتي يقرأ آخر شيمعه منه.
Ба соҳиби Қуръон гуфта мешавад, бихон ва боло бирав ва ба ҳар ояе як дараҷа боло меравад то ин ки охирин ояи ҳифзашро бихонад”.
... يقال لقاري القرآن اقرأ وارَِ.
Чун ҳақиқати набуввати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба сурати ваҳй Қуръон зуҳур карда аст, ҳар кас аз уммати он ҳазрат, ки саҳми бештаре аз Қуръонро дошта бошад бо мақоми маънавии ў наздиктар аз дигарон хоҳад буд ва он ҳазратро беш аз дигарон мешиносад ва дастурҳои он ҳазратро беҳтар аз дигарон дарк ва амал мекунад. бинобар ин Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд:
من قرأ القرآن فكأنّما تدرجت النبوة بين جنبيه، غير انه لا يوحي اليه.
Ҳар ки Қуръон бихонад гўё, ки набувватро дар худ ҳис кардааст ҷуз ин ки ба вай ваҳй намешавад.
Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармудааст:
من اراد علم الاوّلين و الاخرين فليقرأ القرآن.
“Ҳар ки илми аввалин ва охиринро бихоҳад, пас Қуръон бихонад.[18]
Албатта равшан аст, ки манзури ин гуна аҳодис, тиловати танҳо ва холӣ нест, ки натиҷаи заъфи аҳли имон аст ва ҳамчунин мақсад аз он ошноӣ бо истилоҳи тафсир нест, ки насиби табақаи мутавассит аз онҳост, балки ҳамон маърифат ба нуроният аст, ки баҳраи ягонае аз онҳост ва Аҳли Байти исмат ба хусус ҳазрати Алӣ алайҳис салом мисдоқи боризи онҳост.
Гарчӣ поёни сайри и бо Худованд аст “Ало илаллоҳи тасирул умур” корҳо ҳама ба сўи Худо бармегардад”, вале Қуръони Карим на танҳо равонкунанда ба тарафи Худованд аст, балки ҳаракаткунанда низ хоҳад буд, яъне худ бо мутакаллими худ маҳшур мешавад
لو مات من بين المشرق و المغرب، لما استوحشتُ بعد ان يكون القرآن معي.
Агар ҳамаи инсонҳои рўи замин бимиранд ва касе боқӣ намонад ва Қуръон ҳамроҳи ман бошад, эҳсоси ваҳшат ва танҳоӣ нахоҳам кард.[19]
Парвардигоро тавфиқи тиловати Қуръон, фарогирии улуму мафоҳими Қуръон, амал ба аҳкоми Қуръон ва ҳашри бо Қуръонро дар сояи инояти Аҳли Байт алайҳимус салом ба хусус ҳазрати Алӣ алайҳис салом ва хотами авсиё ҳазрати Маҳдӣ алайҳис салом ба ҳамаи муштоқони сақалайн иноят фармо.
[1]-Сураи Луқмон-34.
[2]-Наҳҷулбалоға хутбаи 128.
[3]-Дасти яҳудӣ, киноя аз аҳдшикании Марвон аст ва ҳамчунин Марвон яҳудизода буд ва ҳам яҳудиён дар он замон маъруф ба аҳдшиканӣ буданд.
[4]-Чаҳор фарзанди Марвон, ки ба хилофат расиданд 1-Абдулмалик. 2-Абдулазиз. 3-Бушр ибни Марвон. 4-Муҳаммад ибни Марвон ҳастанд.
[5]-Мақсад аз ин мард Муовия аст, ки ҳар чӣ мехўрд сер намешуд. Ў нафрин шудаи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ буд, чун чанд бор ўро фарохонд, вале ҷавоб дод, ки машғули ғазо хўрдан аст, ҳазрат фармуданд: "Худоё ҳаргиз шиками ўро сер накун" баъд аз он Муовия бисёр мехўрд ва мегуфт: "Аз Хўрдан монда шудам, вале сер нашудам". Саҳеҳи Муслим. Таърихи Ибни Касир.
[6]-Манзури Имом аз ин шахс Абдулмалики Марвон халифаи умавӣ аст, ки ба Кўфа лашкаркашӣ кард ва Мусъаб ибни Умарро кушт ва мардуми Кўфаро ба хоку хун кашид.
[7]-Ишора ба иттиҳоду ҳамоҳангии мардум дар нобудии Бани Умайя ва зуҳури Бани Аббос, ки пайравони Бани Умайяро нобуд карданд.
[8]-Муснади Аҳмад 6/91-163-216 бо се санад ва саҳеҳ аст. Адабул муфради Бухорӣ с 74р308. Фатҳул борӣ 6/419.
[9]-Саҳеҳи Муслим 2/64 бо се санад. Муснади Аҳмад 2/250-412.
[10]-”Ҳилятул авлиё”-и Абўнаим 1/80. ”Уюнул ахбор”-и Ибни Қутайба саҳ 7. ”Тазкиратул ҳуффоз”-и Заҳабӣ 1/11р4. ”Сафватул сафва”-и Абулфараҷ 1/331. “Таҳзибул камол”-и Маззӣ 24/221. Таърихи Ибни Асокир 14/18 50/253-254-255 бо чаҳор санад.
[11]-Ҳарсама ибни Салим мегўяд: Дар сафари Шом ҳамроҳи Имом ба сарзамини Карбало расидем, намоз бо ҷамоат хонда шуд ва баъд аз намоз Имом алайҳис-салом миқдоре аз хоки Карбалоро бўиду фармуд:
واها لك يا تربة لَيحشرن منك قوم يدخلون الجنة بغير حساب"
(Оҳ эй замини Карбало! Мардоне аз ту рўзи қиёмат меоянд, ки беҳисобу китоб вориди биҳишт мешаванд). Баъд аз ҷанги Сиффин ин хабари ғайбии Имомро ба ҳамсарам Ҷурдоъ бо тааҷҷуб расондам, ў гуфт: Амиралмўминин ғайр аз ҳақ сухане намегўяд. Рўзгор сипари шуд, то лашкари Ибни Зиёд ба тарафи Карбало мерафт ман ҳам бо онҳо ба Карбало расидам, ки сухани Имом ба ёдам омад. Зуд худро ба Имом Ҳусайн алайҳис салом расонда ва хабари ғайбии Имом Алӣ алайҳис саломро ба он ҳазрат гуфтам, фармуд: Ба ёрии мо омадӣ ва ё ба ҷанги бо мо? Гуфтам: Ҳеҷ кадом, фармуд: Пас дур шав, чун ҳар кас кушта шудани моро бингарад ва моро ёрӣ накунад дар ҷаҳаннам хоҳад буд. Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид ҷ.3.с.169. “Вақъатус сиффин"-и Ибни Музоҳим саҳ 140 бо санади саҳеҳ.
[12]-Наҳҷулбалоға хутбаи 147.
[13]-Наҳҷулбалоға хутбаи 88.
[14]-Наҳҷулбалоға хутбаи 87.
[15]-Наҳҷулбалоға хутбаи 210.
[16]-Наҳҷулбалоға хутбаи 175.
[17]-Сураи Сод-27.
[18]-Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ 7/165 ба ҳамин маъно ва саҳеҳ гуфтааст. Мусаннаф Ибни Абишайба 7/166.
[19]-Усули Кофӣ 2/602р13.
| Back | Index |